Оқои Атовуллоҳ дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мусофираташ аз қабл пешбинӣ шуда, вай пас аз мулоқот бо мақомоти сиёсии Фаронса ба Вена ва Бруссел меравад ва дубора ба Маскав бармегардад: “Ҳатман ба Маскав бозмегардам. Зеро баъд аз Тоҷикистон Русия дуввумин кишварест, ки дар он ҷо аксар хонандаҳои “Чароғи рӯз” ва аъзову ҷонибдорони ҳаракати “Ватандор” зиндагиву кор мекунанд. Ростӣ, чанд соли ахир аст, ки дар як ҷо қарор надорам. Дар як моҳ тақрибан ба ду ё се кишвари хориҷӣ сафар мекунам. Ва ин сафар низ идомаи он сафарҳост”.
Ба ин маънӣ, сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” сафараш ба Порисро ба ҳеҷ ваҷҳ пайомади тақозои Додситонии кулли Тоҷикистон барои дастгир ва таслими ӯ наҳисобид ва, ҳамчунин, сару садоҳо дар бораи фирор ва ё паноҳгоҳ хостанашро бепояву асос арзёбӣ кард. Аммо то замони таҳияи ин гузориш бархе аз расонаҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъеро пахш карданд, ки гӯиё оқои Атовуллоҳ аз кишварҳои ғарбӣ паноҳгоҳ ҷуста ва аз Маскав фирор кардааст.
Ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ барои севумин бор парванди ҷиноӣ боз карда ва ӯро мавриди пайгарди қонунӣ қарор додааст. Вале оқои Атовуллоҳ гуфт, зоҳиран мақомоти Русия намехостанд, ки ӯ боздошт ва ба Душанбе истирдод шавад:
“Агар дар Русия мехостанд, ки маро боздошт кунанд ва ба ҳамин васила хостаҳои ҳукумати Тоҷикистонро амалӣ созанд, ҳич мушкил набуд. Вале накарданд. Ҳоло ман озод мегардам. Аз касе хавфе надорам. Гузашта аз ин, аз тасмимҳои мақомоти Тоҷикистон дар дили ман як зарра тарсу ваҳме нест”.
Додоҷони Атовуллоҳ, ки мусофираташро муваққатӣ унвон кард, гуфт, ҳоло бо санади паноҳандагии Олмон сафар мекунад, ки онро кишварҳои узви Созмони Милал эътироф мекунанд ва ин санад таслими ӯ ба ҳар кишвареро мамнӯъ медонад.
Бо ин ҳол, манобеъи Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, Додоҷони Атовуллоҳ ҳамчунон мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад ва мавзӯъи боздошт ва истирдоди вай ба Тоҷикистон ҳамоно матраҳ аст.
Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ба ин масъала намешавад аз як зовия ва ё аз як мавқеъ нигоҳ кард. Ба таъкиди вай, аз як тараф шояд худи оқои Атовуллоҳ ҳам ба натиҷае расидааст, ки Маскав наметавонад ба ӯ барои ҳамеша “дӯсти содиқ” бимонад ва, аз ин рӯ, Русияро тарк кардааст. Аз нигоҳи дигар, ба андешаи оқои Мирзо, Маскав ҳам намехост баъд аз қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров барои худ аз сӯйи кишварҳои ғарбӣ “дарди сар”-и навбатӣ харад:
“Маскав рӯйи баҳсҳои озодӣ ва ҳуқуқи инсон мавқеъи муайян надорад. То ҳол шоҳиди он будем, ки Маскав бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон чӣ кард. Оқои Искандаров аз ҷумлаи он нафарҳое буд, ки ҳамеша мегуфт, мавқеъаш бо ормонҳои Маскав наздик аст. Вале бо шаклҳои гуногун тавонистанд, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ба мақомоти Тоҷикистон таслим кунанд. Яъне мешавад гуфт, ин хоҳиши худи оқои Атовуллоҳ буд, ки дар ҳоли ҳозир берун аз Маскав бошад. Зеро Маскав метавонист, ҳар лаҳза қарори худро дар бораи будубоши вай тағйир диҳад”.
Ва ин ҳама дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба пуштибонии созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ ба тақдири минбаъдаи Додоҷони Атовуллоҳ мегӯянд, мақомоти кишвар ба боздошт ва истирдоди вай ба Тоҷикистон муваффақ нахоҳанд шуд. Зеро, чунин як талоше аз сӯйи мақомоти кишвар дар соли 2001 низ номуваффақ анҷом ёфта буд.