Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмон ба вилояти Хатлон


Акс аз сафари гузаштаи президенти Тоҷикистон ба Бадахшон, 19 июли соли 2008.
Акс аз сафари гузаштаи президенти Тоҷикистон ба Бадахшон, 19 июли соли 2008.

Боздиди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷануби кишвар аз маҳалли сукунати муваққатии зарардидагони офати табиӣ дар ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон шурӯъ гардид.

Ҷамоати мазкур, бавижа деҳаҳои 18-ум Партсйезди Боло ва Партсйезди Поён, дар пайи селбориши моҳи апрел ва май бештар аз ҳар маҳалли дигар тахриб шуд, ки дар натиҷа садҳо нафар бехонаву дар мондаанд. Тибқи иттилои расмӣ, лою селоб танҳо дар ҳамин ҷо 148 хонаро пурра ва 127 манзили дигарро қисман хароб кардааст.

Раисҷумҳур Раҳмон таъкид ба ҳатмӣ будани фармони қаблан содиркардааш намуд, яъне вай аз масъулин тақозо кард, ки барои ҳар як оилаи бар асари селбориш бехонашуда то 6-уми ноябри соли ҷорӣ - то рӯзи таҷлил аз 15-умин солгарди қабули Қонуни асосии Тоҷикистон хонаи нав дода шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини бархе аз аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Хатлон, ки барои сохта додани хонаҳо аз ҳисоби худ муваззаф шудаанд, мегӯянд, дар шароити бӯҳрони молиявӣ анҷом додани чунин як кори пурмасраф осон набудааст. Хукуматхои шахру навохии Хатлон ва ташкилоту муассисахои вилояти бояд то охири мохи октябр 70 манзил сохта, бо фарохамории тамоми ашёи лозими рузгор, ба хуросонихои зарардида такдим кунанд.

Ба хотири як миқдор замини кишти пахта шуда, пеши роҳи каналро баста буданд. Инро масъулин медонистанд, аммо пешгирӣ накарданд. Чанд сол боз тоза карда нашуда буд ва боиси ҳамин садамаи бузург шуду даҳҳо хонавода акнун бе манзил монд ...
Нурулло Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Восеъ, аз якбора боло рафтани нархи масолеҳи сохтмонӣ шикоят карда, гуфт, «моро барои ин ки маҳсулоти сохтмониро аз ноҳияи Восеъ биёрем, сарфи маблағ калон лозим аст. Аз ин рӯ тасмим гирифтем аз соҳибкорони маҳаллӣ масолеҳи сохтмонӣ харида, барои хонаводаҳои осебдида манзил созем. Аммо соҳибкорон бо истифода аз фурсат қимати маводи сохтмониро то 100-200 фоиз боло бардоштанд, ки дур аз инсоф аст…».

Дар ҷараёни боздид аз ҷамоати Айнии Хуросон раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз заъфи кори мақомоти марбут ба вазорати мелиоратсия ва захоири об интиқод кардааст. Вай кори вазири соҳа Саиди Ёқубзодаро нокофӣ хонда, ӯро сарзаниш ва дар муносибати бепарвоёна нисбат ба масъулияташ муттаҳам кард. Таъкид шудааст, ки агар каналу заҳбурҳо саривақт тозаву поккорӣ мешуданд, эҳтимол пайомадҳои офоти табиӣ ба ин ҳад сангин намебуд.

Ширин Табарова, яке аз осебдидагони селбориш бар сари деҳи 18-ум Партсйезд, тасдиқ мекунад, ки дар воқеъ, пеши роҳи канали обгузар баста шуда буд ва мақомот дар чанд сари сол тозакории онро андеша намекарданд. Вай мегӯяд, «ба хотири як миқдор замини кишти пахта шуда, пеши роҳи каналро баста буданд. Инро масъулин медонистанд, аммо пешгирӣ накарданд. Чанд сол боз тоза карда нашуда буд пеши канал ва боиси ҳамин садамаи бузург шуду даҳҳо хонавода акнун бе манзил монд…»

Дар маҷмӯъ гуфта мешавад, беш аз 120 манзили нав барои бехонашудаҳо сохта тақдим мешавад, ҳамчунин беш аз 300 хонавода ҳамчун кӯмак масолеҳи сохтмонӣ дарёфт хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздиди маҳалли сохтмони манозили нав ба зарардидагон, ба деҳаи Ғайрати ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар, баъдан ба ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ рафт. Вай дар расми кушоиши маркази варзишию тандурустӣ, ки дар бунёдаш 80 ҳазор доллари амрикоӣ масраф шудааст ва ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи корхонаи нави коркарди пахта ширкат варзид. Ин корхона ҳам хусусӣ буда, бо сарфи беш аз 70 ҳазор доллар бино шудааст ва метавонад 160 нафарро бо кори доимӣ таъмин кунад.

Тибқи иттилои мақомот, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли собуни ҷомашӯӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ширкат варзад. Иқтидори истеҳсолии корхона ба тайёр кардани 4 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол баробар аст ва дар он беш аз 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоханд шуд.

Хамчунин карор аст, президенти Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди вилоят дар зарфи соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ доир созад. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру навоҳии водии Вахш ду рӯз идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG