Зеро ба гуфтаи ин коршинсон, баргузории як чунин ҷаласаҳои ҷамъбастӣ ва нашру пахши он тавассути телевизион ва мавриди истинтоқу маззамат ва низ тавсифу ситоиш қарор гирифтани масъулони ниҳодҳои давлатӣ тақрибан ба як одат ва анъана табдил шуда, аммо тағйиру таҳаввули воқеиро дар пай надоштааст.
Шодавлат Шонусайриев, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки танҳо тағйироти ҷиддии ҳам сохторӣ ва ҳам кадрӣ метавонад дар рушди арсаҳои мухталиф саноеъу иқтисод ва фарҳангу иҷтимоӣ мусоидат кунад. Вале ба ин далел, ки дар сиёсати кадрӣ тайи солҳои ахир умдатан авлавият ба маҳал ва таборгароӣ дода мешавад, наметавон бар натоиҷи хуб умедвор буд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат раиси он тақрибан ҳама масъулони вазорат ва ниҳодҳои давлатиро мавриди сарзаниш қарор дод. Аммо бештарин ва сахттарин ҳарфҳои интиқодӣ ба сари масъулони арсаи таъминоти барқ ва газ фурӯ рехт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, аз камбуд ва навоқиси ҷиддӣ дар ин арсаҳо изҳори нигаронӣ карда, масъулони ин соҳаҳоро аз толори маҷлис аз мансабҳо сабукдӯш кард.
Зимнан дар ҷаласаи соли гузаштаи ҳукумат низ масъулони ин ду соҳа - Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, мудири идораи «Тоҷикгаз», барои фаъолияти номуассир мавриди интиқоди раиси ҳукумат қарор гирифта ва Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани ин камбудиҳо ба онҳо мӯҳлат дода буд. Зимнан дар натиҷаи бӯҳрони энержии пешомада дар зимистони соли гузашта иқтисоди Тоҷикистон дучори хисороти ҷиддӣ шуда ва давлат маҷбур шуд барои рафъи пайомадҳои номатлуби он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кӯмак карда буд. Шарифхон Самиев аз соли 2005 ва Фатҳиддин Мӯҳсиддинов аз соли 2007 роҳбарии ин ниҳодҳоро бар ӯҳда доштанд. Аммо тайи фаъолият бар ислоҳи вазъ ва махсусан барои коҳиши қарзҳо натавонистанд амалан кореро ба анҷом бирасонанд.
Дар ҳамин ҳол Ғуломиддини Сайфиддин, коршиноси умури энержӣ, мӯътақид аст, ки бидуни назорати ҷиддӣ ва пайваста ва ҷалби афроди мутахассис ба ин соҳаҳо наметавон пеши роҳи дуздӣ ва камбудиҳоеро, ки раиси ҳукумат дар кори ин идорот ошкоро эълон кард, бигирифт ва ин соҳаҳо ҳамчунон, ки осебпазиранд, осебпазир боқӣ хоҳанд омад.
Бо ин вуҷуд масъулин ва доираҳои наздик ба давлати Тоҷикистон бар ин боваранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба натиҷагирӣ ва дастурҳои тозаи раиси ҳукумат метавон умедвор буд, ки дар соли оянда вазъ беҳтар мешавад. Мӯсо Асозода, раиси ҲХДТ дар шаҳр Душанбе, гуфт барканории масъулони таъминоти барқ ва газ як амри ногузир буд. Зеро кори муассири қисмати аъзами корхонаҷоти саноатӣ ва кишоварзии кишвар ба фаъолияти дурусти ин ду ниҳод вобаста буд.
Аммо Раҷаби Мирзо, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд ӯ мутмаин нест, ки бо тағйир ва ё барканории як-ду нафар вазъият махсусан дар арсаи таъминоти барқ ва газ беҳбуд ёбад. Зеро ин ҳам пӯшида нест, ки таъминоти барқу газ на ҳама вақт ба иродаи масъулони ин арсаҳо вобаста аст. Аз тарафи дигар новобаста аз он ки дар бештари ниҳодҳои давлатӣ кор ба таври дилхоҳ сурат намегирад, аммо масъулони ин соҳаҳо аз вазифаҳо барканор намешаванд.
Ба ин тартиб ин навбат низ дар аксар вазифаҳои калидии кишвар афроде, ки солиёни тӯлонӣ дар сари кор буданд, боқӣ монданд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ин ҷиҳати масъала бештари коршиносон мегӯянд, ҳукумат наметавонад дар тағйири авзоъ ва махсусан пешгирии бӯҳрони молиявӣ тадбирҳои муҳим ва муфидро ба иҷро дароварад. Ва танҳо чорае, ки барои мардум дар амри раҳоӣ аз фақру нодорӣ боқӣ мемонад, боз ҳам рӯ овардан ба муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар аст.