Қарор аст, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ суханронӣ карда, ва ҳамчунин дар ҷараёни сафари кориаш бо мақомоти расмии Эрон дидору мулоқот анҷом диҳад. Тайи ин сафар президент аз устонҳои Кирмон ва Киш ва корхонаҳои саноатии ин ду вилоят дидан хоҳад кард.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон, иштирок ва суханронии ӯ дар даҳумин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ё ЭКО дар пойтахти ин кишвар ба дунболи мусофиратҳои ахири ӯ ба Аврупо ва Русия иттифоқ уфтод. Мақомоти расмӣ аз тавзеҳи ҷузъиёти барномаи сафари президент худдорӣ мекунанд. Аммо дар сомонаи хабаргузории давлатии «Ховар» таъкид шудааст, ки дар ин сафар таваҷҷӯҳи бештар ба густариши ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба дар соҳаи энергетика дода хоҳад шуд.
Нн нуктаро коршиносони тоҷик низ таъкид мекунанд. Зеро Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои энергетикии худ ба сармоягузории хориҷӣ шадидан ниёз дорад. Ва дар ҳоле, ки ширкати Русия дар ин барномаҳо ва ба вижа сохтмони нерӯгоҳи Роғун норӯшан боқӣ мондааст, табиист, ки Эмомалӣ Раҳмон талош хоҳад кард, то дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ коршариконеро пайдо кунад. Аммо, мегӯянд коршиносон, дар шароити феълӣ, ки бӯҳрони молии ҷаҳонӣ иқтисоди кишварҳоро бо душвориҳо рӯбарӯ кардааст, баъид ба назар мерасад, ки дар чаҳорчӯби ин созмон низ тарҳҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон маблағгузоронро пайдо кунад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1977 аз сӯи Эрон, Туркия ва Покистон таъсис дода шуда, сипас кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон ба он ҳамроҳ шуданд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ дар Эрон то рӯзи 15 март идома хоҳад дошт. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо раҳбари инқилоби исломии Эрон Сайид Алии Хоманаӣ ва раисҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дидору мулоқот хоҳад кард. Бо анҷоми сафар ба Эрон президенти Тоҷикистон вориди Анқара мешавад ва дар расми гушоиши бинои нави сафорати Тоҷикистон иштирок ва рӯзи баъд дар ҳамоиши байнулмилалии об дар шаҳри Истанбули Туркия ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.