Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев дар Душанбе Сангтуда-1-ро боз мекунад


Абдулло Юлдошев, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Абдулло Юлдошев, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, мавзеъ ва ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи захираҳои об қатъист.

Абдулло Юлдошев гуфт, захираҳои обӣ бояд мавриди баҳрабардории ҳамаи кишварҳои минтақа бошанд. Аммо афзуд, агар барномаҳои сохтмони ниругоҳҳо анҷом нашавад, имкон дорад дар оянда мушкили беобӣ домангири кишвраҳои поёноб гардад. Оқои Юлдошев афзуд, Тоҷикистон зимни ҳимоят аз манофеъи миллии худ, ҳаргиз манофеъи кишварҳои поёнобро дар истифода захираҳои обӣ маҳдуд нахоҳад кард.

Оқои Юлдошев гуфт, ин масъала ду назокат дорад, яке масъалаи наҷоти Арал аст. Вале агар гап дар мавриди истифодаи об ба манзури обёрӣ ва кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ биравад, ҷараёни обе, ки аз Тоҷикистон ба сӯи кишварҳои поёоб ҷорӣ мешавад, ҳаргиз кам нахоҳад шуд, балки афзоиш хоҳад ёфт. Яъне агар як обанбори дигар бунёд шавад, пас ҷараёни об бештар мешавад. Вале агар сохта нашавад, ва имкони ҷамъ кардани об набошад, кишварҳои поёноб танҳо он чиро хоҳанд дарёфт кард, ки дар рӯдхонаҳо ҷорист.

Ин дар ҳолест, ки дар се рӯзи пеш Вазорати умури хориҷаи Узбакистон зимни баёнияе бори дигар мухолифати Тошкандро ба бунёди нирӯгоҳҳои бузурги Роғун дар Тоҷикистон ва нирӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистон баён карда буд. Узбакистон иддао дорад, ки сохтмони ин ду нирӯгоҳ кишварҳои поёнобро ба мушкили обёрии заминҳои кишоварзӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, дар поёни ин моҳ Тоҷикистон бо мавзеъи мушаххас ва эълоншудаи худ дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ дар ҷаласаи кишварҳои узви Бунёди наҷоти Арал ширкат хоҳад кард.

Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст, дар моҳи май маросими ифтитоҳи расмии нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 доир шавад, ки дар он раисҷумҳури Русия Д. Медведев низ ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG