ТАЛКО ё корхонаи тавлидкунандаи алюминиюми Тоҷикистон, дар вокуниши расмӣ ба эътирозҳои Ӯзбакистон гуфтааст, ки иддаъоҳо доир ба олуда шудани муҳити зисти ноҳияҳои ин кишвар, беасосанд.
Саёҳат Қодирова, сухангӯи “Талко” гуфтааст, ҳар сол таъсири олудагиҳои корхонаи мазкур ба муҳити зисти атрофи он бо ширкати коршиносони хориҷӣ сурат мегирад, ва олудагиҳое ихроҷ мешаванд, беш аз меъёри муқарраршуда нест.
Ба гуфтаи Саёҳат Қодирова, ташхиси экологии фаъолияти корхонаи тобистони имсол сурат хоҳад гирифт. Ҳафтаи гузашта, гурӯҳҳои муҳитизистӣ ва иддае аз вакилони мардумии Ӯзбакистон гуфтанд, ки олудагиҳои корхонаи “Талко”- и Тоҷикистон боиси афзоиши бемориҳои мухталиф дар миёни сокинони навоҳии марзии Ӯзбакистон шудааст, вале Тоҷикистон ин мушкилро нодида мегирад.
Дар манотиқи ҳаммарзи Узбакистон алайҳи густариши ТАЛКО ё корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ахиран силсилаи тазоҳуроти эътирозӣ доир шуда буд.
Рӯзи 29 -уми март дар шаҳри Шӯрчаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон раҳпаймоии эътирозие доир шуд, ки ширкаткунандагонаш алайҳи таъсири манфии фаъолияти ТАЛКО ба муҳити зисти минтақа эътироз карданд.
Баъдтар ҳудуди 200 тазоҳургар дар роҳи ҳаракати қатори Душанбе-Конибодом намоиши эътирозӣ ташкил намуданд.
Қабл аз он, рӯзи 28 -уми март чунин пикет ё эътироз дар шаҳри Тирмизи Узбакистон, дар роҳи ҳаракати қатори Душанбе-Маскав барпо шуда буд.
Рӯзи 30 март дар ноҳияи Деҳнави вилояти Тирмизи Узбакистон мулоқоти вакилони парлумон ва намояндагони Ҷунбиши экологии Узбакистон бо сокинони ин ноҳия баргузор шуд, ки низ мавзӯъи асосиаш асароти барои вазъи сиҳҳати сокинон ва муҳити зисти ин қаламрав манфии фаъолияти ТАЛКО будааст.
Эътирозгарон даъво доранд, ки партобҳои саноатии ТАЛКО ба вазъи зистмуҳитӣ ва сиҳати сокинони минтақаҳои марзӣ дар Узбакистон таъсири гузоштааст.