Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи соли 2009 таҷдиди назар шуд


Вакилони Маҷлиси намояндагон бидуни мухолифати назар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷаи давлатӣ барои соли ҷориро таъйид карданд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки лоиҳаи иловаҳо ба қонуни бюҷетро ба вакилон шарҳ медод, гуфт, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва пайомадҳои номатлуби он водор кардааст, ки ин санади муҳимми давлатӣ бознигарӣ шавад. Зеро бюҷаи давлатӣ, ки дар соли гузашта таҳия ва қабул шуда буд, манобеъ ва сарчашмаҳои таъминотиашро то нисф аз даст додааст.

Вазири молияи Тоҷикистон афзуд, давлат то ҳадди тавон талош кардааст, масориф ва махориҷи худ дар бахши иҷтимоиро бидуни тағйир ва ё бо таҳрири андак ҳифз кунад. Аммо бархе аз харҷҳое, ки пештар барномарезӣ шуда буданд, аз қабили сохтмони ин ва ё он иншоот ва тармиму таъмири биноҳо, ба баъд мавқуф гузошта шуданд:

«Маблағгузории сохтмонҳои асосии оғознашуда, дигар иншоотҳои зарурияти аввалиндараҷа надошта ва хароҷоти вазорату идораҳо мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ ва бюҷаҳои маҳаллӣ аз ҳисоби моддаҳои хароҷотҳои хоҷагидорӣ, таъмир хариди таҷҳизот, нақлиёт, сафарҳои хидматӣ ва хароҷотҳои дуюмдараҷа кам карда шуданд».

Вазири молияи Тоҷикистон афзуд, яке аз тадбирҳое, ки давлат ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ роҳандозӣ кард, ташкили захираҳои молӣ бо истифода аз сармояҳои муассисоти байнулмилалии молиявист. То кунун давлат тавонистааст ба маблағи 208 миллион сомонӣ маблағҳои ройгонро барои татбиқи барномаҳои бюҷетии худ аз созмонҳои молӣ ба даст оварад.

Зимнан вакилони порлумон, аз ҷумла Ҷумъабой Сангинов, аз лоиҳаи тағйиру иловаҳои ҳукумат ба қонуни бюҷети давлатӣ дар соли ҷорӣ пуштибонӣ карданд. Оқои Сангинов ҳифзи маблағҳои арсаи иҷтимоӣ дар қиёс бо дигар бахшҳо дар бюҷаи ислоҳшударо иқдоми мусбат арзёбӣ кард:

«Пешбинӣ шудааст, ки маблағҳои сектори сохтмон ва коркарди канданиҳои фоиданок, нақлиёт ва сохтмон дар доираи бист фоиз, секторҳои хоҷагии қишлоқ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи 12-15 фоиз кам шаванд ва секторҳои иҷтимоӣ аз ҷумла тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ маблағгузориашон ҳамагӣ 2-3 фоиз кам мешаваду халос».

Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, вакили порлумон аз ҲКТ, бар ин нукта таъкид кард, ки замони хатми бӯҳрони молиявӣ ҳоло маълум нест. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки давлат дар идораи арсаи иқтисодӣ дар ин давра ба иқдомоти мушаххас даст бизанад.

Дар ҳамин ҳол Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, алорағми созмонҳои молиявии байнулмилалӣ, ки мегӯянд татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони молӣ ба баъд мавқуф гузошта шавад, гуфт, ки давлат сармоягузорӣ ба арсаи энержӣ аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳоро коҳиш намедиҳад.

Ба ин тартиб бахши даромади бюҷаи бознигаришудаи давлат 2 миллиарду 597 миллион сомонӣ ва бахши масрафи он 2 миллиарду 699 миллион сомониро дар бар мегирад. Касри бюҷа сифру аз даҳ панҷ дар сади тавлидоти нохолиси миллӣ ва ё 103 миллион сомонӣ аст. Бо вуҷуди ин вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки дар иҷрои ин буҷа давлат ба 500 миллион сомонӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG