Аз ҷумла, вакилони порлумон аз гузориши вазири молия дар бораи натоиҷи иҷрои буҷаи давлатӣ дар соли гузашта ва низ аз тадобири андешидаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо бобати камзарар пушти сар кардани бӯҳрони молиявӣ изҳори ноқаноатмандӣ карданд. Дар саволу ҷавобе, ки миёни вакилони порлумон ва масъулони блоки иқтисодии ҳукумат доир шуд, вазирон посухҳои қонеъкунанда дода натавонистанд.
Баҳсу мунозира миёни вакилони порлумон ва вазири молияи Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон ба фарқ аз сӯҳбатҳо ва пешгӯиҳояш дар тирамоҳи соли гузашта, ки мегуфт бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба иқтисоди мо таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт, иқрор кард, ки вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ нигаронкунанда аст. Оқои Наҷмиддинов гуфт, бо чунин шитоб ва шиддат асар кардани бӯҳрони иқтисодиро ҳатто кишварҳои пешрафтаи олам интизор набуданд. Ва дар Тоҷикистон бӯҳрони молиявӣ дар натиҷаи уфти бамаротиби баҳои пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва низ ба шиддат коҳиш ёфтани воридоти маблағҳои муҳоҷирин ба дигар арсаҳои хоҷагии халқ таъсири манфии худро гузоштааст.
Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури саноат ва энергетика тадобири андешидаи масъулони бахши иқтисодии кишвар ҷиҳати камтаъсир гузаронидани бӯҳрони молиявиро нокофӣ хонд. Оқои Исломиддинов гуфт, дар ҳоле, ки беш аз навад дар сади маҳсулоти бозорҳои кишварро тавлидоти хориҷӣ ташкил медиҳад, шеваи андозбандӣ ва андозситонӣ бо шароити бӯҳронӣ мутобиқ нашудааст.
Юсуфҷон Аҳмадов, вакили дигари порлумони Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки масъулони блоки иқтисодии давлат тайи ин ҳама солҳои истиқлол барои соҳибкорон ва тоҷирон заминаҳои мусоиди фаъолият фароҳам накарданд. Ва оқибат чунин тарзи кор ба он овард, ки ҳатто пиёз аз Русия ворид карда мешавад.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, тайи се-чаҳор моҳи ахир қурби пули миллӣ 14 дар сад поин рафт. Ҷамъоварии андозҳо низ дар муқоиса ба солҳои қабл коҳиши чашмгир доштааст. Аз ин рӯ, гуфт ҷаноби Наҷмиддинов, ҳарчанд дар семоҳаи ахир масъалаи бознигарии буҷа дар назар дошта нашудааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба идомаёбии раванди бӯҳрони молиявӣ бархе аз моддаҳои буҷаи соли равон ба таҳрир ва бознигарӣ ниёз пайдо кардааст. Оқои Наҷмиддинов афзуд, ба ин далел ба ҳама созмон ва муассисоти буҷавӣ дастур дода шудааст, ки масрафотро то ҳадди тавон камтар кунанд.
Вазири молияи Тоҷикистон таъкид кард, ки бархе аз пешниҳодоти вакилони порлумон, аз ҷумла дар бораи коҳиши андоз барои амволи воридотӣ ва мутаваққиф кардани сармоягузорӣ ба сохтмони бархе аз иншоотҳоро давлат дар ҳоли баррасӣ қарор додааст. Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, сармоягузории буҷавӣ ба истиснои нерӯгоҳи Роғун дар бақия сохтмонҳои нисбатан бузург мутаваққиф шудааст.