Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз расонаҳои русӣ


Мақомоти ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ва хабарнигорон зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе вазъи вобаста ба қочоқи маводи мухаддир ва инъикоси он дар расонаҳоро баррасӣ кардаанд.

Қочоқи маводи мухаддир ҳамчунон хатарест, ки мақомот аз он нигарон мебошанд. Ва нигаҳ доштани субот дар остонаи интихобот дар Афғонистон ба масъалаи мубориза бо маводи мухаддир аҳамияти хос дорад. Зеро ҳар гуна бесуботӣ имкони афзоиши қочоқро бештар хоҳад кард. Аз сӯи дигар, мақомоти вазорати дохила ва Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз афзоиши гузоришҳои, ба гуфтаи онҳо, муғризонаи расонаҳои Русия, низ, изҳори нигаронӣ кардаанд.

Фахриддин Ҷонмаҳмадов, сардори ситоди Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, зарфи чор соли охир тақвияти субот дар манотиқи шимоли Афғонистон имкони ҳамкории ниҳодҳои ду ҷониб дар роҳи мубориза бо маводи мухаддирро бештар кардааст. Ба гуфтаи Ҷонмаҳмадов, ҳамкории Тоҷикистон бо Афғонистон дар ин замина натиҷаи қобили мулоҳиза додааст. Аммо бархе расонаҳо ва доираҳои манфиатдор чунин натиҷаҳоро нодида мегиранд. Оғои Ҷонмаҳмадов аз ҷумла гуфт, бо мусоидати афсарони Оҷонси мазкур дар Афғонистон зарфи чор соли охир, ҳудуди 6 тонна маводи мухаддир мусодира, 19 озмоишгоҳ ва тавлидгоҳи ҳероин нобуд ва беш аз 100 шаҳрванди Афғонистон, ки дар қочоқи мавод ба Тоҷикистон даст доштанд, дар дохили Афғонистон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Сардори ситоди Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, ҳамчунин, иддаои мақомоти Хадамоти назорат бар маводи мухаддири Русияро дар мавриди авзои қочоқи мухаддирот дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон беасос хонд. Ахиран, Виктор Иванов, сардори Хадамоти назорати маводи мухаддири Русия, изҳор намуда буд, ки рӯзона то 300 мошин пули Панҷи поён бар фарози рудхонаи Омуро умур мекунад ва ҳар дуввумин мошине, ки тавассути ин пул ба Тоҷикистон мегузарад, ҳомили ҳероин мебошад. Аммо сарҳанг Ҷонмаҳмадов ин иддаоро бепоя хонд ва гуфт, ҳамарӯза аз ин пул ҳудуди 50 мошин убуру мурур мекунад, ва ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ бо Афғонистон таҳти контроли нируҳои марбута қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки бархе коршиносон ва таҳлилгарон, як иллати нокомии мақомот дар амри муқобила бо маводи мухаддир ва афзоиши онро ба ҷой доштани фасод дар ниҳодҳои қудратӣ ва нокифоятӣ ё сатҳи пасти омодагии кории кормандони ин ниҳодҳо медонанд. Сардори ситоди Оҷонси мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон ҷой доштани фасодро инкор намекунад, аммо мегӯяд, сатҳи фасод дар Тоҷикистон аз сатҳи фасод дар кишварҳои дигари ИДМ болотар нест.

Ҳамчунин, як мавриди дигаре, ки ба гуфтаи ҳам мақомот ва ҳам масъулини расонаҳо ҷои нигаронӣ дорад, инъикоси авзои мубориза бо маводи мухаддир аст. Масъулини ниҳодҳои зирабт мегӯянд, ахиран бархе расонаҳои Русия як маъракаи аз шаҳрвандони Тоиҷикистон ба намоиш гузоштани чеҳраи қочоқгарро ба намоиш ба роҳ мондаанд. Аз суи дигар, ба гуфтаи ин мақомот, расонаҳои миллӣ низ дар амри гуфтани воқеъияти авзои вобаста ба қочоқ ва мубориза бо он, кори лозимро анҷом дода натавонистаанд.

Аммо таҳлилгарон ва хабарнигорон чунин воқеъиятро ба чандин омил вобаста медонанд. Аз ҷумла, тахассус надоштани хабарнигорон дар ин ришта ва камтаваҷҷӯҳии масъулини расонаҳо ба мушкили маводи мухаддир аз ин омилҳо унвон мешавад.

Аммо ба гуфтаи мақомоти муборизакунанда бо маводи мухаддири Тоҷикистон, як мушкили дигаре, ки ҷой дорад, камбуди молӣ аст. Мушкили молӣ, мегӯянд масъулини тоҷик, имкони ҳамкорӣ бо ниҳодҳои кишварҳои дигар, ширкати намояндагони онҳо дар нишастҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо расонаҳои хориҷиро маҳдуд кардааст, ки ин ҳол низ боис шуда, ки талошҳои ниҳодҳо ва дастоварди онҳо ношинохта боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG