Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р. Баучер: "ИМА коршарики қавии Тоҷикистон аст"


Дарёфти роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон дар бахши амнияти минтақа, ҷилавгирӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир, густариши ҳамкориҳо дар амри кумак ба Афғонистони ҳамсоя, ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони молӣ аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯи Ричард Баучер, ёвари вазири хориҷаи ИМА, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон буд.

Оғои Баучер пас аз анҷоми дидораш дар бораи ин ҳамкориҳо гуфт, "мо роҷеъ ба ин, ки чӣ гуна метавонем дар бахшҳои амнияти минтақа ва расонидани кумак ба Афғонистон ва дар бахши иқтисодӣ ҳамкориҳои худро густариш диҳем, сӯҳбат кардем. Ман ба президенти Тоҷикистон гуфтам, ки Барак Обама раисиҷумҳури Амрико бисёр шавқманд аст, ки ҳамкориҳо дар ин минтақа равнақ дода шаванд. Амрико ба ҳайси ҳамшарики қавии Тоҷикистон талош мекунад, ки ҳамкории худро бо ин кишвар дар масъалаи афзоиши тадбирҳо ҷиҳати таъмини амнияти минтақа ва эҷоди мавонеъ дар баробари қочоқи маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон тавсеа бахшад. Сафари аслии ман ба ин минтақа фаҳмонидани сиёсати ҷадиди ҳукумати Барака Обама дар масъалаи Афғонистон мебошад".

Ричард Баучер дар расидагӣ ба ин суол, ки чӣ гуна ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон, ки дар гузориши ахири Созмони бӯҳроншносӣ ба унвони як кишвари худкома нишон дода шудааст, ҳамкории худро густариш медиҳад, гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкорӣ идома хоҳад кард. Лидерони сиёсии Иёлоти Муттаҳида интихоб карда шудаанд ва онҳо ин ҳамкориро мехоҳанд. Мо дар тамоми бахшҳое, ки барои ҳарду ҷониб манфиатбор ҳастанд, ҳамкорӣ хоҳем кард".

Масъалаи дигаре ки Ричард Баучер ишора кард, интиқоли кумакҳои ғайринизомии Иёлоти Муттаҳида аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон буд. Оғои Баучер афзуд, ҳоло дар ин замина як созишнома дар садади омода шудан аст ва дар чаҳорчуби он наҳваи кумакҳо омухта мешаванд, ки кадом навъи кумак расонида мешавад ва чӣ гуна амалӣ карда хоҳад шуд. Ҳоло мавқеъ ва назари Русия ҳам дар ин росто муҳим аст. Пас аз омузиши ин ҳама санад ба имзо расонида шуда, барномаи кумак ба амал хоҳад даромад.
XS
SM
MD
LG