Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Тоҷикистон ва Узбакистон дар СММ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти СММ тавсеаи тавлиди нерӯи барқи обиро барои ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим муҳим арзёбӣ кард.

Дар як мизи мудаввари нишасти Созмони Милали Муттаҳид, ки ба мушкилоти тағйири иқлим бахшида шудааст, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар Осиёи Марказӣ 70 дарсади энержӣ бо нерӯгоҳҳои барқи аловӣ тавлид мешавад, ки ҳамзамон ҳарсола миллионҳо тонна гази ин нерӯгоҳҳо ба иқлими минтақа зарар ворид мекунад.

Вай афзуд, ин дар ҳолест, ки ин минтақа дорои захираҳои бузурги об аст ва имрӯз танҳо 10 дарсади имкони тавлиди нерӯи барқи обӣ истифода мешавад. Ва танҳо захираҳои оби Тоҷикистон тавоноии тавлиди 527 милллиард кВт-соат нерӯи барқро дорад, ки бештар аз ниёзи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба барқ аст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт истифода аз ин захираҳо барои коҳиши газҳои гулхонаӣ мусоидат хоҳад намуд ва кишварҳои минтақаро бо барқи аз диди муҳитзистӣ тоза таъмин хоҳад кард.

Дар пайи суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ин мизи мудаввар намояндаи Узбакистон дар СММ Мурод Аскаров низ ибрози назар кард ва масъалаи камбуди обро мушкили аслии минтақа номид.

Намояндаи Узбакистон гуфт, «ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ дар истифода аз захоири об, ки ҳаёт ва амнияти дигар кишварҳои минтақа аз он вобаста аст, бояд бо масъулият ва оқилона кор бигирад».

Мурод Аскаров гуфт, дидгоҳи Узбакистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота дар сарчашмаи рӯдхонаи Сирдарё ва нерӯгоҳи Роғун дар дарёи Вахш ин аст, ки зарурати сохтани ин нерӯгоҳҳои бузург бояд аз сӯи коршиносони мустақил омӯхта шавад.
XS
SM
MD
LG