Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тураҷонзода: Талкоро метавон ба Русия фурухт


Мавзуи ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон ва идомаи ин муносибот дар ин ҳафта низ ба мавзуи меҳварии нашрияҳои чопи Душанбе табдил шудааст.

Ва нашрияҳо бо интишори сӯҳбатҳову дидгоҳҳои шахсиятҳои кишвар ва таҳлилгарон кӯшидаанд фарозу фуруди ин равобитро ба баҳсу баррасӣ бикашанд.

«Фараж» - нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон сӯҳбатеро бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, зери унвони «Равобити нек бо Русия ба манфиати миллии мост» мунташир кардааст. Оқои Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки барои таҳкими равобит бо Русия метавон ду корро анҷом дод. Яке ба унвони муттаҳид ва шарики стратегӣ ба Русия истиқлолияти Абхазистон ва Осетияи Шимолиро мебояд ба расмият шинохт ва дуввум корхонаи алюминиюми тоҷикро ба ин кишвар фурӯхт. Бо фурӯши ин корхона, афзудааст оқои Тӯраҷонзода, Русия аз лиҳози иқтисодӣ бо Тоҷикистон хеле наздиктар мешавад, он гуна ки Тошканд гази худро ба Русия бифурӯхт ва ӯро ба худ ҷалб кард ва дуввум ва аз ҳама муҳим Тоҷикистон аз фоҷеаи бебарқӣ, ки даҳ-дувоздаҳсоли ахир миллатро азият медиҳад, халос мешавад. Чаро, ки маҳз ҳамин корхона аст, ки қисмати зиёди нерӯи барқи кишварро масраф мекунад. Ва аз тарафи дигар бо маблағе, ки аз фурӯши ин корхона ба даст меояд Тоҷикистон метавонад сарбанд ва бархе дигар аз корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғунро мустақилона бисозад

«Азия плюс» зери унвони «Зуҳури бӯҳрон ва ё чи тавр метавон гуфтугӯ миёни Тоҷикистону Русияро барқарор кард» матлаби таҳлилиеро ба нашр расонидаст. Муаллиф навиштааст, ки баҳсҳои аз қабл оғозшуда миёни Тоҷикистону Русия баъди сафари президент Медведев ба Тошканд ва ҳимояти ӯ аз мавқеи Ислом Каримов дар иртибот ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон равобити ин ду кишварро дучори бӯҳрон кард. Зеро Тоҷикистон анҷоми тарҳҳои энержии худ ва махсусан сохтмони нерӯгоҳи Роғунро омили истиқлолияти иқтисодӣ ва ҳатто замонати таҳкими истиқлолияти сиёсии худ медонад ва вақте президенти Русия ба иҷрои ин тарҳ мухолифат нишон дод, Тоҷикистон наметавонист онро бидуни вокуниш боқӣ гузорад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки Русия дубора дар сатҳи байнулмилал мақом ва манзалати қаблиашро барқарор мекунад, як чунин вокунишҳоеро ба мисли нотаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва эъломи нарафтани президент барои мулоқот бо президенти Русия хеле бо дард қабул мекунад. Вале аз тарафи дигар, навиштааст муаллиф, ихтилофи бурузкарда миёни ин ду кишварро метавон натиҷаи ихтилофоти дохилии гурӯҳҳо дар дохили Кремл низ арзёбӣ кард. Ва муаллиф дар ин маврид ишораҳое ба нуфузи Олег Дерипаска, раиси ширкати «РусАл» ба гурӯҳҳое дар Кремл кардааст.

Аммо «Миллат» дар сӯҳбате бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили порлумони Тоҷикистон, мавзеъгириҳои ахири Тоҷикистон дар баробари Русияро як кори саросемавор ва шитобзада уновн кардааст. Оқои Кабирӣ гуфтааст, аз он ки Русия Тошкандро бар Душанбе тарҷеҳ медиҳад, фоҷеа набояд сохт. Зеро Русия ин корро на як бору ду бор кардааст. Вале аз тарафи дигар воқеъбин бояд буд, ки ҳар кишвари дигар ҳам, ки мехоҳад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ барқарор кунад, Узбакистонро аз Тоҷикистон судманд меҳисобад. Аммо, мегӯяд Кабирӣ, дар ниҳояти амр бояд ду масъла рӯшан шавад: яке муносибати Маскав бо тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва дуввум Тоҷикистон бояд ошкоро фаҳмонад, ки байни «кӯмаҳои беғаразонае», ки ба Фронти халқӣ солҳои ҷанги дохилӣ карда шуд ва ин миллат фарқ аз замин то осмон аст. Набояд моро то рӯзи қиёмат зери бори миннати хеш бигиранд ва муносибаташон ба давлату миллати мо аз ҳамин зовия бошад. Шояд касоне аз дахолатҳои онвақтаи ҳамсоякишварҳо истифода карда бошанд, вале барои банда ва қисми зиёди ин миллат он дахолатҳо ҷуз харобиву хориву зиллат чизе наовардааст.

Ва «Нигоҳ» - яке дигар аз нашриҳои чопи Душанбе низ таҳти унвони «Аз як қадам дуртарро ҳам бояд дид ё сенарияҳои эҳтимолии муносибатҳо Душанбе–Тошканд-Маскав» як матлаби таҳлилиеро дар иртибот ба равобити Русия ва Тоҷикистон мунташир кардааст.
Ба ақидаи муаллиф, дар сурати идомаи ин бӯҳрон имкон дорад Душанбе аз сӯи Тошканду Маскав дучори муҳосираи иқтисодӣ бишавад, ки ҳадафи он тағйироти сиёсӣ дар Тоҷикистон аст. Ва дар ин тағйирот имкон дорад нерӯҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Душанбе ва Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги собиқи вазорати дифои Тоҷикистон, ҷалб шаванд. Яъне аз дохилу хориҷ ба муташанниҷ кардани авзоъ даст мезананд, то имкони тағйироти сиёсӣ пеш ояд. Аз сӯи дигар, навиштааст нашрия, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ шахсияте ба назар намерасад, ки ба ин ҳад мавриди қабул бошад ва қудрати раҳбарӣ ва муомила кардан бо гурӯҳҳои сиёсиву маҳаллии Тоҷикистонро дошта бошад. Ва шояд аз мақомоти феълӣ ва аз наздикони президент касе фикр кунад, ки ин қудратро дорад, вале ин тавр нест.

XS
SM
MD
LG