Ҳафт сол қабл нерӯҳои мухолифини Туркманистон талаби баргузории интихоботи навбатии раисиҷумҳурро карданд. Ин рӯзро таҳлилгарон дар таърихи Туркманистон хосса таъкид мекунанд, чун саркӯби бераҳмонаи нерӯҳои оппозитсиюн, ки бе он ҳам заиф буд, шурӯъ гардид.
Бо гузашти ҳафт сол аз ҳаводиси ноябрии Ишқобод, мухолифини ҳукумати Туркманистон аз раисҷумҳури вақти ин кишвар хостори таҷдиди назар дар парвандаи сӯиқасд ба ҷони Туркманбошӣ ва раҳоии маҳбусони сиёсии Туркманистон шудаанд.
ҲОДИСА ЧӢ ГУНА БА АМАЛ ОМАД?
Субҳи 25-уми ноябри соли 2002-юм дар маркази Ишқобод намоишҳои эътирозӣ доир шуд ва ҳоло касе намедонист, ки ин тазоҳуроти охирин аст дар Туркманистон. Одамон ҷамъ омаданд ва зуд ба кулбаҳои худ баргаштанд. Соли 2002 мӯҳлати навбатии раёсатҷумҳурии Сапармурод Ниёзов ба анҷом мерасид ва мухолифини камшумор хостори баргузории интихоботи ҷадид шуданд. Аммо пуровозатарин рӯйдоди рӯзи 25-уми ноябр танҳо ин тазоҳурот набуд.
Тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ аз сӯиқасд ба ҷони Туркманбошӣ Ниёзов хабар доданд. Афроди номаълум ба қатори мошинҳое, ки раисҷумҳурро то ба коргоҳаш ҳамроҳӣ мекард, тир кушоданд.
ПАЙОМАДҲОИ РӮЙДОД
Тавре баъдан маълум шуд, Ниёзов аз ин ҳамлаҳо осеб надид ва гузашта аз ин, дар бораи вуқӯи ин ҳодиса дар утоқи кориаш хабар ёфт. Туркманбошӣ худи ҳамон рӯз ҷаласаи фаврии кобинаи вузароро даъват кард ва номи иддае аз ташкилкунандаҳои сӯиқасдро ошкор намуд.
Дар миёни гумонбарон аз вазири собиқи корҳои хориҷӣ Борис Шихмуродов, муовини пешини вазири кишоварзӣ Сафар Иқлимов, раҳбари собиқи Бонки марказӣ Худойбердӣ Оразов ва собиқ сафири ин кишвар дар Туркия, ҳамзамон раҳбари Ҳизби оппозитсионии ҷумҳурихоҳи Туркманистон Нурмуҳаммад Ханамов ном бурда шуд. Ҳама ин афрод пешҳовои оппозитсиюн буданд, ки аз кишвар бадарға шудаанд.
Нурмуҳаммад Ханамов, раиси ҳизби оппозитсионии ҷумҳурихоҳи Туркманистон, ки дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти ҳафт сол аз ҳодисаҳои ноябри соли 2002, ҳанӯз ҳам авзои сиёсӣ дар Туркманистон ва бархӯрд бо нерӯҳои демократӣ мӯътадил нест. Оқои Ханамов, ки бо иттиҳоми даст доштан дар сӯйиқасд ба ҷони Туркманбошӣ дар соли 2002 ғоибона ба ҳабси абад маҳкум шудааст, мегӯяд, вақти он аст, ки раисҷумҳури вақти Туркманистон дар парвандаи ҳаводиси ноябрӣ таҷдиди назар кунад.
ДАЪВАТ АЗ СОЗМОНҲОИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ
Ханамов меафзояд: “Имрӯз осон нест, ки пешвоҳои оппозитсиюн ба Туркманистон баргарданд. Аммо сари ин масъала кор мебарем. Мо аз ҷомеаи байнулмилалӣ, аз САҲА, СММ, Иттиҳодияи Аврупо хостори он шудем, ки барои ташкили як муколамаи созанда миёни нерӯҳои оппозитсиюн ва ҳукумати Туркманистон мусоидат кунанд. Ҳамчунин парвандаи ҳодисаҳои ноябри соли 2002 бозбинӣ шавад. Мурофиаи додгоҳии ин парванда мазҳака буд, таърихи ҷаҳон ин гуна мурофиаи ғайримунсифонаро ёд надорад. Бояд афроде, ки бо иттиҳомоти сохтаи ҳамдастӣ ба кудатои Туркманбошӣ ба зиндон андохта шуданд, раҳо шаванд ва мурофиаи додгоҳии одилона барпо гардад. Ва ҳамчунин ҳукумати Туркманистон бояд барои бозгашти нерӯҳои оппозитсиюн ба ватан шароит фароҳам оварад”.
