Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз фурӯши саҳмияҳои иншооти, ба истило, стратегии Тоҷикистон, ба даст овардани маблағи нақд барои идомаи корҳои сохтмонии он мебошад. Ӯ илова кард, ки ҳар шаҳрванди кишвар дар қатори дигар ниҳодҳо ҳаққи харидорӣ аз ин саҳмияҳоро дорад. Ва ҳар як саҳмияи харидашуда бояд дар бозори қоғазҳои гаронбаҳо дар гардиш бошад ва хариду саҳмия озод аст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2008 барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз 130 миллион ва дар соли 2009 - 650 миллион сомонӣ тахассус дода, пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2010 аз ҳисоби буҷаи давлат 650 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад кард.
Бо назардошти таҷрибаи нерӯгоҳи «Сангтуда-1», ки 75 дарсади саҳмияи он моли Русия аст ва 25 дарсад - моли Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон эълон дошт, ки 51 дарсади саҳмияи Роғунро зери назорати давлатӣ хоҳад гирифт.
Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ба тозагӣ таиншуда, мегӯяд, ҷумҳурӣ талош дорад бо истифода аз маблағҳои дохилӣ сохтмонро суръат бахшад. Ҳадафи фуруши саҳмияҳо низ дарёфти маблағҳои молии дохилӣ буда, иншоот ҳатман сохта мешавад. Олим Бобоев афзуд, ки тибқи нақша, давлатҳо ва сармоягузорони хориҷӣ ҳам метавонанд дар сохтмон иштирок кунанд.
Вале дар Тоҷикистон на ҳама мансабдорони давлатӣ ва таҳлилгарон тарафдори ба фӯруш гузоштани саҳмияҳои Роғун мебошанд. Ба гуфти Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист, беҳтар мебуд, ки нерӯгоҳи барқии обии Роғунро сад дарсад давлатӣ карда мешуд. Вале давлат маблағ кофӣ барои ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии онро надорад.
Ба гуфти ӯ, сол то сол сиёсати буҷаи давлат дар ҳолати вазнин меафтад ва ҳамзамон барои сохтмони иншоот, сармояи бузург даркор аст. Шабдлов меафзояд, дар ҳоле ки давлат дар алоҳидагӣ аз ӯҳдаи сохтмон намебарояд, роҳе низ дорад, ки аз кишварҳои сармоядори ҷаҳони қарзи дарозмӯҳлат гирад. Ва дар оянда аз ҳисоби фурӯши барқ ва ё алюминий қарзро пардохт кунад.
Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки агар дар Роғун таҷрибаи фӯруши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқии обии Сангтуда-1 такрор шавад, пас онҳое ки соҳиби аксари саҳмияҳо мешаванд, ҳар навъе ки хоҳанд нерӯи барқро ба фӯруш мегузоранд.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон 1,5 миллиард долларро убур кард
Дар ҳоле ки таҳлилгарон гирифтани қарзи давлатии дарозмӯҳлатро роҳи расидан ба соҳибмоликиятӣ медонанд, қарзҳои давлатии Тоҷикистон аз 1 миллиард зиёд шудааст. Ба гуфти Сафаралӣ Наҷмиддинов, қарзи берунаи Тоҷикистон 1 миллиарду 524 миллион долларо ташкил медиҳад, ки ин дар доираи 32 дарсади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Нисфи ин қарзҳо, яъне 722 миллион доллар аз созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ буда, мӯҳлати баргардонидани ин маблағ 40 сол пешбинӣ шудааст ва баҳраи қарз 1 дарсадро ташкил медиҳад. Ва боқӣ беш аз 700 миллион долларро қарзҳои кишварҳои хориҷӣ ташкил мекунанд, ки 600 миллиони он ба кишвари Чин тааллуқ дорад ва мӯҳлати баргардонидани қарзи Чин 20 сол буда, баҳраи қарз 2 дарсад мебошад.
Ба гуфти вазир, Тоҷикистон қудрати ҷалбкунии қарзи давлатӣ айни ҳол ба 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шудааст.