Бисёре аз таҳлилагарон мегӯянд, бо вуҷуди дурии Амркио аз Тоҷикистон интихоботи ин кишвар ба далели нақш ва ҷойгоҳе, ки ИМА дар муъодилоти ҷаҳонӣ дорад, ҳамчунон дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо ва маҳофили сиёсии Тоҷикистон қарор дорад.
Интихоботи Амрико наметавонад, ҷалби таваҷҷуҳ накарда бошад, зеро рузи 4-уми ноябр Амрико натанҳо барои худ раисҷумҳур интихоб мекунад, балки мардеро рӯи саҳна меорад, ки қодир хоҳад буд, дар сарнавишти боқии олам низ таъсиргузор бошад. Раҷаби Мирзо, сардабири радиои «Имрӯз», ки ба ин назорати аз роҳи дури интихоботи Амрико даъват шудааст, мегӯяд, интихоботи мазкур бештар аз дохил дар бархе мавридҳо барои боқии ҷаҳон муҳимтар аст
Дар ҳамин ҳол, пайомади интихобот барои минтақа, Тоҷикистон ва боқии ҷаҳон (билхоса, барои сарнавишти онядаи Амрико) чи хоҳад буд. Бо вуҷуде пешбиниҳо дар ин марвид яксон нестанд, бисёриҳо ҳамчунон муътақиданд, ки дар сурати пирӯзии номзади демократиҳо сиёсати ИМА дар бисёре аз самтҳо дучори таҳаввул хоҳад шуд. Саъдии Юсуфӣ, коршиноси масоъили минтақаӣ, бар ин аст, ки рӯи кор омадани Барак Обама ба маънои он хоҳад буд, ки Амрико ба унвони як қудрати бузург ҳамчунон худро дар ҳоли таҳаввул ва мутобиқ шудан ба шароити тозаи ҷаҳон ба намоиш мегузорад. Ба ақидаи ӯ, баъди боло гирифтани интиқодоти шадид ва ҳаракатҳои зидди амрикоӣ, ба чолиш рӯбарӯ шудани сиёсатҳои Амрико дар Афғонистону Ироқ ва манотиқи дигар як амрикои дигарро, яъне Барак Обамаро, ба саҳна овард.
Аммо хеле аз таҳлилагарон ва сиёсатмадорони тоҷик ҳамчунон, барин назаранд, ки сарфи назар аз пирӯзии кадом яке аз ин ду номзад сиёсати усулии Амрико дар қиболи минтақа ва ҷаҳон тағйир нахоҳад кард. Сайид Иброҳими Назар аз роҳбарони ҲНИТ мегӯяд, касе аз ин ду нафар раиси ҷумҳури Амрико нашавад, муносибати Амрико бо Тоҷикистон чун ҳоли ҳозир боқӣ мемонад ва рушд хоҳад ёфт.
Ба ҳар сурат, фурсати чандоне боқӣ намонадааст, то бубинем кадом навъе аз пешгӯиҳо дуруст хоҳад баромад: ин ки бо Барак Обама чеҳараи наве аз Амрико рӯнамо хоҳад шуд, ё бо Маккейн ИМА боқӣ хоҳад монд.