Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти бародари собиқ вазири корҳои дохилӣ


Тағойназар Солеҳов, бародари Муҳаммадназар Солеҳов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон ба иттиҳоми содир кардани ҷиноёти сангин боздошт шудааст.

Хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон - Ховар, аз қавли манобеи додситонии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, навиштааст, ки Тағойназар Солеҳов, аз ҷумла, дар қатли додарарусаш гумонбар мешавад. Ҳамин манбаъ афзудааст, ки Тағойназар Солеҳов, соли 1999 тавассути гулулаи Калашников дар хонаи шахсиаш Далер Фозилов, додари ҳамсарашро ба қатл расонидааст.

Тағоймурод Солоеҳов, бародари Муҳаммадназар Солеҳов 56 сол дорад ва ахиран масъулияти раҳбарии терминоли гумруки шаҳри душанберо бар ӯҳда дошт.

Аммо Муҳаммадназар Солеҳов, ки дар як моҳи пеш аз мақоми вазорати корҳои дохила барканор шуд, аз рузҳои нахустини таъсиси ҳукумати ба пуштибонии Фронти халқӣ дар ҳайати он буд. Муҳаммадназар Солеҳов тӯли чандин сол дар мақомҳои додситони кул, раиси додгоҳи Қонуни асосӣ, муовини вазири умури дохила ва ду навбат раҳбари дастгоҳи иҷроя ё маъмурияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва калидӣ дар ҳукумати ӯ ба шумор меомад.
XS
SM
MD
LG