Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад


“Нерӯи сухан” сукутро мешиканад

Мухтор Боқизода, сардабири ин ҳафтанома, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст “Нерӯи сухан” баъд аз дарёфти шаҳодатномаи сабти ном сукути тақрибан шашсоларо бишканад: “Вазорати фарҳанг баъд аз ду солу шаш моҳ шаҳодатномаро имзо кард ва ваъда ҳаст, ки дар рӯзи матбуот ҳамчун тӯҳфа онро ба ман пешкаш кунанд. Ва гумон мекунам, ки баъди гирифтани шаҳодатнома ё иҷозаномаи чоп мо метавонем, ки аввалҳо ё миёнаҳои ҳафта нашрияро ба дасти хонандагони худ бирасонем”.

Нашри “Нерӯи сухан” ва чанд нашрияи дигари миёни мардум маъруф –“Рӯзи нав”, “Одаму олам”ва “Адолат” тобистони соли 2004 мутаваққиф гардид – ин ҳафтаномаҳои мавриди бозҷӯии мӯшикофонаи мақомоти андоз ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ қарор гирифтанд ва ба думболи ин нашриётҳо эълом доштанд, ки қарордодҳо бо онҳоро лағв кардаанд.

“Нерӯи сухан” барои пардохт накардани ҳаққи истифода аз барқ ба додгоҳ кашида шуд, нашри дар шаҳри Бишкек чопшудаи “Рӯзи нав” аз сӯи мақомоти гумрук мусодира гардид, яку якбора ду нашриёт – нашриёти вазорати фарҳанг ва “Шарқи озод” аз чопи “Одаму олам” сарпечӣ карданд.

Абдулфаттоҳи Воҳид, муовини раиси НАНСМИТ - Анҷумани расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, нашри ҳеҷ кадоме аз ин ҳафтаномаҳо расман манъ нашудааст ва аммо шаш сол пеш мақомот болояшон он қадар фишор оварданд, ки барои онҳо дигар ягон илоҷи идомаи нашр боқӣ намонд.

Ӯ фишор болои “Рӯзи нав”, “Нерӯи сухан” ва “Одаму олам”-ро бо он омил марбут мекунад, ки ин нашрияҳо аз чаҳорчӯби матбуоти кишвар берун рафтанд ва ба баррасии мавзӯъҳое пардохтанд, ки қаблан нашри онҳо табӯ, яъне мамнӯъ буд. Барои нахустин бор интиқод аз раисиҷумҳуру аъзои ҳукумат ва пардабардорӣ аз бархе асрори хонаводаи раҳбари кишвар дар саҳифаҳои ҳамин нашрияҳо шурӯъ шуда буд.

Шӯълаи умед хомӯш мешавад?

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардабирони ҳафтаномаҳо, тамоми ин солҳо онҳо лаҳзае аз талоши эҳёи нашр даст набардоштаанд. Ва аммо барои комёб шудан ба ин ҳадаф ду монеъа ҳамеша сари роҳашон буданд, яке, қоғазбозиҳо дар вазорат ва дигарӣ - набудани маблағи зарурӣ. Мираҳмади Амиршоҳ, мегӯяд, ки агар имкони молӣ пайдо мекард, дар наздиктарин фурсат нашри ҳафтаномаи “Одаму олам”-ро аз сар мегирифт: “Ман агар ҳамин ҳозир ҳам имкони молиявӣ пайдо кунам, ба чопи ҳафтанома шурӯъ мекунам, зеро ман кайфияти рӯҳияамро дар он мебинам ва илова ба ин метавонам, ки барои пешрафти ҷамъият саҳме бигзорам, барои ҳамин замон, барои ҳамин мардум хизмате кунам. Ва фақат ман не, ин ҷо гурӯҳи калони эҷодие ҳастем, ки аз ӯҳдаи ин кор мебароем, лекин имконоти молиявӣ нест”.

