Мулоқоти ӯ бештар аз як соат давом кард ва дар ин нишаст саволҳову пурсишҳо хеле зиёд буд - аз тадбирҳои зидди зукоми хук сар карда, то ноамниҳо дар Покистону Ироқ. Раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, вай мутмаин аст, ки силоҳи ҳастаии Покистон аз дасти тундгароҳои исломӣ дар ин кишвар эмин мемонад, вале вай аз ҳассос ва шикананда будани ҳукумати дунявии Покистон амиқан изҳори нигаронӣ кард.
Зимни як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед бахшида ба 100 рӯзи аввали кораш ба ҳайси раҳбари Амрико Обама гуфт, мутмаин аст, ки артиши Покистон хатари ба дасти "нафарони хато" афтодани силоҳҳои ҳастаиро дарк мекунанд. Вай афзуд, ки ҳукумати заъифи дунявии ин кишвар ҳоло тавони ироаи хадамоти бунёдиро ба мардуми Покистон надорад: "Ман аз вазъияти Покистон амиқан нигаронам ва на ба он хотир, ки Толибон аз марзҳо гузашта Покистонро таҳти назорат қарор медиҳанд. Бештар аз он нигаронам, ки ҳукумати дунявии Покистон дар марҳилаи кунунӣ хеле шикананда ва заъиф аст".
Обама афзуд, ИМА зиёд манфиатдор аст, ки Покистонро як кишвари боэътидол бубинад. Вай гуфт, чунин ба назар мерасад, ки низомиёни Покистон тоза дарк мекунанд, ки хатари азимтарини онҳо на аз ҷониби душмани таърихии онҳо Ҳинд, балки аз ҷониби тундгароҳои исломӣ бармехезад. Дар робита бо Ироқ, ӯ ба ҳамлаҳои интиҳории рӯзҳои охир ва афзоиши таркишҳои бомб дар ин қаламрав рӯ овард. Обама гуфт, ин ҳодисаҳо боиси нигаронӣ аст, аммо ҳамоно дар муқоиса бо чанд соли пеш ҳоло мизони қурбониҳо дар миёни мардуми осоишта ба маротиб кам шудааст.
Дар робита бо ҳукумати Ироқ вай изҳори боварӣ кард, ки низоми сиёсии ин кишвар "коромад" мебошад. Аммо дар айни замон, афзуд ӯ, ҳоло дар шароите, ки нерӯҳои амрикоӣ хоки ин кишварро тарк мекунанд, дар бахши сиёсӣ дар Ироқ кор ҳамоно хеле зиёд аст. Вай гуфт: "Низоми сиёсӣ дар Ироқ устувор ва амалкунанда аст. Як сабаби ин ки ба берункашии тадриҷии нерӯҳо даъват кардам, ин аст, ки ман мухолифи якбора тарки макон кардани нерӯҳо мебошам. Чунки ҳоло кори хеле зиёде дар умури сиёсӣ бояд анҷом шавад, то ки боқимондаҳои Ал-Қоида дар Ироқ бештар дар муҳосира қарор дода шаванд".
Зимнан, сӯҳбатҳои Обама роҷеъ ба Ироқ замоне садо дод, ки дар Бағдод рӯзи чоршанбе дар пайи чанд ҳамлаи интиҳорӣ 41 нафар кушта шуданд. Барак Обама ҳамчунин ба сиёсати хориҷии кишвараш муроҷиат кард ва гуфт, ӯ ваъдаи тағйир додани самтгириҳои ин сиёсатро карда буд ва ҳоло кор дар ин ҷараён шурӯъ шудааст.
Вай афзуд, ки ҷанги Ироқро анҷом наздик аст ва дар ҳамкорӣ бо кишварҳои эътилофӣ дар паймони низомии НАТО, гуфт ӯ, стартегияи нави мубориза бо Ал-Қоида дар Афғонистону Покистон таҳия мешавад. Вай афзуд, ки инчунин талошҳои дипломатии Амрико барои муқобила бо чолишҳо аз бӯҳрони иқтисодӣ сар карда, то тавсеаи силоҳи ҳастаӣ нав шудааст. Вай гуфт, ки ин ҳама танҳо оғоз аст ва як оғози хуб аст, аммо ҳанӯз ҳам наметавонад бигӯяд, ки пурра қаноатманд аст. Миллионҳо амрикоиҳо бекор ҳастанд, гуфт ӯ, ва то замони аз байн рафтани рукуди иқтисодӣ чизи бисёри дигар аз даст хоҳад рафт.