Мақомоти додситонӣ гуфтанд, ин парванда дар асоси шикояти чанде аз шаҳрвандони кишвар боз шудааст.
Абдусамӣ Додобоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, ифтитоҳи парванда алайҳи Ҳокимшо Тиллоев, раиси пешиниширкати ҳавонавардии Тоҷикистон –«Тоҷикайр»- ро таъйид кард. Вай дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ин амр дар пояи шикояти чанде аз шаҳрвандони кишвар, ки бо Тиллоев «муомилоти пулӣ» доштаанд, сурат гирифтааст. Зеро ин афрод, ки муовини додситонии кулл аз шумора ва миқдори маблағи ба Тиллоев додаашон нахост, сӯҳбат кунад, натавонистаанд, пули худро аз раиси пешини ширкати ҳавонавардӣ пас бигиранд. Ба ин далел маҷбур шудаанд ба ниҳодҳои ҳифзи қонун муроҷиат кунанд.
Муовини додситони кулли Тоҷикистон ба далели науфтодани ихлол дар ҷараёни тафтиш аз пахши маълумоти бештар дар ин бора худдорӣ кард. Ва ҳамин тавр маълум нашуд, ки афроде, ки бо Ҳокимшо Тиллоев муомилоти молӣ анҷом дода ва аз ин муомила бо норизоятӣ ба додситонӣ муроҷиат кардаанд, кистанд.
Вале муовини додситонии кулл тафтиш дар заминаи фаъолиятҳои кории оқои Тиллоев дар замони роҳбарии ӯ дар ширкати ҳавонавардии кишварро айни замон таъйид накард. Аммо гуфт, ки дар сурати пеш омадани зарурат бозрасӣ метавонад фаъолияти оқои Тиллоевро дар замони раёсат ба «Тоҷикайр» низ тафтиш кунад.
Да ҳамин ҳол дар бархе аз сомонаҳои интернетӣ ва расонаҳо матолибе мунташир шуд буд, ки Ҳокимшо Тиллоевро дар тасарруф ва азхудкунии маболиғи ширкати ҳавонавардӣ муттаҳам мекарданд.
Бино ба ахбори ин расонаҳо раиси пешини ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ширкат дар шаҳрҳои Русия барои худ манзили маскунӣ харида ва ҳамчунин қисме аз маблағҳоро ба суратҳисоби шахсиаш ворез кардааст.
Марат Мамадшоев, коршиноси тоҷик ва сардабири ҳафтаномаи "Алия- Плюс" мегӯяд, ки ношаффофӣ дар фаъолияти ширкати ҳавоӣ ва ғайри мақсаднок истифода кардани маблағ ва даромадҳои он қаблан низ ошкор шуда буд. Ва фаъолият ва тарзи хидматрасонии шубҳабарангези ин ширкат аз сӯи раиси ҷумҳурӣ, шаҳрвандони оддӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ низ мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Оқои Мамадшоев афзуд: «Дар воқеъ дар матбуот дар бораи истифодаи ғайриҳадафмандона ва тасарруфи амвол ва даромадҳои ширкати ҳавоии Тоҷикистон матолиб зиёд мунташир шудааст. Ва фаъолияти нохуб ва ношаффофи ин ширкат раиси ҷумҳурро водор кард, ки онро таҷзия карда ва дар заминаи он хадамоти ҷудогонаро таъсис бидиҳад.Аз сӯи дигар то ҷое ман огаҳӣ дорам як чунин талаб аз ҷониби яке аз сармогузорони асосии навсозии хадамоти фурудгоҳи ин ширкат дар шаҳри Душанбе кишвари Фаронса низ пешниҳод шуда буд»
Бо ин ҳама манобеи огоҳ таъйид мекунанд, ки Ҳокимшо Тиллоев муомилоти молӣ бо шарикони тиҷоратиашро дар замони раҳбариаш дар ширкати ҳавоии кишвар анҷом додааст.
Аз ин рӯ эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки мақомоти тафтишот фаъолияти ширкати ҳавоии кишвар зери раҳбарии Ҳокимшо Тиллоевро низ бозрасӣ кунад.
Бархе аз манобеъ мавориди бозпурсии кормандони баландмақоми ширкати ҳавонавардӣ вобаста ба парвандаи Тиллоев аз сӯи мақомоти тафтишотро таъйид мекунанд. Зимнан Ҳокимшо Тиллоев дар озодӣ ба сар мебарад ва муовини додситони кулли кишвар хабареро рад кард, ки гӯё Тиллоев ӯҳдадории набаромадан аз маҳалли иқоматро имзо кардааст.
Абдусамӣ Додобоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, ифтитоҳи парванда алайҳи Ҳокимшо Тиллоев, раиси пешини
Дар воқеъ дар матбуот дар бораи истифодаи ғайриҳадафмандона ва тасарруфи амвол ва даромадҳои ширкати ҳавоии Тоҷикистон матолиб зиёд мунташир шудааст...