Ва аммо ба назар мерасад, ки охирин шӯълаи умед дар дили Раҷаби Мирзо барои нашри дубораи “Рӯзи нав” дар ҳоли хомӯш шудан аст. Ӯ мегӯяд, ки ҳама талошҳояш барои нашри дубораи “Рӯзи нав” ноком буданд ва дар ҳукумат то имрӯз афроде ҳастанд, ки дар роҳи нашри “Рӯзи нав” монеъа эҷод мекунанд ва аз ин рӯ ҳатто чоп шудани ҳафтанома ҳатто дар нашриёти мустақилро байъид медонад: “Пас аз соли 2005-2006, вақте ки майдони матбуоти Тоҷикистон як навъ фаъол шуд, мо боз ҳам кӯшиши дубора аз сар гирифтани чопи “Рӯзи нав”-ро карда будем, аммо ин бор ҳам ҳарчанд шумораи чопхонаҳо зиёд шуда буд ва онҳо худро мустақил эълон мекарданд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешуданд ва то имрӯз ҳам розӣ намешаванд, ки нашри “Рӯзи нав”-ро ба роҳ монанд”.

Аз фишор то ба додгоҳ

Дар ҳамин ҳол Мухтор Боқизода, сардабири “Нерӯи сухан” мегӯяд, ки тайи ин солҳо шеваи бархурд бо хабарнигорон дар Тоҷикистон тайғир хурдааст. “Вақте, ки ҳафтаномаҳои “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав” ва “Одаму олам” кӯшиш мекарданд, ки ба мардум аз озодии сухан ҳарф зананду парда аз баъзе ҳаводис бардоранд, он замон кӯшиш мекарданд, ки бештар аз тариқи полиси андоз, аз тариқи мақомоти қудратӣ фишор оваранд ба сари ин ҳафтаномаҳо. Имрӯз бошад шеваи таъзиқу фишор каме тағйир хурдааст ва кӯшиш мекунанд, ки ба хабарнигорон аз тариқи мақомоти додгоҳӣ фишор биёваранд”.

Бо ин иддао Абдулфаттоҳи Воҳид, муовини раиси НАНСМИТ - Анҷумани расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон ҳам мувофиқ аст ва ба мурофиаи додгоҳии панҷ нашрияи чопи Душанбе “Азия плюс”, “Озодагон”, Фараж”, “Миллат” ва “Пайкон” ишора мекунад.

Зимнан, бозрасии даъвои вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз болои нашрияи “Миллат” дар рӯзи матбуоти тоҷик сурат мегирад. Аз қазияи ба додгоҳ кашидани расонаҳои мустақил созмонҳои хабарнигории ватаниву байнулмилалӣ изҳор нигаронӣ кард. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз он бонги хатар зад, ки “даъвоҳои додгоҳӣ таҳдиди қатъи маҷбурии нашри ин рӯзномаҳоро доранд, ки метавонад зарбаи ҷиддие ба озодии матбуот дар Тоҷикистон шавад”.

Сардабир дар муҳоҷирати корӣ

Тайи шаш ахир сардабирони ин нашрияҳо чӣ рӯзу рӯзгоре доштанд? Мухтор Боқизода мегӯяд, ки дар баробари талошҳои аз сар гирифтани нашри “Нерӯи сухан” раёсати Хазинаи бузургдошти хабарнигоронро бар ӯҳда дошт, ба таълими хабарнигорони ҷавон машғул буд ва маҷаллаеро бо номи “Журналист” рӯи чоп овард.

Раҷаби Мирзо як муддат ба фаъолияти сиёсӣ пардохт ва раёсати ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо бар ӯҳда гирифт. Ӯ чанд муддат дар радиои “Имрӯз” ҳам кор кардааст.

Мираҳмади Амиршо тақрибан ду моҳ қабл дар бахши фарҳангу фароғати шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Ӯ мегӯяд, ки баъд аз мутаваққиф шудани нашри “Одаму олам” рӯзгори сангинеро ба думбол дошт ва ҳатто маҷбур шуд, ки ба Русия ба муҳоҷирати корӣ равад: “Зиндагиям қариб, ки барҳам хурд... Рости гап он чӣ, ки доштам, ба бозор бароварда фурӯхтам, то рӯзгори хонаводаро таъмин кунам. Вақте ки зиндагӣ билкул сангин шуд, маҷбур шудам, ки ба муҳоҷирати корӣ равам. Ман дар ноҳияи Приозерски вилояти Ленинград дар ферма рафта, чорводорӣ кардам. Ҳамроҳи оилаам. Ва камтар маблағ пайдо карда баргаштам ва ҳоло иҷоранишинам. Ман ҳатто хонаву дари худро аз даст додам. Рӯзгор он қадар вазнин шуд, ки маҷбур шудам хонаамро фурӯхта рӯзгорро пеш барам”.

XS
SM
MD
LG