Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Кабирӣ аз тарҳи қонун


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, аз баррасии тарҳи қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои мазҳабӣ, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, изҳори нигаронӣ мекунад.

Вай мегӯяд, ин тарҳи алтернативӣ дар ҳоле мавриди баҳси шӯрои Маҷлиси Намояндагон қарор гирифт, ки то ҳанӯз сарнавишти тарҳи нахустини қонуни дини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон норӯшан боқӣ мондааст.

Ба қавли Кабирӣ, ӯ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҳизб ва узви Маҷлиси Намояндагон, ки аз муаллифони ин тарҳ ба ҳисоб мераванд, посух ва хулосаи расмӣ дар бораи радд ва ё тасдиқи тарҳи худро дарёфт накардаанд:

“Агар ба Шумо нуктаеро бигӯям, шояд бовар накунед. То ҳол бо устод Ҳимматзода хулосаеро нисбат ба лоиҳаи пешниҳодкардаи худ надидаем: на хулосаи ҳукуматро ва на хулосаи ягон кумитаи дигарро. Аслан, ҳич кас муносибаташро расман ва шаффоф нисбат ба тарҳи мо мушаххас накардааст ва унвонии мо ҳич санаде ҳам нафиристодааст”.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, бар иловаи он ки тарҳи ба Маҷлиси Намояндагон ироъакардааш “беному нишон” шудааст, ҳадди ақалл пешниҳоду хулосаҳояш пиромуни тарҳи қонуни дини ҳукуматро ҳам ба назари эътибор нагирифтаанд.

Вай гуфт, ки агар дар аввал як ҳусни тафоҳуме барои қабули андешаҳои ҷониби дигар ба тарҳи қонуни дин аз сӯйи ҳукумат вуҷуд дошт, аммо ҳоло назарҳо ва хулосаҳо ҳам сарфи назар мешаванд. Оқои Кабирӣ ин ҳамаро беэҳтиромӣ алайҳи як вакили Маҷлиси Намояндагон унвон кард ва гуфт:

“Агар бидуни парда сӯҳбат кунем, як гуна беэҳтиромӣ нисабт ба қонунҳои кишвар, санадҳои меъёрӣ, дастури Маҷлиси Намояндагон ва худи вакилоне, ки лоиҳаи аввалро пешниҳод кардаанд, анҷом мешавад. Ману Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳамчун муаллифони лоиҳаи аввал аз чунин сурат гирифтани кор розӣ ва қаноъатманд нестем”.

Пешнависи қонуни дини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба унвони аввалин тарҳ як сол пеш аз ин барои баррасӣ ба Парлумон пешниҳод шудааст. Вале ин тарҳ аввалан бо мухолифатҳое дар долонҳои ҳукуматӣ рӯбарӯ гардид ва ба гуфтаи масъулони Ҳизби наҳзат гӯиё баҳои ҳукумат дар хулосаи он манфӣ будааст.

Бо ин вуҷуд, ҳанӯз рӯшан нашудааст, ки кадом нуктаҳое аз ин тарҳ ба ҷониби ҳукумат писанд наомад ва онҳоро қабулашро ба манфиат нашумориданд. Аммо тарҳи қонуни дини ҳукумат, ки тақрибан ду сол мавриди баҳси созмонҳои мазҳабӣ ва ҳуқуқи башар қарор гирифта ва ҳамеша ба унвони як тарҳи ноозод муаррифӣ мешуд, дар моҳи ноябри соли гузашта ба Маҷлиси Намояндагон расид ва бидуни мухолифате мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Аммо як масъули бахши дин дар вазорати фарҳанг мегӯяд, ки давлат ба ҳич ваҷҳ талоши қатъи равобити зичаш бо диндоронро надорад. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи нав фаъолияти ҳич кадом аз созмонҳои диниро зери суол намебарад ва ҳам ҷойгоҳи диндоронро танг намесозад, мисле ки имрӯз онҳо имкону шароит доранд.

Вале Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони саршиноси Тоҷикистон, бо ишора ба навоқиси тарҳҳои ҳарду ҷониб мегӯяд, ки бояд аз ҳар дуи ин пешнавис як лоиҳаи комил омода шавад, ки на сих сӯзаду на кабоб.

Ин ҳама гуфтугузор дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар ду соли ахир ба як саҳнаи баҳси мазоҳиб табдил шуда ва равобити дину давлатро печидатар кардааст, ки ба таъкиди шореҳон, паёмадаш аз ҳоло рӯшан нест...

XS
SM
MD
LG