Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Тошканд ба таъсиси пойгоҳи дуввуми Русия


Парвозҳои тамринии ҷангандаҳои русӣ дар фазои атрофи пойгоҳи Канти Қирғизистон
Парвозҳои тамринии ҷангандаҳои русӣ дар фазои атрофи пойгоҳи Канти Қирғизистон

Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки кадом зарурате барои иҷрои барномаи истиқрори нирӯҳои изофии нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷануби Қирғизистонро намебинад.

Тошканд ҳамчунин гуфтааст, ки ин барномаро "ғайри мувофиқи мақсад" медонад. Дар баёнияе, ки вазорати умури хориҷии Узбакистон тавассути хабаргузории расмии “Ҷаҳон” нашр кард, ҳамчунин гуфта мешавад, ки иҷрои чунин барномаҳо дар як қаламрави ба қадри кофӣ мураккаб ва ғайриқобилипешгӯӣ, ки он ҳам дар марзи байни 3 кишвари Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, метавонад ба тақвияти равандҳои мусаллаҳшавӣ ва бурузи ҳар гуна ихтилофоти қавмӣ оварда, мунҷар ба шуюъи гурӯҳҳои тундрави ифротӣ шавад. Ба бовари Тошканд, ин ҳама дар ниҳоят метавонад ба ҷиддан бесубот шудани авзоъ дар ин минтақаи бузург бирасонад.

Эътирози вазорати хориҷаи Узбакистон ба ёддошти тафоҳумест, ки рӯзи 1 август байни Русияву Қирғизистон дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ба имзо расид. Дар ин ёддошти тафоҳум роҳҳои такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳузури воҳидҳои низомии Русия дар қаламрави Қирғизистон ва ҳамчунин истиқрори нирӯҳои изофии артиши Русия дар қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ матраҳ шудааст.

Дар як моҳи охир бори дуввум аст, ки Тошканд ба масъалаи таъсиси пойгоҳи дуввуми Русия дар Қирғизистон изҳори эътироз мекунад.

Аммо раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар моҳи июл дар мусоҳибааш бо рӯзномаи амрикоии "New York Times" гуфтугӯҳо дар ин бораро, ки Русия мехоҳад бар изофаи пойгоҳи ҳавоии Кант дар Қирғизистон пойгоҳи дуввуми низомӣ таъсис диҳад, радд кард ва гуфт, сухан дар бораи таъсиси як маркази зиддитеррор меравад, ки ба гуфтаи оқои Боқиев, Бишкеку Маскав аз он ба сурати муштарак истифода хоҳанд бурд.

Қурмонбек Боқиев ҳамчунин гуфта буд, ки ин воҳиди низомӣ шояд дар Бодканд, Ӯш ваё дар вилояти Ҷалолобод таъсис шавад. Яъне дар яке аз он вилоёти воқеъ дар, ба истилоҳ, “ тасмаи ноамн”-и ҷануби Қирғизистон, ки нигаронии бештари мақомоти амниятии Бишкек аз ҳамин манотиқ аст.

Артиши Русия дар минтақаи Кант, воқеъ дар атрофи пойтахти Қирғизистон, як пойгоҳи ҳавоӣ дорад, ки дар он ҷангандаҳои навъи МИГ-ашро мустақар кардааст.

Амрико низ аз замони шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар минтақаи Хансӣ, дар ҳошияи фурудгоҳи Манас, дар наздикии Бишкек, як пойгоҳи низомиашро мустақар кардааст, ки ба таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон машғул аст.
Бишкек дар моҳи феврал баъди онки аз Русия ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ба иқтисодашро дарёфт кард, аз Амрико хост, ки нирӯҳояшро дар зарфи 180 рӯз аз Манас берун бикашад. Аммо дар тобистони имсол Амрикову Қирғизистон пиромуни тамдиди замони ҳузур ва фаъолияти пойгоҳи Амрико дар ҳошияи фурудгоҳи Манас ба тавофуқ расиданд.
XS
SM
MD
LG