Созмони Ҳелсинкии мудофеи ҳуқуқу озодиҳо дар Туркманистон бо пахши як изҳороти расмӣ ҳодисаҳои 25-уми ноябри соли 2002-и Ишқободро ба истилоҳ як “намоишномаи театрӣ” номида, онро кори дасти хадамоти амниятӣ ба раҳбарии раисҷумҳури вақт Сафармурод Ниёзов хондааст. Ин созмон гуфтааст, ба ин восита ҳукумати Ниёзов барои саркӯбсозии дигарандешони туркман ба худ “сабаб” додааст.
25-уми ноябрро таҳлилгарон дар таърихи Туркманистон хоса таъкид мекунанд, чун саркӯби бераҳмонаи нерӯҳои оппозитсиюн, ки бе он ҳам заиф буд, аз ҳамин рӯз шурӯъ шудааст.
САРНАВИШТИ МАҲКУМШУДАГОН
Аз миёни беш аз 60 нафаре, ки дар сӯиқасд ба ҷони Туркманбошӣ муттаҳам дониста шуданд, 56 нафарашон бо ҳукми додгоҳ равонаи зиндон гардиданд. Камтарин мӯҳлати таъиншудаи маҳрумият аз озодӣ ба 12 сол баробар буд. Дар ин миён беш аз 10 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ, ғолибан аз Русия, Туркия ва Гурҷистон буданд.
Яке аз онҳо журналист Леонид Комаровский, шаҳрванди Русия ва Амрико буд. Ӯро танҳо барои он ҳабс кардаанд, ки замони вуқӯи ҳодиса меҳмони соҳибкори маъруфи туркман Гуванҷ Ҷумъаев будааст. Расми бозпурсии Комаровский аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионии Туркманистон ба намоиш гузошта шуд, ки вай ҳамдастиаш ба сӯиқасди зидди Туркманбоширо иқрор мекард.
Пас аз раҳоиаш аз зиндон, ки дар пайи талабҳои мақомоти Амрико сурат гирифтааст, Комаровский ба расонаҳо гуфт, ки вай таҳти фишор парвандаи 25-уми ноябрро ба забони русӣ навиштааст. “Ин шонси ягонаи ман барои раҳоӣ аз зиндон буд ва рӯзе то 15-20 саҳифа менавиштам, ҳар он чӣ ки мегуфтанд”, - изҳор доштааст Комаровский.
ОНҲОЕ, КИ ҲАНӮЗ ҲАМ ДАР ЗИНДОНАНД
Нурмуҳаммад Ханамов, раиси ҳизби оппозитсионии ҷумҳурихоҳи Туркманистон, мегӯяд, то ҳанӯз аҳволи бисёре аз маҳбусони муттаҳам дар сӯйиқасди Туркманбошӣ дар зиндон бад аст. Нисбат ба маҳбусони сиёсӣ зулму бадрафторӣ мекардаанд. Ба гуфтаи оқои Ханамов, шумори чунин афроде, ки барои ақидаҳои сиёсӣ ва зидди ҳукумати Туркманбошӣ зиндонӣ шудаанд, ба ҳазор нафар наздик аст.
Дар афви умумие, ки моҳи сентябр дар Туркманистон эълом шуд, ҳеҷ яке аз муттаҳамон дар ҳаводиси ноябри соли 2002 ба озодӣ набаромад. Вориси Туркманбошӣ - раисҷумҳури феълии ин кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳам намехоҳад маҳбусони сиёсиро аз маҳбас раҳо кунад.
То ҳанӯз, бо сипарӣ шудани се сол аз даргузашти Сафармурод Ниёзов, сарнавишти мухолифине, ки гӯиё дар кӯшиши қатли Туркманбошӣ даст доштанд, норӯшан боқӣ мемонад. Ба иттилоъи тасдиқношуда, афроди муттаҳам дар ҳаводиси ноябри соли 2002 дар зиндони “Овадан-Теппе”, 70-километрии шимоли Ишқобод, нигаҳдорӣ мешаванд. Ин зиндони рӯйи қуми Қароқурум дорои “катакҳо”-е ба баландии 120 сантиметр буда, “маҳбусони хатарнок”-ро онҷо мебастаанд, то “қоматаш рост нашавад”.
Ин шонси ягонаи ман барои раҳоӣ аз зиндон буд ва рӯзе то 15-20 саҳифа менавиштам, ҳар он чӣ ки мегуфтанд...