Ба гуфти Савлатманд, вақте ӯ дар асоси маълумоти дар ярмарка пешниҳодгардида ва роҳхати дастандаркорон барои кор рафтааст, масъулини корхона гуфтаанд, ки барои онҳо коргар даркор нест.
Савлатманд меафзояд, ки пас аз ин тарзи пешбурди ярмаркаҳои зидди бӯҳронии ҳукумат маълум мешавад, ки пешниҳоди иддае аз корхонаҳо барои ҷойи холии кори ба вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ воқеият надошта, балки танҳо вонамудсозии эҳтиёҷ ба ҷойҳои холии корӣ мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Шукурҷон Зуҳуров дар посух ба суоли мо дар мавриди камтаваҷҷӯҳии ҷавонон барои иштирок ба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва ҳисоботи бардурӯғи иддае аз корхонаҳо барои муҳайё будани ҷойҳои холии корӣ гуфт, ки рафти ярмаркаҳо хуб аст. Аммо камии маош дар корхонаҳои кишвар адами иштироки фаъоли ҷавонон дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гардидааст.
Шукурҷон Зуҳуров дар идома афзуд, ки дар асоси барномаи зидди бӯҳронӣ бояд то соли 2010 то 180 ҳазор ҷойҳои холии корӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шавад. Ва то 1 июли соли ҷори ҳамагӣ 80 ҳазор ҷойи холии корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин теъдод 30 дарсадашро ҷавонон ташкил мекунанд.
Шукурҷон Зуҳуров гуфт, «албатта дар корхонаҳои мо маоши баланд нест. Пештар ҳар ҳафта дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳо гузаронида мешуд, вале вақте талабот кам шуд, дар як моҳ як маротиб гузаронида мешаванд. Ва иддае аз онҳое, ки аз ярмарка роҳхат мегиранд, вале вақте мераванд шароит барояшон созгор намеафтад ва хоҳиши кор кардан намекунанд. Ин масъалаи смубрами рӯз аст».
Ба гуфти ҷаноби вазир, вақте шаҳрвандон дар хориҷ аз кишвар, яъне дар муҳоҷират, ба ивази меҳнат маоши калон мегиранд, дигар ба маоши Тоҷикистон қаноат карда наметавонанд ва табиист, ки чандон майли иштирок дар ярмаркаҳоро надоранд.
Дар ҳоле, ки Шукурҷон Зуҳуров аз ташкил кардани 85 ҳазор ҷойи холии кори иттилоъ медиҳад, аммо таҳлилгари ҷавон Фаридуни Роҳнавард, ки борҳо шоҳиди ҳолатҳои воқеият надоштани эълонҳои ҷойҳои холии корӣ будааст, мегӯяд, омори Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бораи он, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 85 ҳазор ҷойи холии корӣ таъсис додааст, зери суол аст. Зеро бо эълонҳои ғайривоқеӣ, маоши кам ва ҷой доштани дигар падидаҳои номатлуб дар аксар корхонаҳои Тоҷикистон ин омор баид аст.
Ба гуфти Фаридун, бо маҷбур кардани он, ки корхонаҳо ҷойи холии корӣ барои 10 ва 100 ҳазор нафар эҷод кунанд, масъала ҳалли худро намеёбад. Балки бояд роҳбарияти корхонаҳо дар асоси буҷа, нақша ва барномаҳои мушаххас чунин тасмимро бигиранд.
Таҳлилгари ҷавон бар он назар аст, ки ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои холии кори дар қиболи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири мусбат нагузошта, ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ҷавони ба ватанбаргаштаро мусоидат намекунад.
Савлатманд меафзояд, ки пас аз ин тарзи пешбурди ярмаркаҳои зидди бӯҳронии ҳукумат маълум мешавад, ки пешниҳоди иддае аз корхонаҳо барои ҷойи холии кори ба вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ воқеият надошта, балки танҳо вонамудсозии эҳтиёҷ ба ҷойҳои холии корӣ мебошад.
Дар асоси барномаи зидди бӯҳронӣ бояд то соли 2010 то 180 ҳазор ҷойҳои холии корӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шавад. То 1-уми июли соли ҷорӣ ҳамагӣ 80 ҳазор ҷойи холии корӣ таъсис дода шудааст ...