Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти коргарони нерӯгоҳи Роғун ба додситонӣ


Додситонии кулли Тоҷикистон вуруди шикояти ҳудуди 70 коргари нерӯгоҳи Роғун дар мавриди пардохта нашудани ҳаққи заҳматашонро тасдиқ кард.

Як манбаъи мӯътамад дар додситонӣ аз додани тафсилоти бештар дар ин бора худдорӣ намуд.

Ҳудуди 70 коргари «Интерстрой», зерширкати Интер РАО ЕС-и Русия, ки қаблан дар нерӯгоҳи Сангтӯда–1 ва ҳоло Роғун фаъолият доранд, дар як нома аз Додситонии кулл хостаанд, ки барои гирифтани ҳаққи меҳнаташон аз ширкати «Нерӯгоҳи Сангтӯда–1» мусоидат кунад.

Ин нома ба вазорати шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва низ райиси кулли ширкати «Нерӯгоҳи Сангтӯда–1» фиристода шудааст. Дар нома коргарон менависанд, ки барои моҳҳои март, апрел, май ва июни соли равон музди меҳнат нагирифтаанд.

Дар ин нома коргарон менависанд, ки барои моҳҳои март, апрел, май ва июни соли равон музди меҳнат нагирифтаанд ...
Баҳром, яке аз ин коргарон, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз моҳи июл чиҳати ҳалли мушкили хеш ба мақомоти шаҳри Роғун номаи шикоятӣ навишта буданд, аммо ин кӯшишҳо натиҷа надодаанд.

Вай афзуд, «рӯзи 12 июл мактуб навишта будем. Гуфтанд, ки то моҳи август. 15 август шуд, дигарон ҳаққи меҳнаташонро гирифтанду мо, не. Маҷбур шудем мактубро супорем».

Дар ҳамин ҳол, як зан, ки шавҳараш маош нагирифтааст, гуфт, ин ҳол барои оилаи онҳо мушкил эҷод кардааст. Вай гуфт, «маошҳояшонро панҷ моҳ аст, ки надодаанд. Барои кӯдакон либосу китоб харидан зарур аст барои мактаб. Барои ҳамин аз одамони калон илтимос мекардам, ки маоши шавҳарҳои моро диҳанд».

Раҳматулло Алжанов, раиси кулли ширкати «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1», ба радиои Озодӣ вуҷуди ин масъаларо таъйид карда гуфт, омода аст, ки бо Додситонии кулл ҷиҳати рафъи ин мушкил ҳамкорӣ кунад.

Вай афзуд, «ин ки коргарон музди меҳнат намегиранд, бад аст. Бояд масъаларо ҳал кунем ва сари ин фикр кунем, ки чаро напардохтем ва бар кадом асос. Агар онҳо корманди нерӯгоҳи Роғун ҳастанд, ин масъалаи дигар аст. Хуб, кор мекунем. Ман аз ин наметарсам, бахусус ки ин корро мо дидаву дониста накардаем. Мушкилро бояд баррасӣ ва ҳал кард».

Оқои Алжанов гуфт, бақия кормандони ширкаташ то 1 август - рӯзи ифтитоҳи расмии фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ҳаққи заҳмати бақия коргаронашро пардохтааст ва дар посух ба ин суол, ки оё ширкаташ чаро ҳаққи ин 70 нафарро намепардозад, чизе нагуфт.

Аммо Баҳром мегӯяд, қаблан ба онҳо гуфтаанд, ки ширкат бо «Барқи тоҷик» мушкил дорад: «Гуфта буданд, ки ҳаққи меҳнати ҳамаи шумо қариб 1,5 миллион сомонӣ аст. Намедонам чӣ гап аст, аммо инро ҳам гуфта буданд, ки «Барқи тоҷик» қарздор аст. Худашон медонанд. Барои мо мушкиламон ҳал шавад».

Қаблан расонаҳои дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз баҳси миёни ширкатҳои «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ва «Барқи тоҷик» иттилоъ пахш карда буданд. Тибқи ин иттилоъ, ки аз сӯйи ҷонибҳо таъйид шуда буд, «Барқи тоҷик» аз «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» беш аз 16 млн. доллари амрикоӣ қарздор шудааст.
XS
SM
MD
LG