Зеро дар моҳи феврали соли оянда интихоботи нави Маҷлиси намояндагон доир хоҳад шуд ва дар саҳна вакилон ва порлумони нав ҳузур пайдо хоҳад кард.
Дар Маҷлиси намояндагони имрӯза 11 вакили зан фаъолият мекунад.Аммо назари ҷомеаи кишвар, махсусан занон ба фаъолият ва амали занҳои вакил мусбат нест ва гуфта мешавад, хонумҳои вакил бештари вақт дар баҳсҳои ширкат намеварзанд ва ҳузури онҳо дар Маҷлис хеле хираву норӯшан аст.
Ҳузур ва ширкати занҳои вакил дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон на ба он сатҳест,ки ҷомеаи кишвар ба вижа занҳоро қонеъ созад. Бештари онҳое,ки дар ин робита изҳори назар карданд аз адами ҷуръат ва ҷасорати бонувони вакил дар ҷараёни баҳсҳои порлумонӣ сухан карданд.
Ба унвони мисол Зарафо Раҳмонӣ - масъули бахши занҳо дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба баҳсҳои мудаввоми маҳофил ва матбуот дар иртибот ба ҳиҷоб ва рӯсарии духтарону бонувон ишора карда гуфт, ки аз 11 зани вакил нафаре ҷуръат накард, то ин масъаларо дар сатҳи порлумон ҳаллу фасл кунад.
Дар ҳоле ки ин масъала мустақим ба зиндагии ҳамарӯзаи хоҳарону модарон дахл дорад,занҳои вакили мо набояд аз паҳлуи он бетафовут мегузаштанд.
Аммо Галия Рабиева-узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар порлумони Тоҷикистон ба чунин арзёбии фаъолияти худ ва дигар бонувони вакил мувофиқ нест.
Хонум Рабиева мӯътақид аст,ки занҳои порлумон ҳар кадоме дар баробари вакилони мард дар таҳия ва омодасозии лоиҳаи қонун ва дигар асноди ҳуқуқӣ ширкати фаъъол доранд. Аз тарафи дигар вакилони зан низ ҳамроҳ бо ҳамкасбони марди худ бо интихобкунандаҳо мулоқот мекунанд:
Аммо Файзиниссо Воҳидова аз фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз он ҷиҳат аз фаъолияти вакилони зан дар Маҷлиси намояндагон норозӣ аст,ки ба гуфтаи ӯ ин занҳо дар соҳа ва пешаи худ мумтоз нестанд.Яъне ин занҳоро танҳо ба хотири зан будан вакил баргузидаанд:
Дар ҳамин ҳол Гулчеҳра Бозорова-раиси Кумитаи иқтисоду буҷҷа дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин иддаоҳои мунтақидони занҳои вакилро бепоя меҳисобад.
Хонум Бозорова гуфт,ки ҳамаи занҳои вакил дар порлумон,ки узви ин ва ё он кумитаи вижа астанд, дар арсаи худ мутахассисанд. Ба эътиқоди хонум Бозорова фаъолияти вакилони зан аз он ҷиҳат камранг ва номуассир дониста мешавад,ки расонаҳо ва махсусан телевизионҳо ба онҳо муроҷиат намекунанд.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова –аз донишмандони арсаи ҳуқуқ дар кишвар мегӯяд ӯ фаъолияти номуассир ва нокофии занҳои вакилро на танҳо дар порлумон балки дар маҳофил ва ҷаласаҳои мухталиф низ мушоҳида кардааст.
Хонум Бобоназаров гуфт,ки ин масъулияти занҳост,ки дар ниҳоди қонунгузории кишвар ҳуқуқ ва мавқеи занҳоро ҳифз кунанд дар ҳоле ки дар Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи зан пайваста ва ҳамарӯза мушоҳида мешавад.
Як нуктае дигар,ки коршиносон ва таҳлилгарон дар мавриди ҳузури андаки бонувони вакил ва набуди ҷуръат ва ҷасорат дар онҳо таъкид доштанд ин аст,ки ҳамаи 11 вакили зан дар порлумон узви ҲХДТанд.
Аз ин рӯ ин бонувони вакил дар бештарин маврид тарҳу лоиҳаи қавонинеро,ки ҳукумат бо имзои раиси ин ҳизб таҳия мекунад дастгирӣ хоҳанд кард. Зеро дар сурати ғайр онҳо дигар наметавонанд соҳиби ин курсие бошанд,ки ҳоло дар ихтиёр доранд ва ё ба курсие дигар бинишинанд, ки албатта,бидуни дастури раиси ин ҳизб расидан ба он номумкин хоҳад буд.