Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеъаи бозори "сиёҳ" дар Тоҷикистон


Ширкати «Сонет», ки моҳона 1 миллион литр обиҷав ва нушоба истеҳсол мекунад, ба кумитаи андози ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ додааст, ки моҳона танҳо 8,1 ҳазор литр нушоба тавлид мекунад.

Ва ин ширкат бар асоси ин иттилоъи ғайривоқеъӣ андози андак мепардохтааст. Шерхон Салимзода, раиси оҷонси мубориза алайҳи фасоди молӣ ва назорати амволи давлатӣ дар ин бора гуфт, «баррасиҳо нишон дод, ки дар тули се моҳ 792 ҳазор сомонӣ пардохти андоз рӯпуш шудааст». Вай ин иқдомро мисоли равшани иқтисоди ниҳонӣ хонд. Вай аз тавсеъаи бозори ниҳонӣ, ё сиёҳ дар ҷумҳурӣ изҳори ташвиш карда, гуфт, бино ба иттлоъи маркази иттилооти сиёсии дафтари раисиҷумҳури Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ, наздик ба 61 дарсади ҳачми маҷмаъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро бозори ниҳонӣ ва ё сиёҳ ташкил медиҳад.

Ҳамзамон Абдулвоҳид Шамолов аз маркази иттилооти сиёсии дафтари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора изҳори беиттилоъӣ кард ва гуфт, мо масъалаи фасоди молиро ҳамачониба баррасӣ кардем, вале мавзӯъи бозори ниҳонӣ на аз сӯи мо, балки аз ҷониби маркази пажӯҳишии «Шарқ» баррасӣ шуда буд ва дар ин бора китобе низ ба табъ расид.

Ин дар ҳолест, ки ба назари Раҳматулло Валиев, коршиноси иқтисод, фасоди молӣ ҳамқадами бозори сиёҳ аст ва дар ҳоле, ки созмони ҷаҳонии «Транспаренси Интернешнл» Тоҷикистонро дар листи фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон қарор додааст, ман мутмаинам, ки ҳаҷм ё саҳми бозори сиёҳ дар иқтисоди Тоҷикистон бештар аз онест, ки мақомот тахмин мезананд.

Оқои Валиев афзуд, беш аз 63 дарсади мардуми Тоҷикистон дар зери хатти фақр ба сар мебарад ва 10-12 дарсади сокинон – мақомдорон зиндагии шоҳона дорад, ки ҳамин бозори сиёҳ, ё ниҳониро дар даст дорад ва онро контрол мекунад.

Вале Ғулом Бобозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷортаи Тоҷикистон, ба ин иддаоҳо розӣ нест. Вай бозори ниҳониро чунин шарҳ дод ва иддаоҳои маркази иттилооти сиёсии дафтари раисиҷумҳури Тоҷикистонро рад кард:

«Барои чӣ иқтисоди пинҳонӣ, ё сиёҳ мегӯянд? Барои он, ки ин навъи муомилоти бозорӣ дар ҳисоб нест. Ва пардохти ҳар навъ молиёт ва таруфаҳои гумрукӣ аз ин фаъолият пинҳон аз идораҳои зидахл аст ва ба буҷа ба ҷои андоз зиёни бештар мерасонад. Ба назари ман, ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ аз 25 дарсад боло нест».

Аммо баррасиҳои 9 моҳи ахири оҷонси мубориза алайҳи фасоди молӣ ва назорати амволи давлатӣ гувоҳӣ аз он аст, ки тавсеъаи бозори ниҳонӣ дар Тоҷикистон доманадортар аз тахминҳои вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аст. Барои мисол, Шерхон Салимзода, раиси ин оҷонс, ахиран дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ҳаҷми ширкатҳои номнависшуда барои як рӯз ва ё як ҳафта ба хотири пулшӯӣ ва ё ба ширкатҳои хусусӣ интиқол додани маблағҳои буҷа афзудааст.

Ба гуфтаи оқои Салимзода, бозори ниҳонӣ дар бахши хидматрасонии об, барқ, газ ва сарпӯш кардани андоз хеле тавсеъа ёфтааст. Ва вай ин равандро нигаронкунанда хонд. Оқои Салимзода гуфт, «ҳолатҳои аз мардум ситондани пули об, газ, барқ ва молиёт аз сӯи кормандони ин соҳаҳо бо квитансияҳои қалбакӣ зиёд аст, ки ин квитансияҳоро аз байн мебаранд ва ҳазорҳо сомониро ба ҷайби худ мезананд».

Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, коршиноси иқтисод, бахши аъзами фаъолият дар бозорҳои ҷумҳурӣ марбут ба муомилоти бозори ниҳонӣ ва ё пинҳонист, ки дар рушди он, ба эътиқоди оҷонси мубориза алайҳи фасоди молӣ ва тиҷорати амволи давлатӣ, кормандони хадамоти гумрук, андоз ва мақомоти навоҳӣ даст доранд.

XS
SM
MD
LG