Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони миллатгарои рус мамнӯъ шуд


Додгоҳи шаҳри Маскав фаъолияти созмони мавсум ба “Славянский союз” - иттиҳоди миллатгароёни русро ифротгароёна эълон кард ва ҳукми манъи онро содир намуд.

Баъд аз эълони ҳукми додгоҳ раҳбари “Славянский союз” Дмитрий Демушкин изҳор намудааст, ки аз болои он ба Додгоҳи олии Русия шикоят мебарад.

Додгоҳ талаби Додситонии шаҳри Маскавро пазируфт, ки тақозои манъи фаъолияти ин созмонро карда буд. Додситонӣ тафтиши фаъолияти “Славянский союз” дар пойтахти Русия онро дар “поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон, осеб расонидан ба шаҳрвандону ҷомеъа ва давлат” айбдор кард. Мақомоти додситонӣ ин созмони миллатгароро ҳамчунин дар тарғиби ғояҳои мусовӣ бо ғояҳои Олмони фашистӣ муттаҳам намуд.

Ташкилкунандаи таркишҳо ва ҳамлаҳо ба мардикорон

Ба иттилои хабаргузориҳо, “Славянский союз”, аз ҷумла дар ташкили тақрибан даҳ инфиҷор дар шаҳри Санкт-Петербург айбдор мешавад. Таркишҳо дар ин шаҳр соли гузашта дар ҷойҳои зисту кор ва дамгирии шаҳрвандони Осиёи Марказӣ рух дода буданд.

Моҳи марти соли равон раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии Вазорати умури дохилаи Русия дар бораи боздошти аъзои созмонҳои ифротгарои “Сопротивление”, “Русский марш”, Ҷунбиши алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва “Славянский союз” хабар дод, ки дар Маскав ба тайёр кардани маводи мунфаҷира машғул буданд.

“Славянский союз” тақрибан даҳ сол пеш ҳамчунин ҷунбиши ростгарои миллӣ-сотсиалистӣ арзи вуҷуд карда буд. Ин созмон ҳамроҳ бо Ҷунбиши алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ниҳодҳои созмондиҳандаи “Русский марш” дар Маскав аст, ки дар он гурӯҳҳои миллатгарову фашистӣ гирди ҳам меоянд ва алайҳи хориҷиёну муҳоҷирони корӣ ва ба ифтихори Русия шиор мезананд. Аксар вақт баъд аз ин раҳпаймоиҳо онҳо бо нидоҳои “Русия барои русҳо” ба афроди ғайрирус, ва аз ҳама бештар, ба муҳоҷирони корӣ ҳамла мекунанд.

200 созмони ифротгарои Русия


Додситонии кулли Русия мегӯяд, ки айни ҳол дар кишвар тақрибан 200 созмону гурӯҳи ифротгаро мавҷуд аст, ки ба онҳо тақрибан 10 ҳазор нафар шомиланд. Бузургтарини ин созмонҳо, тибқи арзёбии Додситонии кулли Русия, “Армия воли народа", "Национал-социалистическое общество", Ҷунбиш алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, "Славянский союз" и "Северное братство", мебошанд.

Аммо Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башар ва як тан аз масъулини созмони “Мемориал”-и Маскав, мегӯяд, ки теъдоди аъзои гурӯҳу созмонҳои миллатгаро дар Русия назар ба иттилои расмӣ даҳҳо карат бештар аст. Ӯ афзоиши созмонҳои ифротгарову фошистӣ дар Русияро, қабл аз ҳама, бо бетафовутии мақомоти кишвар бастагӣ медиҳад.

Ба гуфтаи Ганнушкина, “давлат муддати тӯлонӣ нисбати ин мавзӯъ бетафовутӣ мекард. Мақомот мегуфтанд, ки дар фаъолияти ин созмонҳо ошкор кардани адовати қавмӣ басо душвор аст, ҳарчанд дар асл ин кори хело осон аст, бигирем, аъзои ин созмонҳо рушод бо чалипои фашистӣ дар хиёбонҳо мегарданд”.

Светлана Ганнушкина мегӯяд, ба назар мерасад, ки мақомоти Русия ба ин мушкили доғ хело дер ва фақат баъди он таваҷҷуҳ карданд, ки таҳдиди созмонҳои миллатгаро ба амнияти давлатро эҳсос намуданд. Ба гуфтаи ӯ, акнун ҳукумати Русияро муборизаи душвору хатарнок ва хастакунанда алайҳи созмонҳо интизор хоҳад буд.

Роҳҳои мубориза бо ифротгароӣ

Бархе аз коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки барои аз байн бурдани созмонҳои миллатгарову фашистӣ дар Русия танҳо қонун дар бораи ифротгароӣ кофӣ нест. Аз сӯи дигар, онҳо иқрор мекунанд, ки қабули қонуни шадидтар ва, аз ҷумла, қонун дар бораи манъи таъсиси ҳама гуна созмонҳои миллатгарову ифротиро аз сӯи ҳайати феълии Думаи давлатӣ баъид ба назар мерасад.

Хуршеда Ҳамроқулова, раиси маркази фарҳангии тоҷикони Русия ва узви комиссиюни равобити байни миллатҳои ҳукумати шаҳри Маскав, мегӯяд, ки “барои тағйири вазъи феълӣ бояд сиёсати миллии ҳукумати Русия куллан бознигарӣ шавад”.

Галина Кожевникова, муовини раиси маркази “Сова”-и Маскав бошад, мутмаин аст, ки аз байн бурдани созмонҳои нажодпарасту ифротгаро бидуни тағйири афкори мардуми бумии Русия ғайримумкин аст. Тибқи назархоҳиҳо, дар Русия солҳои ахир мизони адоват нисбати хориҷиён боло нарафтааст.

Нафрати 55 дарсади аҳолӣ ба хориҷиҳо

Аммо дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Галина Кожевникова, нашри матолиби нажодпарастона дар расонаҳои Русия чун пештара ба осиёби адовати қавмӣ об мерезад ва, аз ин рӯ, гумон аст, ки тағйирот дар зеҳни мардум ба осонӣ муяссар шавад.

Ӯ меафзояд, ки як-ду соли ахир “мизони нафрат ба хориҷиён афзоиш наёфтааст. Агар шумо ба пурсишҳои маркази "Левада" бингаред, мебинед, ки нафрат дар хориҷиён дар сатҳи пешин, яъне миёни 55-57 дарсади аҳолӣ боқӣ мондааст. Ва аммо расонаҳои хабарӣ дар боқӣ мондани ин сатҳи адоват ба хориҷиён саҳм мегиранд, онҳо низоъҳо бармеангезанд ва нафрати ниҳонро ба адовати ошкор табдил медиҳанд”.

Аъзои созмонҳои миллатгарову нажодпарасти Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони кориро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 784 тобути муҳоҷирони корӣ оварда шудааст. Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки 95 нафари онҳо аз дасти аъзои гурӯҳҳои ифротгарову нажодпараст ҷабран кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG