Ин нашрияи мустақил, ба гуфтаи масъулонаш, ҳадаф дорад, дар нашру пахши рӯйдодҳо ва ҳаводиси кишвар мавқеи беғаразона, холисона ва озоду мустақил дошта бошад. Ва ҳамин тавр ин нашрия низ эълом кардааст, ки мустақил аст ва вобаставу дастнигари кадом гурӯҳ ва ё шахсиятҳое нест.
Чопи нашрияи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе шумори рӯзномаҳои мустақили кишварро бештар кард. Дар раста ва дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ шумори нашрияҳои мустақил ва хусусӣ аз нашрияҳое, ки бо пули ҳукумат нашр мешаванд ба маротиб зиёдтар аст.
Вале бештари коршиносон ва таҳлилгарон мӯътақиданд, ки матбуоти мустақили Тоҷикистон бо гузашти 18 сол аз замони касби истиқлол мустақилияти воқеиро соҳиб пайдо накрадааст ва ҳанӯз дар ин кишвар барои фаъолияти расонаҳои мустақил шароити муносиб фароҳам нашудааст.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки тайи солҳои ахир ба таҳқиқи матбуоти даврӣ машғул аст, мегӯяд, то замони бӯҳрони молиявӣ камтар ба мушоҳида мерасид, ки бархе аз нашрияҳои мустақил ба хотири дарёфти кӯмакҳои молӣ аз мавқеъ ва хостаҳои гурӯҳҳо ва ашхоси алоҳида ва гоҳо ҳукумат пуштибонӣ мекарданд, вале баъди пеш омадани ин бӯҳрон ин кор ба як раванд табдил шудааст.
Ва гоҳо ҳатто барои дифои гурӯҳи мавриди назар дар матбуот баҳсҳо шадиде низ ба вуҷуд омаданд, ки аз чашми хонандаи оддӣ низ пӯшида намонд. Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, бештари расонаҳои мустақил дар ҳоле аз тасмимот ва мавзеъгириҳои ҳукумат пуштибонӣ мекунанд ва ё худро дар истифодаи ҳукумат қарор медиҳанд, ки ҳукумат соҳиби ҳама гуна дастгоҳҳои таблиғ аз ҷумла нашрияҳост. Вале дар ин миён рисолати нашрия ҳамчун манбаи ахбори дақиқу холисона иҷро намешавад.
Аммо Иброҳими Усмон, устоди риштаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, истифода аз матбуоти мустақил кори наве нест, ки танҳо ҳукумати Тоҷикистон анҷом диҳад. Аммо ин матбуоти мустақил аст, ки то куҷо тавонистааст дар чунин маврид истиқлоли худро ҳифз кунад ва мавриди муомила қарор нагирад, ки бадтарин унвон барои рӯзнома ва журналист фурӯхташуда ва ё харидашуда аст.
Аммо Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон», ба унвони намоянда аз расонаҳои мустақили кишвар эъмоли фишор ва дастури мақомот ба манзури чопи матолиб дар нашрияашро рад кард. Аммо эътироф кард, ки баъзе аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки навиштан дар бораи онҳо барои фаъолияти минбаъдаи нашрия масъаласоз аст. Вақте дар бораи ин ва ё он иттифоқот ҳамаи ҷомеа дарак дорад, вале матбуоти мустақил дар он бораи хомӯш аст, албатта мустақилияти расонаҳои мустақил зери шубҳа қарор мегирад.
Мухтор Боқизода, раиси Бунёди гиромидошти рӯзноманингорони тоҷик, мегӯяд, расонаҳои мустақил расман аз тарафи буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ намешаванд ва барои пардохти молиёту масрафоти барқу чопхона ҳеҷ гуна имтиёз надоранд. Аммо аз бозтоб ва нашри масоили доғу ҷиддии сиёсӣ ҳазар мекунанд. Зеро ҳароси баста шудан ва фишорҳои аз сӯи мақомот ҳанӯз бартараф нашудааст.
Зимнан Иброҳими Усмон низ вобастаи афрод ва гурӯҳҳои алоҳида шудани бархе аз нашрияҳои мустақилро мушоҳида карда, онро барои ояндаи рӯзноманигории тоҷик зиёнбор арзёбӣ кард. Ӯ афзуд, ки матбуоти авохири солҳои 80-ум ва оғози 90-ум аз расонаҳи имрӯза бо он фарқ мекунад, ки як талоши умумии рӯзноманигорон барои бозтоби масоили муҳими рӯз мушоҳида мешуд ва гоҳо нашрияҳои расмӣ матолиби интиқодиеро нашр мекарданд, ки матбуоти озод дарёб намекард. Он замон сабқат солим ва бархӯрди андешаву назар ба хотири рушди миллат буд на дифоъ аз гурӯҳ ва афроде, ки барои бақои кори газета пул бидиҳанд.
Дар ҳамин ҳол Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, ки айни замон чанде аз созмонҳои рӯзноманигорон дар садади ташкили як шӯрои матбуоитанд. Ва ин шӯро қасд дорад, бо ташкили ҷаласаҳо бо ширкати масъулони ин расонаҳо аз такрори чунин зуҳурот ва идомаёбии равандҳои наве, ки бар коҳиш ва рехтани обрӯву нуфузи матбуоти мустақил сабаб мешавад, ҷилавгирӣ кунад.