Нишони тиллову ифтихорнома ҳамроҳ бо чанд ҷоизаи дигар, аз ҷумла, ордени Легиони фахрӣ, ки аз сӯи ҳукумати Фаронса эҳто шуда буд ва “Ангуштарини озодии баён”-и Анҷумани хабарнигорони Олмон, дар як говсандуқ дар бонки Теҳрон маҳфуз буданд. Ба гуфтаи хонум Ибодӣ, ин ҷоизаҳо низ аз сӯи ҳукумат мусодира шудаанд.
Хонум Ибодӣ дар сӯҳбат бо Радиои Фардо хабар дод, мақомот, ки пардохти 410 ҳазор доллар молиёт аз ҷоизаи сулҳи Нобелро талаб доранд, ахиран ҳисобҳои бонкии ӯву ҳамсарашро мунҷамид кардаанд. Ӯ ин иқдоми ҳукуматро ғайриқонунӣ хонд, зеро, тибқи қавонини Эрон, аз ҷоизаҳо молиёт пардохт намешавад. Ба гуфтаи хонум Ибодӣ, талошҳое барои мусодираи манзили зисти ӯ дар Теҳрон низ сурат гирифтаанд.
Ширин Ибодӣ нахустин зани мусалмони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва нахустин зан – вакили дифоъ дар Эрон аст. Ӯ мегӯяд, ки аз ин амалкарди мақомот сари мӯе натарсидааст. Хонум Ибодӣ аз моҳи июн ба ин сӯ дар хориҷи Эрон ба сар мебарад ва аммо мегӯяд, ки дар сар ҳавои бозгашт ба ватанро дорад. Ҳамзамон ӯ афзудааст, ки ҳафтаҳои ахир ҳушдори зиёде гирифтааст ва, аз ҷумла, дар бораи он ки дар сурати бозгашт ба Теҳрон ҳатман боздошт хоҳад шуд.
Мақомоти Норвегия, ки ҷоизаи сулҳи Нобел ба хонум Ибодӣ он ҷо супурда шуда буд, мусодираи нишони тилло ва ифтихорномаи ҷоизаро баёнгари зери фишори шадид қарор доштани озодии баён дар Эрон хондаанд. Вазири умури хориҷаи ин кишвар Ҷонс Гаҳр Стор ин ҳодисаро бесобиқа арзёбӣ кардааст – ба гуфтаи ӯ, барои нахустин бор дар 108 соли арзи вуҷуд кардани ҷоизаи сулҳи Нобел, нишони тиллои он бо амри додгоҳ мусодира мешавад.
Кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегия низ эълом дошт, ки аз мусодираи ҷоизаи хонум Ибодӣ шадидан нигарон аст. Гейр Лундстад, котиби Кумитаи Нобел ва раиси пажуҳишгоҳи Нобел дар шаҳри Осло мегӯяд, ки “мо ба тамом ҳайратзадаем ва ҳатто метавон гуфт, ки дар ҳоли шок қарор дорем. Албатта миёни Ширин Ибодӣ ва мақомоти Эрон муддати тӯлонист, ки низоъ вуҷуд дорад. Ва аммо ин гуна идома ёфтани низоъ ҳодисаи бесобиқа аст”.
Муҳаммад Алӣ Додхоҳ, узви гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи башари Ширин Ибодӣ, изҳор намуд, ки як миллион 300 ҳазор доллари ҷоизаи сулҳи Нобелт хонум Ибодӣ дар як бонки Эрон гузошта шуда буд ва фойидаи он барои кумак ба маҳбусони сиёсиву хонаводаҳои онҳо истифода мешуд. Муҳаммад Алӣ Додхоҳ гуфт, ки тасмими мусодираи нишони тиллои ҷоизаи сулҳи Нобел “ғайриқонунист ва ангезаи сиёсӣ дорад, зеро тасмим дар бораи мусодира бояд дар пояи далелҳои дар мурофиаи боз собитшуда гирифта шавад”. Ва аммо, ба гуфти ӯ, ин гуна мурофиа то ҳол доир нашудааст.
Ширин Ибодӣ қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн, ба хотири ширкат дар як конфронс дар Испания, аз Эрон берун рафта буд ва баъд аз пирӯзии баҳсбарангези раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин маъракаи сиёсӣ ба кишвар барнагаштааст. Тайи ин муддат ӯ дар маҳофили гуногун ҷомеъаи ҷаҳониро барои ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон, ки, аз нигоҳи ӯ, баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба карат афзоиш ёфтааст, даъват мекунад.
Дар пайи тазоҳуроти мухолифини ҳукумат, ки пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи президентиро зери суол бурдаанд, даҳҳо нафар кушта ва ҳазорҳо нафар боздошт шуданд. Ҳамчунин аз Теҳрон иттилоъ мерасад, ки маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Эрон мавриди шиканҷа, хушунат ва ҳатто куштор қарор мегиранд.