Намоиш як моҳ идома ёфта, барои тамошобинон имконият фароҳам меорад, ки 10 филми ҳунарии коргардонҳои мамолики Осиёи Марказиро тамошо кунанд.
Некруз Сарбаландов, намояндаи мактаби мазкур, ҳадафи баргузории силсилафилмҳоро ошноӣ додани тамошобини ҷавон ба фарҳангу тамаддуни мардуми кишварҳои ҳамҷавор арзёбӣ намуд: «Дар силсиланамоиш аз ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ду филм, ки ҳаёти фарҳангиву иҷтимоъии мардумро дар ду давра – пеш ва пас аз истиқлол – тасвир кардаанд, пешкаши тамошобин мегарданд».
Филмҳои тоҷикиро дар намоиш «Ҳасани аробакаш»-и Борис Кимёгаров ва «Қош ба қош»-и Бахтиёр Худоназаров муаррифӣ мекунанд.
Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ инчунин «Кӯҳҳои сафед»-и коргардони қирғиз Мелис Убукеев, «Замини падарон»-и коргардони қазоқ Шакен Айманов, «Арус»-и Хоҷақулӣ Айманов, «Суханвар»-и коргардони узбак Юсуф Розиқов аз ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Тамошогарони нахустин филм донишомузон ва ҷавонон буданд. Ба гуфтаи донишҷӯи донишгоҳи давлатии Хоруғ Шамс Саидбеков, бо басташавии охирин кинотеатр дар Хоруғ барои ҷавонон имконияти баҳрабардорӣ аз кино, ҳамчун як намуди санъат, то андозае маҳдуд шудааст. Ба бовари ӯ, баргузории силсилафилмҳо оид ба ҳаёти фарҳангиву иҷтимоъии мардуми кишварҳои ҳамсоя дар парвариши зебошиносӣ ва таҳкими ҳамгироии фарҳангиву маърифатии насли ҷавон кумак мекунад.
Ба таъйиди масъулини чорабинӣ, ин филмҳо аз баргузидаҳои бунёди Маркази кинематографияи Мамолики Осиёи Марказӣ буда, дар бахшҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳрчаҳои Нарини Қирғизистон ва Текели Қазоқистон низ ба намоиш дода мешаванд.