Ин шабу рӯз дар мактаб-интернати мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев барои озмуни ҷумҳуриявии пианинавозони ҷавон, ки дар авоили моҳи ноябр баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Қарор аст, дар ин озмун 5 муҳассили ин мактаб ширкат кунад. Аз ҷумла Умедҷони Маҳмадулло дар ин сабқат асари «Анор овардем»-и Зиёдулло Шаҳидиро иҷро хоҳад кард.
Дар мактаб-интернати мусиқии ҷумҳуриявии мусиқӣ на танҳо пианинанавозӣ, балки аз рӯи дигар бахшҳои мусиқӣ низ, ба мисли фортепианои тахассусӣ, созҳои миллӣ, дирижёри хор, рассомӣ ва овозхонии анъанавӣ дарс гуфта мешавад. Аслан ин мактаб, ки ҳанӯз соли 1963 таъсис ёфт, ба мислаш дар Иттиҳоди Шуравӣ кам андар кам буд. Танҳо атфоли боистеъдод ва он ҳам пас аз супоридани имтиҳони сахт метавонистанд ба ин муассиса пазируфта шаванд.
Ва аз муҳасилини ин мактаб ҳатман мутахассиси касбӣ ба воя мерасид, ки метавонист ба консерватория ва ё дигар макотиби олии мусиқии Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шавад. Тӯли наздик ба 50 соли фаъолияташ ин макатб 900 мутахассиси варзидаро тарбия кардааст, аммо бинои он, ки ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ зарари ҷиддӣ дида буд, то ҳол пурра таъмир нашудааст.
Вале бо ин ҳама Маҳмадназар Сияров, муовини раҳбари ин мактаби мусиқӣ, мегӯяд, то имрӯз низ сафи хоҳишмандон барои таҳсил дар ин ҷо хеле зиёд аст.
Ҳамин гуна дар алоҳидагӣ барои хонандагони мактаби мусиқӣ вобаста ба завқи онҳо созҳои мусиқӣ омӯзонида мешавад. Ҳар як хонанда ҳафтае 3 ва ё 4 маротиба дарси ихтисосӣ мегирад. Аммо ба гуфтаи Маҳмадназар Сияров, аксари созҳои мусиқӣ ҳамсоли худи мактаб-интернатанд ва фарсудагии онҳо барои хуб аз худ кардани навозиши оҳангҳо мушкил эҷод мекунанд. Шояд аз ин сабаб низ ҳаст, ки аз 50 хоҳишманде, ки ҳар сол ба ин даргоҳ қабул мешаванд,танҳо 15 нафари онҳо то синфи 11 таҳсил ва ин мактабро хатм мекунанд.
Ҳунари яке аз аввалин хатмкунандаҳои ин мактаби мусиқӣ овозхони шинохта Саидқули Билол мебошад. Ин хонандаи маъруф мегӯяд, соли 1963 вақте, ки дар Душанбе мактаби вижаи мусиқию рақс таъсис дода шуд, оқои Билолов, ки он замон 11 сол доштааст, аз тариқи радио ин хабарро шунида ва ба падараш гуфтааст, ки мехоҳад дар ин мактаб таҳсил кунад.
Ба андешаи Саидқули Билол, мактаби вижаи мусиқӣ ба мисли чанд даҳсола пеш қудрати омода кардани навозандагон ва овозхононин касбиро аз даст додааст. Зеро он замон шароити беҳтарин барои ин мактаб муҳайё буда, танҳо ба камтаринҳо таҳсил дар ин мактаб муаяссар мешуд. Аммо ба ҳар сурат чунин ба назар мерасад, ки хатмкунандагон ва муҳассилини ҷавони ин муассиса ба мисли овозхонони тоҷик Дилноза Каримова, Меҳрубони Равшан, Меҳрнигори Рустам ва боз даҳҳои дигар дар саҳнаи ҳунари тоҷик имрӯз гомҳои устувор мегузоранд.
Барои шунидани барномаи «Ояндасоз мюзик» ба ишораи чандрасонаӣ дар канори саҳифа нохун занед.