«Озодагон» таҳти унвони «Русия қатъияти Тоҷикистонро тарафдорӣ мекунад» сӯҳбатеро бо раиси Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов мунташир кардааст. Оқои Ҳабибов гуфтааст, ки «Русия ба унвони як кишваре, ки бо Тоҷикистон собиқаи тӯлонии муносибот ва равобит дорад ва махсусан дар солҳои ҷанги дохилӣ, ки бархе аз нерӯҳо мехостанд Тоҷикистонро пора-пора бубинанд, барои ҳифзи якпорчагӣ в амнияти кишвар амалан иқдом кардааст». Ба қавли оқои Ҳабибов, роҳандозии равобити хуб ва босамар бо Русия бар манфиати мардум ва давлати тоҷикон аст, ҳарчанд ки инро ҳатто бархе аз ҳамсояҳои мо намехоҳанд.
Дар ҳамин ҳол нашрияи «Зиндагӣ» низ зери унвони «Манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои роҳбурдӣ» як матлаби таҳилиеро дар мавриди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ба қалами донишманди тоҷик Фотеҳ Абдулло дарҷ кардааст. Оқои Абдулло дар иртибот ба изҳори назари бархе аз коршиносон, ки гуфтаанд Русия барои Тоҷикистон шарики мӯътамад нест ва бояд пойгоҳи низомиаш аз кишвар ихроҷ шавад, гуфтааст, ки ин ҳарфҳо дар шароите, ки «аз сӯи ғарбу шимол Тоҷикистон бо таҳдиди пантуркизими байнулмилалӣ, ки сол то сол иқтидору нуфузи бештаре пайдо мекунад, мувоҷеҳ аст, дуруст нест. Пас, навиштааст оқои Абдулло, ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон бар хилофи манфиатҳои миллии мо нест ва ба миён гузоштани барчидани пойгоҳи низомии Маскав роҳро барои рақибони роҳбурдии Тоҷикистон боз кардан аст.
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» низ зери сарлавҳаи «Ба Маскав бояд бо омодагӣ рафт» дар ин робита як матлаби муфассалеро чоп кардааст. Аммо ин нашрия ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро кафили амният ва суботи кишвар нахондааст. Нашрия ба вуқуи инқилоби рангаи соли 2005-и Қирғизистон ва сарнагунии ҳукумати Аскар Оқоев ишора карда, гуфтааст, ки пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон он вақт натавонистааст амнияти ҳукумат дар Қирғизистонро таъмин кунад. Ва вақте дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия ва маркази назорати кайҳонии мавсум ба «Окно»-и ин кишвар мустақаранд, Тоҷикистон бояд бар иваз аз Русия имтиёзҳоеро бигирад. Онгуна ки қирғизҳо муваффақ ба дарёфти сармояи тақрибан ду миллиарддолларӣ аз Русия шуданд.
Равобити Тоҷикистону Русия дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар сӯҳбате бо иҷрокунандаи вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Сафири Русия сарусадоҳо дар бораи тирагии равобити Тоҷикистону Русияро нодуруст хонда гуфтааст, ки кишвараш ҳеҷ гоҳ аз мушорикат дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон худро пас накашидааст. Ва аз сӯи дигар, афзудааст оқои сафир, муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ба ҳеҷ ваҷҳ аз сӯи давлати ин кишвар ҳамчун омил ва эҳроми фишор болои ҳукумати Тоҷикистон истифода нахоҳанд шуд. Ӯ афзудааст, ки ин кор ба манфиати иқтсодии Русия нест, чаро ки Русия ҳамеша ба нерӯи кории беруна ниёз дорад,
«Фараж» зери рубрикаи «Мушкили доимӣ» сӯҳбати Ислом Каримов дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ҷаласаи ахири ҳукумати ин кишварро як гардиши фикрӣ унвон кардааст.
Ва дар охир ҳафтаномаи «Азия плюс» матлаберо зери унвони «Мо набояд шонси ба дастомадаро раҳо кунем» ба қалами Марат Мамадшоев дар робита ба сафари ҳайати Узбакистн ба Тоҷикистон нашр кардааст. Муаллиф навиштааст, бо вуҷуди ҳама ҳадсу гумон ва табсираҳое дар бораи сардии равобити миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳайати расмии ин кишвар ба Тоҷикистон омад ва аснодеро ҳам ба имзо расонд. Нашрия хулоса кардааст, ки худи иқдоми азсаргирии нишаст ва музокироти миёни ин ду кишварро метавон нишонаи тағйир ва пешрафт дар ҳамкориҳо арзёбӣ кард.