Ҳавопаймоҳо мошинҳоро баъди он ҳадаф қарор доданд, ки дар бораи рабуда шудани маводи сӯхт аз сӯи толибон хабар расид. Ба иттилоъи бархе аз хабаргузориҳо, толибон ҳангоми ҳамла ба мошинҳо бо маводи сӯхт ҳар ду ронандаро сар буриданд. Айни ҳол ҳуввияти ронандаҳо маълум нест ва аммо мушаххас аст, ки маводи сӯхт барои нерӯҳои байнулмилалӣ аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол ёфтааст.
Дар бораи теъдоди қурбониёни ҳодиса иттилоъи зиддуннақзиз мерасад, волии Қундуз Муҳаммад Умар гуфт, ки бар асари таркиш 90 нафар кушта шудаанд ва бештари онҳо толибонанд.
Ва аммо Нурмуҳаммад Салим, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва бо такя ба иттилоъи ахири хадамоти амниятӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса 56 нафар ба ҳалокат расидаанд. Нурмуҳаммади Салим афзуд, “ҳамлаи ҳавопаймоҳо дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки Толибон маводи сӯхтро ба мардуми деҳоти атроф тақсим мекарданд”.
Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел изҳор намуд, ки дар ин ҳодиса ҳама ҷангҷӯён ва ҳам мардуми осоишта кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, як ҳайат барои тафтиши ҷиддии ин ҳодиса ба Қундуз сафар мекунад.
Коршиносон мегӯянд, ки ҳодисаи ахир нигарониҳо аз афзоиши ноамнӣ дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла, дар Қундуз, минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро, бештар мекунад. Ба вижа, ки баъди хатарбор шудани ағбаи Хайбари Покистон ва ҳамлаҳои пайвастаи толибон ба корвони мошинҳо дар ин минтақа, Иёлоти Муттаҳида ба интиқоли борҳо барои нерӯҳои байнулмилалӣ аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон умед баста буд. Зимнан, вилояти Қундуз, ки охирҳои солҳои 90-ум таҳти назорати Толибон буд, то оғози соли равон яке аз амнтарин манотиқи Афғонистон маҳсуб мешуд. Ва аммо моҳҳои ахир вазъ тағйир ёфтааст ва ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо Нурмуҳаммад Салим дар ин вилоят, аз ҷумла, дар вулусволии Чордара миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин пайваста задухурдҳо рух медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол коршинос Санавбар Шерматова имкони интиқоли нерӯҳои “Толибон” ва ҳамроҳ бо онҳо мусаллаҳони Ҷунбиши исломии Узбакистон аз Покистон ба шимоли Афғонистон ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли борҳо барои нерӯҳои байнулмилалиро баъйид намедонад. Ба гуфтаи ӯ, “мушаххасан дар бораи он ки дар шимоли Афғонистон чӣ мегузарад ва оё Ҷунбиши исломии Узбакистон дар ҷилавгирӣ аз интиқоли борҳои амрикоӣ аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ширкат дорад, ҳанӯз чизе гуфтан барвақт аст. Ва аммо аввалин нишонаҳои он ки Толибон ба ин роҳи транзитӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, аён аст ва ҳодисаи ахир дар Қундуз ба ин далолат мекунад. Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки толибон мавқеъи худро бознигарӣ мекунанд. Ва чун ағбаи Хайбар мавриди таваҷҷуҳи амрикоиҳо қарор надорад, толибон рӯ сӯи марзҳои Осиёи Марказӣ меоваранд ва талош мекунанд, ки шимоли Афғонистонро таҳти назорат бигиранд”.
Коршиноси масоили минтақа мегӯяд, ки борҳо барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон аз кишварҳои соҳили Балтик тавассути қаламрави Русия ба ду кишвари Осиёи Марказӣ - Узбакистон ва Тоҷикистон оварда мешаванд ва аз он ҷо тавассути Тирмиз ва Панҷи поён ба Афғонистон интиқол меёбад. Ӯ меафзояд, айни ҳол Вошингтон бо Ашқобод ҳам вориди музокирот шудааст то интиқоли борҳо барои нерӯҳояш ба Афғонистон аз тариқи Туркманистонро низ ба роҳ монад. Санавбар Шерматова ҳадс мезанад, ки толибон аз ин роҳҳои интиқоли борҳо хуб огоҳанд.
Коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки таъйид шудани ҳалокати теъдоди зиёди мардуми осоишта дар таркишҳои Чордара шояд ба оташи ғазаби афғонҳо алайҳи нерӯҳои байнулмилалӣ равған бирезад. Ва ин дар ҳолест, ки фармондеҳи нави нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон ду моҳ қабл эълом дошт, ки барои теъдоди коҳиши қурбониҳо миёни мардуми маҳаллӣ талош хоҳад кард.