Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи доктринаи оби Осиёи Миёна


Тоҷикистон талош дорад доктринаи минтақавии баҳрабардорӣ аз захоири оби худ ва Осиёи Миёнаро тарҳрезӣ ва бо кӯмаку пуштибонӣ аз кишварҳои минтақа ва САҲА таcвиб кунад.

Конфронси байнулмилалие, ки имрӯз, 9-уми октябр, дар Душанбешаҳр баргузор шуд, ба ҳамин мавзӯъ ихтисос дошт. Дар ин конфронс ҷуз намояндагони Узбакистон намояндагони соири кишварҳои минтақа, ҳамчунин намояндаи САҲА, сафорати Ҷопон, сафири Фаронса ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо ширкат доштанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Султон Раҳимов, қоиммақоми раиси Бунёди наҷоти дарёи Арал, мақомоти ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар бораи баҳрабардории одилона а з захоири оби минтақа борҳо тавофуқ кардаанд, вале дар иҷрои ин тавофуқномаҳо то ба ҳол пешрафте ба назар намерасад. Ва намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар нокомиҳо ба сӯи Узбакистон ишора мекунанд.

Оливе Метленд, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, далели аслии иҷро нашудани тавофуқномаҳо дар баҳрабардорӣ аз захоири об дар минтақаро ба сиёсат рабт дод бо он, ки ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Сафири Фаронса афзуд, ахиран дар ҳамоиши вазирони берунаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Миёна масъалаи амният дар ин минтақа баррасӣ шуд ва об ва баҳрабардорӣ аз он мавзӯъи меҳвари ин масъала буд.

Султон Раҳимов, қоиммақоми раиси Бунёди наҷоти дарёи Арал, ки ширкаткунандагони конфронсро дар ҷараёни зарурати тарҳрезӣ ва тасвиби доктринаи оби Осиёи Миёна қарор дод, низ ба паҳлӯҳои сиёсии ин мушкил ишора кард. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда дар баҳрабардорӣ аз захоири об аз тарҳи доктринаи мавриди баррасии оби Осиёи Миёна кор гирифта шавад.

Аммо академик Мамадканов, раиси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти об дар Қирғизистон, баъид медонад, ки ин тарҳи доктрина дар оянда дастури кор дар баҳрабардорӣ аз оби минтақа қарор гирад. Вай афзуд, «ба назари ман, мо дар ҳоли ҳозир набояд ба тарҳрезии доктринаи баҳрабардорӣ аз захоири об машғул шавем, балки талош кунем, ки аққалан ду ё се тавофуқномаи имзошуда байни кишварҳои минтақа иҷро шавад. Дар он сурат мушкилоти аслӣ миёни ҷумҳуриҳо аз байн хоҳад рафт.

Мамадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, низ таҳияи доктрина дар ин бораро кори ғайри судманд хонд. Вай гуфт, «чи гуна мо метавонем, дар бораи тарҳи доктрина ба тавофуқ бирасем, дар ҳоле, ки намояндагони Узбакистон дар ин конфронс ширкат надоранд ва дар ҳалли мушкил алоқамандӣ нишон намедиҳанд?». Академик Илолов сиёсати пешгирифтаи Узбакистон дар ҳалли ин мушкилро иштибоҳӣ ва нодуруст хонд.

Ҳомидҷон Орифов, муъовини раиси маркази пажӯҳишии «Нилуфар», низ ба ҳамин назар аст. Ба гуфтаи вай, «захираи об низ чун захираи нафту гази Узбакистон захираи табиист ва баҳрабардорӣ аз он ҳазинаҳои молиро металабад. Пас чаро мо нафту гази Узбакистонро бо нархи гарон харидорӣ кунему Узбакистон захираи оби моро муфт истифода кунад?»

Ба гуфтаи академик Мамадканов, раиси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти об дар Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон бояд хисороти ворида ба иқтисоди Қирғизистон ва Тоҷикистон аз адами баҳрабардорӣ аз захоири оби худро ҷуброн кунанд. Ҳамон тавре, ки дар замони Шӯравӣ таъин шуда буд.

Ба гуфтаи ширкаткунандагони ин конфронс, дар сурати истифодаи судманд аз захоири оби минтақа ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ дар ин ҷумҳуриҳо то 7 дарсад боло хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG