Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Укроин: гоме дигар дар ҳалли буҳрони газ


Аврупо ҳанӯз интизори интиқоли гази Русия аст
Аврупо ҳанӯз интизори интиқоли гази Русия аст

Русияву Укроин ба хотири ҳалли буҳрони газ, ки мунҷар ба қатъ шудани интиқоли гази Русия ба кишварҳои Аврупо шудааст, гоми дигаре бардоштанд.

Сарвазири Укроин Юлия Тимошенко ба хотири баҳси ин мавзӯъ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба Маскав рафт. Ин нахустин дидори рӯбарӯи раҳбарони ин ду давлат аз замони бурузи буҳрони ахири газ хоҳад шуд. Дар арафаи ин мулоқот В. Путин нисбат ба ҳалли мусбати қазия изҳори хушбинӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, Маскаву Киев бояд то поёни рӯзи шанбе 17-уми январ роҳи ҳалли масъаларо пайдо кунанд.

Ю. Тимошенко низ ба зарурати гузашт ба хотири ҳифзи равобити дӯстона миёни Русияву Укроин ва ҳифзи эътибори ҳарду кишвар таъкид кардааст.
Кумисиюни Аврупо низ аз ин ду кишвар даъват кардааст, то шарики муътамади тиҷоратӣ будани худро исбот кунанд. Сухангӯи ин ниҳод Йоҳаннес Лайтенберг аз ҷумла гуфт: «Кумисиюни Аврупо муътақид аст, ки нишастҳои рӯзҳои оянда ба Русия ва Укроин як шонси хуб, вале охиринро медиҳанд, то ҷиддияти онҳо ҷиҳати ҳалли ин баҳсро ба намоиш гузоранд. Газ бояд ояд. Мо ин давраро давраи имтиҳоне медонем, ки то чи андоза шарики муътамад будани онҳоро маълум мекунад».

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо низ эълом намудааст, ки агар интиқоли газ ба зудӣ аз сар гирифта нашавад, муносиботаш бо Маскаву Киевро бознигарӣ хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки як мояи ихтилофи назарҳо бо Укроин бар сари бо қарордоди имсолаи Киеву “Газпром” марбут кардан ва ё накардани убурдиҳии газ ба Аврупост.

Дафтари раисҷумҳури Укроин В. Юшенко ҳанӯз 16-уми январ эълом намуда буд, ки ин ду мавзӯъ ба ҳам алоқаманд ҳастанд ва бояд ба таври муштарак ҳаллуфасл шаванд. Аммо дар ҳамин ҳол, рақиби сиёсии Юшенко – сарвазир Юлия Тимошенко – чунин иртибот додани ду масъаларо бепоя ва ғайримунсифона номидааст.

Русия бо Укроин бар сари нархи газ ба тавофуқ нарасид ва интиқоли газ ба он кишварро аз 1-уми январи соли равон қатъ намуд.

Ба дунболи ин Маскав Киевро дар сирқати газ аз лӯлаҳои транзитие, ки тавассути онҳо гази Русия ба Аврупо интиқол дода мешавад, муттаҳам кард ва, ба ҳамин далел, интиқоли газаш ба кишварҳои Аврупо тавассути Укроинро аз рӯзи 7-уми январ қатъ кард. Укроин, ба навбаи худ, иттиҳоми Русия дар мавриди дуздӣ шудани газ аз лӯлаҳои транзитиро радд карда, Русияро дар таҳрик додани ин буҳрон айбор мекунад.

Қатъ шудани убурдиҳии газ тавассути қаламрави Укроин боиси эҷоди ихлол дар таъмини газ барои беш аз 15 кишвари Аврупо гардида, бархе кишварҳои Аврупои шарқиву марказӣ ҳатто маҷбур шуданд, ки истифодаи ин навъи маводди сӯхтро маҳдуд кунанд.

17-уми январ раисҷумҳури Русия Д. Медведев дар Маскав бо намояндагони кишварҳои истифодакунандаи газ як нишасти вижа ташкил намуд. Дар ҳоле ки мавзӯъи аслии дар ин нишаст матраҳшуда баҳси роҳҳои ҳалли буҳрони газ аст, бисёре аз кишварҳо ба нишасти Маскав на раҳбарони сатҳи аввал, балки танҳо намоянда фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG