Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби осорхонаи Айнӣ дар Самарқанд?


Мақомоти Ӯзбакистон тасмим гирифтаанд, ки хона–музейи адиби тоҷик Садриддин Айниро барҳам диҳанд. Расонаи интернетии «УзНюс» менависад, масъалаи тахриби осорхонаи Айниро зимни як суханронии шифоҳӣ ноиби сарвазири Ӯзбакистон таъкид намуда, ва ба ҳокимони шаҳр ва вилояти Самарқанд амр додааст, ки осорхонаро баста, бинояшро тахриб кунанд.

Айнӣ дар Самарқанд

Солҳои зиёди умри Садриддин Айнӣ маҳз дар Самарқанд гузашта, ӯ аз зумраи он нависандагони муваффақ ва пуркор аст, ки аз аввали асри бист бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбакӣ асар чоп мекард. «Ҷаллодони Бухоро»- яке аз повестҳои маъруфи Айнӣ аввал ба узбакӣ ва танҳо баъд ба тоҷикӣ чоп шудааст. «Таърихи амирони манғития» ва ё «Бухоро инқилоби бутун материал» низ ибтидо бо забони ӯзбакӣ нашр шуданд ва баъд адибони тоҷикистонӣ онҳоро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Яке аз бузургтарин асарҳои нависанда романи «Ғуломон» нахуст бо забони ӯзбакӣ дар Ӯзбакистон нашр шудааст ва як сол баъд аз ин бо забони тоҷикӣ чоп шуд.

Вокуниши Муҳаммадҷон Шакурӣ

Донишманди тоҷик Муҳамадҷон Шакурӣ, ки дар солҳои зиндагии Айнӣ борҳо дар ин хона меҳмон шудааст, аз ин ташаббуси давлатмардони Ӯзбакистон изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ин маротибаи аввал нест, ки бо баҳонаи тармиму ободонии шаҳрҳо нисбат ба адибони тоҷикзабони Узбакистон чунин бархӯрд мешавад. Донишманди тоҷик бар ин назар аст, ки саҳми Садриддин Айнӣ дар ташаккули адабиёти ӯзбак низ кам нест ва бояд хона-музеяш ҳамчун арзиши фарҳангӣ ҳифз карда шавад.

Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, бояд Душанбе ва ҳавзаи адабии тоҷик дар мавриди сарнавишти осорхонаи Айнӣ мавқеи мушахас гиранд ва нагузоранд, ки кулбаи Айнӣ дар Самарқанд аз байн бурда шавад.

Омодагиҳо ба тахриби кулбаи Айнӣ

Феълан, зиёрати хоҳишмандон аз ин осорхона қатъ шуда, ашёи шахсии Айнӣ ва китобу ҷиҳоз аз бино бароварда шудааст. Ба гуфтаи кормандони осорхона, маъмурияти он дар номае ба унвони ҳокими вилояти Самарқанд хоҳиш кардааст, ки осорхонаи нависанда ва мутафаккири машҳури тоҷик ҳифз гардад, аммо то ҳанӯз ба ин нома посух дода нашудааст. Вале умеди ин ки мақомоти давлат хона-музейи Садриддини Айниро ҳифз хоҳанд кард, хеле заъиф аст, зеро аллакай нимпайкараи Айнӣ ва лавҳаи хона-музей аз даромадгоҳи осорхона бардошта шудаанд.

Нороҳатии рӯшанфикрони Самарқанд

Омодагиҳои аз байн бурдани осорхонаи Айнӣ рӯшанфикрони Самарқандро шадидан нороҳат кардааст. Анвар, як рӯшанфикри муқими Самарқанд мегӯяд, ин иқдоми, ба гуфтаи ӯ, бемасъулиятона, ба муносибатҳои байни Узбакистону Тоҷикистон зарба зада, тоҷикони Узбакистонро озурда мекунад. Ӯ аз тахриби муҷассамаи Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар чанд соли пеш ёд кард ва гуфт, баъдан чанд ҳайкали Навоӣ дар кӯчаҳои шаҳр дубора пайдо шуд, вале акнун бидуни пираш – Ҷомӣ. Ӯ гуфт, рӯшанфикрони Самарқанд мехоҳанд нигаронии худро дар як нома ба руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон изҳор кунанд.

Беиттилоъии сафорати Узбакистон дар Душанбе

Сафорати Узбакистон дар ҳамин ҳол дар бораи тахриби осорхонаи Айнӣ дар Самарқанд изҳори бехабарӣ карда, мегӯяд, шояд ин тасмимро мақомоти маҳаллии худи Самарқанд гирифта бошанд.

Осорхонаи Айнӣ

Осорхонаи Садриддини Айнӣ дар Самарқанд соли 1956 ду сол баъд аз фавти адиб таъсис ёфта буд ва як маркази таҷаммуъи рӯшанфикрони тоҷикзабони Самарқанд маҳсуб мешуд. Бо ин ҳол, аксари адибону рӯшанфикрони тоҷик дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ тасмими мақомоти Узбакистон ҷиҳати тахриби хона-музейи Айниро хабаре боварнокарданӣ хонданд.
XS
SM
MD
LG