Узви Ҷомеаи Ҳелсинкии мудофеони ҳуқуқ дар Маскав, ҳуқуқшинос Валерий Воршов, солҳои дароз бо масоили боздоштгоҳу зиндонҳои Русия сарукор дорад. Вай мегӯяд, сарфи назар аз ислоҳоти ворида, ҳамоно ҳуқуқи аксари кулли маҳбусон ва гумонбарон дар ҷиноят, аз сӯйи муфаттишон ва кормандони зиндонҳо поймол мегардад.
Ҳудудан то 40 нафар дар як ҳуҷраи 10-нафараи тангу торики зиндон ва дар шароити бисёр нигарокунандаи ғайрисанитарӣ нигаҳ дошта мешаванд. Ҳуҷраҳои пур аз нонхӯраку даҳлезҳои пур аз муш ва сифати бади обу таом баёнгари ҳоли воқеӣ ва маъмулии зиндонҳо баназар мерасад.
Ҳуқуқшинос Воршов мегӯяд: “Маҳбасҳои Русия гӯё танҳо барои бароварда сохтани хостаҳои муфаттишон сохта шудаанд. Ва ҳадафи худи муфаттишон ҳам ин аст, ки нафари гумонбарро “шикаст” диҳанд, мавриди шиканҷа қарор дода, бо роҳи осон маълумот ва баёноти барои худ лозимро ба даст оранд. Мисли пешин, имрӯз ҳам муфаттиш дар маҳбас “одами асосӣ” ҳисоб мешавад. Ва вай метавонад, ҳар айбдоршавандаи саркашро он гуна ки мехоҳад, тазйиқу фишор оварад.”
То ҳанӯз маълумоти дақиқе оид ба ин ки бинобар нарасонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ чӣ теъдоде аз маҳбусон ва афроди боздоштшуда дар маҳбасҳо реҳлат кардаанд, рӯйи даст нест.
Аммо ба иддаои таҳлилгарон, шумори фавтидаҳо кам ҳам набудааст. Марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитскийи бемор дар маҳкамаи муваққати Русия як мисоли равшани иддаои таҳлилгарон буда метавонад. Бо ин вуҷуд ки муфаттишон аз бемории вай воқиф будаанд, монеъ ба кӯмаки тиббӣ шудаанд, то зери таъсири дард Магнитский ба муфаттишон нишондоди “дилхоҳ”-ашонро бидиҳад.
Марги Магнитский, ки аз чеҳраҳои саршинос дар ҷомеаи мадании Русия буд, вокунишҳои пурсарусадои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи ин кишварро ба бор овард. Таҳти таъсири онҳо, раҳбарияти зиндони “Матроская тишина” аз мақомҳояшон барканор шуда, дар муассисаҳои ислоҳии Русия ислоҳот ворид гардид.
Дмитрий Харитонов, вакили мудофеи Магнитский, дар шарҳи ин қазия гуфт: “Шукри Худо, ки мақомот ин қазияро тафтиш ва қонуншиканиҳоро ошкор намуданд. Ҳамчунин омилони марги Магнитский ба муҷозот кашида шуданд. Ҳарчанд ин ҳама дигар ба Магнитский кӯмак намекунад, аммо шояд бар суди маҳбусони зиндонҳо анҷом шавад ва дар оянда тартиботе дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷорӣ гардад”.
Ва аммо ҳуқуқшиносон мутмаин нестанд, ки тағйироти кадрӣ дар хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия таъсире дар беҳбуди вазъи маҳбусони зиндонҳо ва боздоштшудаҳо бирасонад. Аммо онҳо мегӯянд, дар навбати аввал ҳадди ақал дастрасӣ ба хадамоти кӯмаки тиббии зиндонҳоро беҳтар бояд кард, то ин ки маҳбусон ҳам дар баробари мавриди бадрафторию шиканҷа қарор гирифтан, аз ҳуқуқи аслии худ – дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ истифода карда тавонанд.
Дар зиндонҳои Русия феълан ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба сар мебаранд ва шароити нигаҳдории онҳо низ бисёр сахт арзёбӣ мешавад. Бо ин вуҷуд тайи чанд соли ахир се шаҳрванди Тоҷикистон ба он муваффақ шуданд, ки дар додгоҳи аврупоии Страсбург Русияро барои шароити сангин ва ғайриқобили қабули зиндонҳояш муттаҳам кунанд.
Ҳамин ахиран Раҳматулло Назаров, як ҷавони 30-солаи тоҷик, ҳам Русияро барои бе далели шайъӣ тақрибан ду сол дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳ доштани ӯ, ки хилофи аҳдномаҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аст, ба додгоҳ кашид. Додгоҳи Аврупо эътироф кард, ки Назаров дар зиндоне дар шароити ғайри қобили таҳҳамул нигаҳ дошта мешуд.
Михаил Овчинников, вакили дифоъи Назаров, дар бораи вазъе, ки нафари таҳти ҳимояташ нигаҳдорӣ мешуд, мегӯяд: "Сифати оби нӯшокӣ дар зиндон бисёр бад буд. Ҳама ҷо нонхӯраку пур аз муш, ҳоҷатхона дар пеши ошхона сохта шудааст. Ҳар касе, ки вориди ҳоҷатхона мешавад, ба чашм мерасад, аз рӯйи одоб ин кор бояд маҳрамона сурат бигирад. Зиндон ҳамеша торик аст, маҳбусон ба ҳавои тоза як бор дар як ҳафта мебароянд. Ҳаммомро низ танҳо як бор дар як ҳафта мебинанд. Дар ҳуҷраҳои зиндон шумори хеле бештар аз меъёри маҳбусон нигаҳдорӣ мешаванд”.
Аммо ислоҳоти куллии низоми зиндонҳои Русияро соҳибназарон танҳо дар он сурат имконпазир мехонанд, ки дар маҷмӯъ, низоми сиёсии ин кишвар дигаргун шавад.
Ҳудудан то 40 нафар дар як ҳуҷраи 10-нафараи тангу торики зиндон ва дар шароити бисёр нигарокунандаи ғайрисанитарӣ нигаҳ дошта мешаванд. Ҳуҷраҳои пур аз нонхӯраку даҳлезҳои пур аз муш ва сифати бади обу таом баёнгари ҳоли воқеӣ ва маъмулии зиндонҳо ба
Дар зиндонҳои Русия феълан ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба сар мебаранд ва шароити нигаҳдории онҳо низ бисёр сахт арзёбӣ мешавад...