Ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, сафир Ҷорҷ Крол дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида хостори дигаргуниҳои демократӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказист, аммо намехоҳад арзиш ва ниҳодҳои худро бар сари ин мамолик таҳмил кунад.
Дар ивази ин Иёлоти Муттаҳида ба қудратҳои минтақавие монанди Қазоқистон ва Узбакистон муколамаеро пешниҳод мекунад, дар он истиқлолияти ин ҳукуматҳо эҳтимро мешавад. Крол, ки ба наздикӣ аз сафари Узбакистон ва Туркманистон баргаштааст, ҳамчнуин дар масъалаи сиёсатҳои энержии Амрико дар минтақа сӯҳбат кард ва мӯҳтавои ин гуфтугӯро аз ҳамкорамон Салими Аюбзод мешунавем:
Ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, сафир Ҷорҷ Крол мегӯяд, Тоҷикистон як давлати мустақил аст ва ҳақ дорад, муносибатҳои худро бо давлатҳои дигар бо раводиди хеш ба роҳ монад. Ин нуктаро Крол дар посух ба пурсише гуфт, Тоҷикистон, зоҳиран талош дорад, ба хотири тавозуни муносибатҳояш бо Русия, равобити наздиктареро бо Эрон густариш диҳад. Чунин наздикшавии Тоҷикистон бо Эрон оё метавонад мояи нигаронии Иёлоти Муттаҳида бошад?
Сафир Крол гуфт: "Мо мефаҳмем, ки Тоҷикистон як давлати мустақил ва соҳибихтиёр аст ва биноан ҳақ дорад, муносибатҳояшро бо кишварҳои дигари минтақа аз рӯи салоҳдиди худ ба роҳ монад. Ба фикри ман, то замоне ки чунин муносибатҳо ба манфиатҳои бунёдии Иёлоти Муттаҳида ё дигар кишварҳои минтақа таҳдид намекунанд, гумон надорам, ин бояд мояи нигаронӣ бошад. Ва ман дар ҳоли ҳозир чизе дар ин муносибатҳо намебинам, ки мояи нигаронии Иёлоти Муттаҳида бошад."
Ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико Ҷорҷ Крол мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида пеш аз ҳама хостори рушд ва шукуфоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкими истиқлолияти онҳост. Табъан, меафзояд Крол, Амрико ба масъалаҳои волоияти қонун ва риояти ҳуқуқи инсон дар ин давлатҳо таваҷҷӯҳи хос медиҳад, аммо талош надорад, барои пешрафти ислоҳоти демократӣ онҳро ба пазируфтани арзиш ва ниҳодҳои хеш маҷбур кунад.
Вай ишора мекунад, ки худи ин кишварҳо низ хостори бунёди ҷомеаҳои озоду демократӣ ва иқтисодиёти қавиянд. Дар ин самт, ба нуфтаи ҷаноби Крол, Иёлоти Муттаҳида аз имдодрасонҳои асосии давлатҳои минтақа аст ва сиёсаташ дар Осиёи Марказӣ ҳаргиз кӯтоҳмуддат набудааст:
"Муносибатҳои мо, яъне равобити Иёлоти Муттаҳида бо ҳар яке аз ин панҷ кишвар дарозмуддат аст. Аз ҳамон замони зуҳури онҳо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози муносибатҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида бо ин кишварҳо, ин сиёсат бо ҳар кадоми онҳо бар пояи манфиатҳо ва эҳтироми муштараки мо бино шудааст. Ҳамчунин бар пояи бунёдии эътирофи истиқлолияти онҳо ҳамчун давлатҳои соҳибихтиёр ва ҳимояту кӯмак ба рушду таҳкими онҳо ҳамчун давлатҳои соҳибихтиёр. Ин мавқеъи дарозмуддати Амрико буд ва ҳаст. Ман худ дар ин равобит сар аз солҳои 1991-92 дахил будам. Ин равобити дарозмуддат на танҳо бо ҳукуматҳост, балки ҳамчунин бо мардумони ҳар яке аз ин кишварҳо ба хотири рушди муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида бо ҳар кадоми ин давлатҳо, муносибате, ки баёнгари манфиат ва арзишҳои муштараки мост."
Аз ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, сафир Ҷорҷ Крол, пурсида шуд, оё ба назар намерасад, чӣ дар фарояндҳои кӯмаки Иёлоти Муттаҳида дар пешбурди сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва чӣ дар сиёсатҳои энержии Амрико дар минтақа масъалаи демократиконии зиндагии сиёсӣ дар ин минтақа ба пасманзар рафтааст?
Вай дар посух гуфт: "На, на, на. Ман фикр мекунам, дар рушди ҷомеаҳо ва ҳукуматҳои мӯътадил ва бозгӯкунандаи эҳтиёҷу масъулиятҳои мардум ва давлат таъмини бартарияти қонун як рукни асосист. Бояд афзуд, ҳамчунин дар низоми демократӣ, ки ҳукуматҳо дар назди мардум масъулият доранд ва мардум метавонад ба ҳукуматҳо таъсир расонад. Ин як раванди тӯлонии рушди ниҳодҳои демократӣ дар ҷомеаҳоест, ки ҳаргиз чунин ниҳодҳоро надоштаанд. Ва такрор мекунам, ин амал бояд бо эҳтироми комили истиқлолият ва соиҳбихтиёрии ин кишварҳо сурат бигирад. Мавқеъи Иёлоти Муттаҳида ва махсусан ҳукумати президент Обама, аз ҷониби худи Обама эълон шудааст, ки Иёлоти Муттаҳида намехоҳад, арзиш ва ниҳодҳои худро ба ин кишварҳо таҳмил кунад, вале мехоҳад, онҳоро ба муколамаи созандае шомил гардонад, ҳам ин кишварҳо ва ҳам ҷомеаҳоро, то ки фазои рушди ниҳодҳо ва арзишҳои демократиро ба вуҷуд орад. На бо роҳи маҷбурӣ, балки бо фаҳмидан, шинохтан ва пазируфтани ин арзишҳо аз тарафи ҳукуматҳо ва мардумон ба ҳайси василаҳои пешрафти худи онҳо ҳамчун давлат ва ҷомеаҳои мӯътадил ва шукуфон"
Ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико, ки чанде пеш аз сафари Узбакистон баргаштааст, гуфт, шоҳиди бархе аз пешрафтҳо дар ин кишвар шудааст ва мутмаин аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо дар муколамаи созандаи худ бо Узбакистон ба самти муваффақият ҳаракат доранд.
Худи Обама эълон шудааст, ки Иёлоти Муттаҳида намехоҳад, арзиш ва ниҳодҳои худро ба ин кишварҳо таҳмил кунад, вале мехоҳад, онҳоро ба муколамаи созандае шомил гардонад,..