Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барон Мюнҳаузен" аз мо рафт


Долонҳои “Ленком”, аз маъруфтарин театрҳои Маскав, холӣ ва тира чун чеҳраи азодорон аст. Театр воқеъан мотам дорад – субҳи чоршанбе Олег Янковский бо олами ҳастӣ падруд гуфт.

Марк Захаров, раҳбари театри “Ленком”, мегӯяд, ки даргузашти Олег Янковский, аз маъруфтарин ҳунармандони рус, барои онҳо зарбаи ҷонкоҳ аст ва ӯ намедонад, ки онро чӣ гуна таҳаммул хоҳанд кард. Ба гуфтаи Марк Захаров, аҳли театр то лаҳзаи ахир умедвор буданд, ки маризӣ ақиб менишинад ва Олег Янковский аз нав рӯи саҳна меояд. Ва аммо мӯъҷизае, ки интизор буданд, рух надод. Ҳамон гуна, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш умеди онҳо барои шифо ёфтани дигар ҳунарманди машҳури театр Александр Абдулов ботил шуда буд.

Олег Янковский ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш 65-умин зодрӯзи худро таҷлил карда буд. Он вақт ҳарчанд сахт мариз буд, рӯи саҳна омад ва дар намоишномаи “Зангирӣ” яке аз нақшҳои асосиро бозӣ кард. Аксари тамошобинон он вақт намедонистанд, ки ҳунармандро бори ахир дар саҳна мебинанд.

Олег Янковский дар театру синамо нақшҳои гуногун - аз Ленин то Ҳамлет ва аз Петри 1 то барон Мюнҳаузенро офаридааст. Ӯ дар сӯҳбатҳо ҳамеша аз овони кӯдакии овораву ташнаву гушнааш дар даштҳои Қазоқистон ёд меовард – падари Янковский афсар ва ашрофзодаи лаҳистониро ҳукумати шӯравӣ ба ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ бадарға карда буд. Ва ба ёди рӯзҳои беғубори ҷавонӣ мерафт, ки барои нахустин бор дар театри шаҳри Саратов дар як намоишнома нақши кӯчакеро бозида буд.

Олег Янковский мегуфт, ӯ он вақт дар саҳнаи театрҳои Маскав, аз ҷумла, дар театри “Ленком” нақш офариданро ҳатто орзу ҳам намекард. Ва аммо ӯ чун дигар дӯстонаш – Александр Абдулов, Николай Карачентсев ва Александр Збруев тавассути синамо шӯҳратёр шуд – соли 1968 Янковский дар филми “Сипар ва шамшер” нақши асосиро офарид ва ба маҳбуби миллионҳо табдил ёфт. Баъдан ӯ дар даҳҳо филм нақш бозӣ кард –“Ситораи бахти оламгир”, “Мӯъҷизаи муқаррарӣ”, “Ҳамон Мнюҳаузен”, “Парвозҳо дар хобу бедорӣ” ва дигар филмҳо бо ширкати Олег Янковский то имрӯз миёни мардум машҳуранд.

Бори ахир ӯ дар филми таҳиягари рус Павел Лунгин “Шоҳ” нақши митрополит Филиппро офарид – ин филм имрӯзҳо дар ҷашнвораи синамои Канн дар бахши “Нигоҳи вижа” намоиш дода мешавад. Худи ҳунарманд ҳамеша аз он ифтихор мекард, ки дар ду филми Андрей Тарковский - “Ойина” ва “Носталгия” - нақш офаридааст. Ва аммо Олег Янковский на ҳама пешниҳодҳои таҳиягаронро мепазируфт - ӯ, аз ҷумла, аз иҷрои нақши Воланд дар филми “Мастер ва Маргарита” сарпечӣ кард, зеро мутмаин буд, ки нақши Худо ва Иблисро бозидан номумкин аст.
XS
SM
MD
LG