Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мурофиаи аъзои "Ҷамоаи таблиғ"


Мурофиаи додгоҳии 36 нафари муттаҳам дар узвияти «Ҷамоаи таблиғ» дар додгоҳи вилояти Хатлон ба итмом расида, ҳамакнун, ин афрод мунтазири ҳукми додрасҳо мебошанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, 19 нафари гумонбар дар пайравии «Ҷамоаи таблиғ»-ро ба мўҳлати 5 сол ва 17 нафари дигарро 8 сол аз озодӣ маҳрум созад.

Айбдоркунанда: «Экстремизм, на исломи ноб»


Мурофиаи додгоҳии мазкур дар моҳи декабри соли 2009 шурўъ шуда, дар маҳкамаи тафтишотии шаҳри Қўрғонтеппа баргузор шуд. Додситонии вилояти Хатлон афроди боздоштшударо тибқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне «даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон» айбдор мекунад.

Хуршед Сафаров, айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии вилояти Хатлон, дар рўзи охири мурофиаи додгоҳӣ боздошти муттаҳамонро дар моҳи апрели соли 2009, зимни як амалиёти муштараки мақомоти интизомию қудратӣ дар қаламрави шаҳри Қўрғонтеппа ва навоҳии атроф, муваффақтарин амалиёт оид ба боздошти гумонбарони экстремизм дар Хатлон номид.

Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, бисёре аз пайравони созмони мамнўъи «Ҷамоаи таблиғ» на ба таблиғи исломи ноб машғуланд, балки ба ҳаракати расман мамнўъ шомил шуда, ба омўзиши ҷамъиятҳои мухолиф ба қонунҳои давлатӣ ва таҳсил дар мадрасаҳои ғайриқонунии хатарзо ба амнияти давлатӣ сарукор доштаанд.

Сафедкунанда: «Инҳо бегуноҳанд»


Сайвалӣ Наврўзов, вакили мудофеи ҳуқуқи 12 гумонбар дар узвияти «Ҷамоаи таблиғ», мегўяд, гуноҳи нафарони зери ҳимояташ дар додгоҳ собит нашуд ва аз додгоҳ хост, то онҳоро аз толори мурофиа озод кунад.

Ҷаноби Наврӯзов талаби айбдоркунандаи давлатиро ниҳоят шадид номид ва мисол овард, ки дар мурофиаи 56 пайрави «Ҷамоаи таблиғ» дар Додгоҳи Олӣ ҷазоҳои сабуктар талаб шуда буд.

Вакили дифоъ аз додгоҳ хост, то онҳоеро, ки худро бегуноҳ мешуморанд ва гуноҳашон исбот нагардидааст, сафед шаванд ва онҳое, ки ба гуноҳашон қисман иқрор шуданд ва изҳори пушаймонӣ карданд, ҷарима шаванду бас.

Яке аз ин муттаҳамон: «Ба адолат бовар надорам»


«Ба мо мегўянд, ки соли 2006 Суди Олӣ «Ҷамоаи таблиғ»-ро расман манъ карда, ҳаракати террористӣ унвон кардааст. Аммо ин ҳукми Суди олӣ дар ҳеҷ як расонаи хабарӣ расман нашр нагардид. Мо намедонистем, ки ин созмони мамнўъ аст, ягон ҳаракати ғайриқонунӣ надоштем, танҳо ба тоату ибодат машғул будем. Агар ин ҳаракат 4 сол пеш мамнўъ эълон шудааст, чаро то ин замон дар борааш чизе гуфта нашуд ва нафареро манъ накарданд, ба додгоҳ накашида буданд.

Ман аслан худро гунаҳкор намешуморам, мо ягон ҳаракати экстремистӣ накардаем, инро ҳуқуқшиносон, додситон ҳам дар додгоҳ тасдиқ карданд. Вале ҳатто онҳоеро ҳам ҳамроҳи мо дар курсии судшаванда шинондаанд, ки танҳо амри маъруф гўш мекарданд. Мо аслан ягон кори сиёсӣ намекардем, ақидаҳоямон вайрон нест, аз мазҳабу дини ислом дур нестем. Аммо ман ба адолати судӣ бовар надорам. Бовар надорам, ки дуруст баҳо дода тавонанд. Барои ҳамин ин ҳама даъвоҳои мо бефоидаанд…»

Додситонӣ: «Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад»


«Ҷамоати таблиғ» бо даъвои Додситонии кулли Тоҷикистон ва ҳалномаи Суди Олии кишвар аз 30 марти соли 2006, дар баробари созмонҳои дигар, аз қабили «ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати Исломии Ўзбакистон», «Ҳаракати Толибон», «Бародарҳои мусулмон», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Тоҷикистони озод» ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ унвон шуда, фаъолияти ин созмонҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардидааст.

Созмони «Ҷамоаи таблиғ» дар деҳаи Меват, дар назди Деҳлии Ҳиндустон бо роҳбарии ҳаракати девбандии исломии Мавлан Муҳаммади Илёси Қандаҳлавӣ солҳои 1885-1944 ташкил шуда, фаъолият кардааст. Аз соли 1917 то соли 1965 писари ў Мавлан Илёс - Мавлан Исуф роҳбари ҳаракат буда, аз соли 1965 то соли 1993 Инамоуҳ Ҳасан ба ин ҳаракат роҳбарӣ кардааст.

Ба иддаои додситонӣ, маблағгузории «Ҷамоаи таблиғ» асосан аз давлатҳои арабӣ буда, маркази ин ҳаракат Райванди Покистон мебошад.

Додситонии Хатлон мегўяд, пайравони «Ҷамоаи таблиғ» асосан аз рўйи китобҳои мамнўъи «Фазоил Аъмол» ва «Фазоил Садақот» ва унсурҳои 6 сифоту 12 усул омўзишу таблиғ бурда, дар шаҳру навоҳии Душанбе, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Шаҳритус, Сарбанд, Бохтар, Қубодиён, Румӣ, Хуросон, Панҷ Мўъминободу Восеъ ва ҳамчунин дар қаламрави Русия фаъолият мекардаанд.

Ҳама ҷавон, ҳама аз Покистону Ҳинд ва Афғонистону Эрон


36 гумонбар ба пайравии «Ҷамоаи таблиғ», ба иддаои додситонӣ, барои ташкили фаъолияти ин ҷамъият ва омўзиши ғояҳои он дар масҷиду мадрасаҳои вижаи шаҳрҳои Эруҳусейн, Хангар, Боварпур, Гуҷранавала, Ҳанивал, Лоҳур, Саргуда, Мултон, Абутобод ва Пешавари давлати Покистон, масҷидҳои Ҳайдаробод, Аҳмаднагар ва Баткали Ҳиндустон, масҷиди шаҳри Кобули давлати исломии Афғонистон ва дар мадрасаи Маккаи шахри Зоҳидии ҷумхурии исломии Эрон таҳсил дидаанд.

Синнусоли афроди муттаҳам ба пайравии “Ҷамоаи таблиғ” аз 18 то 29-сола буда, қисмате аз онҳо ҳанўз оиладор намебошанд.

Ин нахустин мурофиаи додгоҳии аъзои «Ҷамоаи таблиғ» дар Тоҷикистон нест. Чанде қабл Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи 56 пайрави ин созмони мамнўъро ба итмом расонида, 23 нафари муттаҳамро равонаи зиндон ва қисмате аз онҳоро ба сурпурдани ҷарима маҳкум кард.

Дар назар аст, ки ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон алайҳи 36 пайрави “Ҷамоаи таблиғ” дар Қўрғонтеппа ҳафтаи оянда содир шавад.
XS
SM
MD
LG