Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки дар нишасте бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, мисол овард, ки дар шӯъбаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Масчоҳ беш аз 1,5 миллион сомонӣ маблағи ба сирқатбурдаи давлатро ходимони Оҷонси мубориза бо фасод ва назорати молии Тоҷикистон ошкор кардаанд. Оқои Саидов гуфт, дар ҳоле ки кормандони бонк нисбат ба кормандони бақия соҳаҳои буҷавии кишвар маоши бештар мегиранд, аммо фасодкорӣ дар миёни онҳо зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
То кунун ниҳодҳои умури дохила, додгоҳу додситонӣ ва комиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистон аз ниҳодҳои бештар фасодзада маҳсуб мешуданд. Ҳамчунин, хадамоти гумрук ва молиёти ин кишвар аз ниҳодҳои олуда ба фасоди Тоҷикистон арзёбӣ шуданд. Зимнан, фасодкории густарда дар кори ин ниҳодҳо боис ба он шудааст, ки Тоҷикистон дар шумори кишварҳои фасодзадатарини дунё мақом ёбад.
Сарвар Холиқов, сардори шӯъбаи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон мегӯяд, як далели дигари авҷ гирифтани фасодкорӣ дар кишвар гаронии молиёт аст. Оқои Холиқов мегӯяд, вақте таруфаи молиёт хеле болост, соҳибкор, тоҷир ва ҳар нафари дигар, ки андозсупоранда ҳисобида мешавад, талош мекунад аз усули ба истилоҳ «муомила» кор бигирад. Дар ин сурат, фасодкорӣ ба як амри маъмулӣ табдил меёбад ва натиҷа он мешавад, ки Тоҷикистон эътимоди сармоягузоронро сазовор нашавад.
Абдувоҳид Шамолов, таҳлилгари тоҷик, бар ин ақида аст, ки вуҷуди коррупсия ва фасод барои ҳама кишварҳое, ки дар марҳалаи гузариш қарор доранд, хос аст. Ӯ мегӯяд, мубориза бо ин зуҳуроти нангин вақте бобарор хоҳад буд, ки на танҳо ниҳодҳои давлатӣ, балки ҳама ақшори ҷомеа ба он ҷалб шаванд
Ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ниҳоди мазкур тӯли фаъолияти худ тавонистааст ҷиҳати коҳиш додани ин зуҳурот иқдомоти мушаххасеро анҷом диҳад. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, омодагиҳо барои ислоҳоти сохтории ин Оҷонсӣ идома дорад. Ҳамин манбаъ афзуд, ин ислоҳот имкон медиҳад, ки фаъолияти Оҷонсии мазкур дар амри мубориза бо фасод тақвият ёбад.
Бино бар гузориши ахири созмони Transparency International, талошҳои мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш ва ё ҷилавгирӣ аз фасод муваффақ набуда, балки Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои олуда ба фасод дар муқоиса бо як соли пеш 7 зина поинтар мақом гирифтааст.