Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавозуни сокит дар корзори интихоботӣ


Бо вуҷуди он ки то баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон фурсати ҳарчӣ камтар боқӣ мемонад, фазои сабқату талоши интихоботӣ дар кишвар ба мушоҳида намерасад.

Талош, ҷунбиш, мубориза ва кадом як сабқате, ки хоси ин маърака аст, дар миёни нерӯҳои сиёсии кишвар мушоҳида намешавад ва дар байни мардум низ дар муқоиса бо интихоботҳои қаблӣ ин интихобот дар як фазои карахту сокит доир мегардад.

Чаро чунин вазъ пеш омадааст ва оё аҳзоби сиёсӣ ва махсусан аҳзоби мухолиф дар чӣ андешаанд? Мавҷудияти як чунин муҳити сокиту бидуни талошҳои интихоботӣ ба суди кист?

Муҳити орому сокити пешазинтихоботӣ ҳамеша бар манфиати ҳукумат ва ҳизби ҳоким аст. Зеро дар чунин вазъ барои пирӯзии ҳизби ҳоким замина ва имкон бештар фароҳам хоҳад шуд ...
Муҳити орому сокити пешазинтихоботӣ ҳамеша бар манфиати ҳукумат ва ҳизби ҳоким аст. Зеро дар чунин вазъ барои пирӯзии ҳизби ҳоким замина ва имкон бештар фароҳам хоҳад шуд.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо радиои Озодӣ телефонӣ сӯҳбат мекард, изофа кард, ки ин ҳизбҳо ва махсусан ҳизбҳои мухолифанд, ки дар фазо ва муҳити интихоботӣ бояд талошу тобишу такони тоза диҳанд.

Вай афзуд табъан ҳизби ҳоким барои устувории мавқеи худ ҳозир намешавад, ки саҳнаи интихоботиро гарму доғ кунад, то аз он ҳарифон ба суди худ истифода баранд. Вале, афзуд оқои Шарифов, ҳукумат ва ҳизби ҳоким ҳеҷ монеае ҳам барои амал ва фаъолияти аҳзоби дигарандеш пеш нагузоштаанд, ки онҳо натавонанд ин маъракаро бар суди хеш бичархонанд.

Раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба вижа ду ҳизби умдаи мухолифи ҳукумат - ҲНИТ ва ҲСДТ илали карахтӣ ва оромии ғайритабиии маъракаи интихоботӣ дар кишварро ба қавонини интихобот ва ба муносибати ҳукуматҳо марбут донистанд. Барои мисол Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон, гуфт, ки ин шароит ва муҳит на танҳо ба Тоҷикистон балки ба ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ хос аст.

Аз сӯи дигар монеае чун гарави интихоботӣ нагузошт, ки бисёре аз афроди арзанда вориди сабқат шаванд ва бо ҳузури худ маъракаро тафсонанд.

Аммо Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ ва яке аз номзадҳо, бар ин назар аст, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо назардошти қонуни интихоботӣ барнома ва нақшаҳои худ барои ин маъракаро тарҳрезӣ мекунанд. Ва бар пояи ин қонун танҳо баъд аз сабти ном ва иҷозаи расмии номзадҳо ва аҳзоби сиёсӣ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ имкони таблиғ ва ташвиқ пайдо мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносон, аз ҷумла Абдуғанӣ Мамаҳмадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, фазои сокиту ором имрӯза ба ҳама тарафҳои интихобот -- ҳам ҳизбҳои сиёсӣ ҳам ҳукумат ва ҳам марум рабт мегирад. Зеро аҳзоби мухолиф нерӯманд нестанд, ҳукумат иштиёқманди ҳифзи шароити мавҷуд аст ва аз сӯи дигар раъйдиҳанда низ то андозае аз натоиҷи интихоботҳо ноумед шудаанд.

Бо вуҷуди ин Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ новобаста аз имконоте, ки дорад талош мекунад, дар ҳавзаҳои инфиродӣ пирӯзии мутлақ ба даст оварад. Вале, меафзояд ӯ, Тоҷикистон ба фарқ аз Қазоқистон соҳиби парлумони бисёрҳизбӣ хоҳад буд.

Назари шаҳрвандон ба корзори интихоботӣ:

Фазои пешазинтихоботӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00
XS
SM
MD
LG