Ахиран, наздик ба 30 нафар шаҳрванди Тоҷикистон замони ворид шудан дар фурудгоҳи Санкт-Петербург дастгир шуданд. Ба қавли мақомоти амниятии Русия, ин афрод ба далели ихроҷ аз Русия дубора тағйири ному насаб карда, ба унвони шаҳрванди тозасафари Тоҷикистон ба Русия вориди ин кишвар шудаанд ва ба ин далел, онҳо дастгир ва ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд.
Аммо афроди ихроҷшуда ин иддаъоҳоро намепазиранд. Ба гуфтаи онҳо, далели аслии боздошту ихроҷ ба Тоҷикистон набудани пасванди «-ов» ва «-вич» дар шиносномаҳои нави онҳо будааст, ки мавриди писанди кормандони амниятии Русия қарор нагирифтааст.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз, 24 октябр, дар як нишасти матбуотӣ дар роҳи ҳалли ин мушкил гуфт, ин ҳодиса аз нофаҳмӣ танҳо дар фурӯдгоҳи Санкт-Петербург сурат гирифтааст. Ҷаноби Зарифӣ гуфт, ӯ дар сӯҳбат бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, низ ин мавзӯъро баррасӣ кардааст.
Ҷуз мушкили ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба далели нуқси шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчунин мавзӯъи мушкили хариди билетҳои парвоз дар дохил ва хориҷи кишвар бо шиносномаҳои дохилӣ ва мушкилоти дарёфти шиносномаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ матраҳ шуд.
Ҳамрохон Зарифӣ мушкили камбуди шиносномаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар чанд моҳи ахирро таъйид кард. Вай гуфт, ки ин мушкил бо айби ширкатҳои хориҷӣ дар Қазоқистон сурат гирифта буд, ки натавонистанд фармоиши Тоҷикистон дар ин заминаро иҷро кунанд. Ҳамрохон Зарифӣ афзуд, дар ҳоли ҳозир теъдоди лозими шиносномаҳои хориҷӣ омода шуда, дар ихтиёри шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ қарор гирифтааст. Гузашта аз ин, дар бораи ташкили чопхонаи вижа барои чопи коғазҳои гаронқимат ва шиносномаҳо дар Душанбе тавофуқ ҳосил шудааст ва соли оянда ин чопхона ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Дар робита ба мушкилоти шиноснома, камбуди он ва вуҷуди фасод дар миёни хадамоти зидахл дар Тоҷикистон ва идомаи ин мушкил тӯли 17 соли ахир аз вазири хориҷаи Тоҷикистон пурсидам, ки ба чӣ далел барои шаҳрванди Тоҷикистон як шиносномаи умумӣ ба тули умр, ё 30-50 сол дода намешавад, то фасод дар ин бахш аз байн биравад ва дар мусофират шаҳрванди Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ нашавад?
Ҳамрохон Зарифӣ дар посух ба ин суол гуфт, «дар мавриди фасод ва ба тиҷорат табдил ёфтани дарёфти шиносномаҳои хориҷӣ мо иттилоъи дақиқ дар даст надорем. Вале дар ин бора гуфтугӯҳо зиёд аст. Ва ман низ бар онам, ки шаҳрванди Тоҷикистон бояд як шиносномаи умумӣ дошта бошад. Мо тасмим дорем, дар оянда шиносномаҳои ҷадиди биометриро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунем, ки воситаи хуби ҷилавгирӣ аз фасод, ҷиноят ва ҳузури афроди номатлуб дар дохили кишвар хоҳад буд».
Вале, ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия ба сар мебаранд, дар ҳоли ҳозир низ мушкили шиноснома аз байн нарафтааст. Мақомоти амниятии Русия дар ҳоли ҳозир низ ба далели дар ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон набудани пасвандҳои «-ов» ва «-вич» онҳоро дастгир ва дар аксар маврид ба Тоҷикистон бозпас мефиристанд.