Шавқат Ҳамроев, намояндаи Узбакистон дар ҷараёни баргузории 53-уним ҷаласаи Комиссиюни ҳамоҳангсозии кишварҳои истифодабаранда аз захоири об дар Душанбешаҳр, дар ин бора таъкид кард ва гуфт, "мо бо Тоҷикистон қарордоди дуҷониба дорем ва онро иҷро хоҳем кард". Оҷои Ҳамроев гуфт, Узбакистон намехоҳад ба хотири об барои обёрӣ 1 киловатт/соат нерӯи барқи Қирғизистонро бо қиммати 9 сенти амрикоӣ бихарад. Вай ин иқдоми Қирғизистонро ноодилона хонд.
Аммо оқои Ҳамроев дар бораи ҷилавгирӣ аз масрафи беҳудаи об дар Узбакистон ва аз ҳад зиёд кардани кишти пахта, ки ба хушкшавии баҳри Арал мунҷар шудааст, иттилоъ надод. Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ ба ин нукта таъкид карда гуфтааст, ки Узбакистон фаъолияти худ дар бахши кишоварзиро ба тағйири иқлими саросарӣ мутобиқ накарда, дар бахши кишоварзӣ то ба ҳол аз усул ва шеваҳои замони Шӯравӣ кор мегирад. Ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ, Узбакистон дар шароити хушкшавии баҳри Арал ба як кишвари аслии содиркунандаи пахта ба бозори ҷаҳонӣ мубаддал шудааст.
Ҳамин масъала дар иҷлоси Душанбе аз сӯи вазири обу мелиоратсияи Тоҷикистон низ матраҳ шуд. Саид Ёқубзод, вазири обу мелиоратсияи Тоҷикистон, ба намояндагони Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ин суол, ки «обе, ки аз Тоҷикистон барои хушк нашудани баҳри Арал ҷорӣ мегардад, куҷо мешавад?», муроҷиат кард ва ҳеҷ касе аз намояндагони чор кишвари Осиёи Марказӣ ба он посух надод.
Аммо Яраш Пулодов, директори пажӯҳишгоҳи гидротехникӣ ва мелиоратсияи вазорати обу обёрии Тоҷикистон, гуфт, ки ин обро Узбакистон ва Туркманистон истифода мебаранд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа мавзуи контроли об дар қаламрави ҷумҳуриҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон, матраҳ шуд. Саид Ёқубзод, вазири обу мелиоратсияи Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки барои контроли воқеии захоири об дар минтақаҳои бетараф гидропостҳои ҳисобу китоби захоири воқеии об ташкил карда шавад. Вай афзуд, «барои мисол гидропост дар қаламрави Узбакистон аст. Мо дақиқ намедонем, ки масрафи об чӣ қадар аст. Ҷониби Узбакистон ба коргарони мо иҷозати контроли об дар ин гидропостро намедиҳанд».
Намояндагони Қирғизистон ва Қазоқистон аз ин пешниҳод пуштибонӣ карданд. Равшанбек Қамчибеков, намояндаи Қирғизистон, гуфт, мо бояд гидропостҳоро дар маҳалле ҷой диҳем, ки ҳама кишварҳо ба он дастрасӣ дошта бошанд. Дар он сурат баҳсу кашмакашҳои лафзӣ бар сари об ва масрафи он аз байн хоҳад рафт.
Мавзуи пофишориҳои Узбакистон дар мавқеи худ ва напазируфтани тавофуқи ҷаҳорҷониба дар тақсими захоири об аз сӯи Узбакистонро дар гуфтугӯ бо Амирхон Кемшинов, муовини раиси кумитаи давлатии захоири оби Қазоқистон, дар миён гузоштем ва аз ӯ пурсидем, ки ба чӣ далел Узбакистон тавофуқҳои чаҳорҷонибаро намепазирад? Вай гуфт, «Узбакистон имзои тавофуқномаҳои дуҷониба дар мавриди баҳрабардорӣ аз захираҳои об бо Тоҷикистон ва Қирғизистонро намепазирад ва ба имзои тавофуқномаҳои чаҳорҷониба алоқаманд нест. Вале мо мехоҳем, ки ин тавофуқномаҳои чаҳорҷониба имзо шавад ва ҳар кишвар дар иҷрои он масъул бошад. Мушкили аслӣ сари он аст, ки ҳар як кишвар ба мавқеи сиёсӣ ва ё иқтисодии худ ин тавофуқномаҳоро иҷро намекунад».
Намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар 53-умин иҷлоси Комиссиюни ҳамоҳангсозии баҳрабардорӣ аз захоири об барои ташкили гидропостҳои умумӣ, ки намояндагони ҳамаи кишварҳо ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд, тавофуқ карданд. Аммо ба эътиқоди намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, баъид ба назар мерасад, ки ин тавофуқ амалӣ бишавад. Ба ин далел, ки ҳеҷ кишвар намехоҳад ба манфиати дигаре ва ё ба манфиати кишварҳои минтақа гузашт кунад.