Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Кобул ба 4 соли зиндон маҳкум шуд


Ҳомиди Карзай ҷиҳати мубориза бо фасод ваъда супурдааст
Ҳомиди Карзай ҷиҳати мубориза бо фасод ваъда супурдааст

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, мири шаҳри Кобул дар ҷиноёти коррупсионӣ муттаҳам дониста шуда, ба чаҳор соли зиндон маҳкум шудааст. Аммо Мир Абдулаҳад Соҳибӣ худ дар мурофиаи имрӯза ҳузур надошт.

Фазлаҳмад Фақирёр, муовини додситони кулли Афғонистон, дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, Мир Абдулаҳад Соҳибӣ - шаҳрдори Кобул дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ рӯзи душанбе ширкат надошт ва ӯ бар асоси чанд банди қонуни ҷиноии Афғонистон муҷрим дониста шуд: “Дар додгоҳ даст доштани Соҳибӣ дар якчанд ҷинояти коррупсионӣ, ки бар хисороти давлат анҷом шудааст, собит гардид. Яке яке аз ҷиноёте, ки вай муҷрим дониста мешавад, замоне содир шудааст, ки вай намояндаи як ширкати тиҷоратӣ буд, на мири шаҳр. Ҳукми зиндони ӯ барои чаҳор сол содир шуд”.

Ин ҳама дар ҳолест, ки раиси шаҳри Кобул бо вуҷуди эълони ҳукми додгоҳ дар бораи ҳабси зудҳангоми ӯ, ҳанӯз дар озодӣ ба сар мебарад. Ҳамакнун додситонии ин кишвар аз вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти дигари интизомию амниятии кишвар хостааст, ки шаҳрдори Кобулро ба зудтарин фурсат ба ҳабс бигиранд: “Ҳукми додгоҳ конкретист ва мири Кобул ба зиндон кашида хоҳад шуд. Пулис дастур гирифтааст, ки бидуни таъхир ин ҳукмро иҷро бикунад”.

Мақомоти Афғонистон аз ин пеш хабар дода буданд, ки алайҳи 15 вазири собиқ ва фаъоли ҳукумати Афғонистон бо иттиҳоми даст доштан дар фасод парванда ифтитоҳ кардаанд. Феълан таҳқиқи чанд парвандаи ҷиноятӣ идома доштааст.

Хабари ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи шаҳрдори Кобул ва чанд мақоми дигари Афғонистон баъд аз он нашр шуд, ки ахиран кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури ин кишварро барои “ноӯҳдабароӣ” дар мубориза бо фасод, ки тақрибан ба ҳама ниҳодҳои давлатии Афғонистон реша давондааст, таҳти танқидҳои шадид қарор доданд. Раисиҷумҳури Афғонистон ва мушовиронаш вуҷуди коррупсия дар Афғонистонро эътироф мекунанд, аммо мегӯянд, ки сатҳи фасод на ба андозаест, ки дар хориҷ аз кишвар тасаввур мешавад.

Аммо бо назардошти интиқодҳои Ғарб, Ҳомиди Карзай дар моҳи ноябр дар таркиби додситонии кулл як ниҳоди махсуси мубориза бо фасод таъсис дод, ки гувоҳи иқрори ҳукумати ӯ ба мизони баланди коррупсия мебошад. Ҳомиди Карзай нимаи дуюми моҳи ноябр дар маросими адои савганд гуфт, мубориза бо фасод дар меҳвари сиёсатҳои давраи дуюми раёсатҷумҳурии ӯ дар Афғонистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG