Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ЮНЕСКО ба пайкарасози тоҷик


Маросими супоридани ҷоиза ба пайкарасози тоҷик дар дафтари ЮНЕСКО дар Порис
Маросими супоридани ҷоиза ба пайкарасози тоҷик дар дафтари ЮНЕСКО дар Порис

Созмони байнулмилалии ЮНЕСКО ба пайкарасози тоҷик Амрӣ Аминов унвони "Ҳунарманди сулҳ" – волотарин унвони ЮНЕСКО-ро тақдим кард.

Коичиро Матсуура, Дабири Кулли ЮНЕСКО - Бунёди СММ дар умури илму фарҳанг ва маъориф дар ин маросим гуфт, Амрӣ Аминов, ки ҳунари пайкарасозӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия омӯхтааст, чандин сол боз дар Порис ба сар мебарад ва сабки хоси худ миёни аҳли ҳунари пойтахти Фаронса шӯҳрати зиёдро касб кардааст. Муҷассамаҳои Амрӣ дар чанд шаҳр ва, аз ҷумла, дар Порис дар боғи ЮНЕСКО гузошта шудаанд. Амрӣ ҳамчунин муаллифи муҷассамаи “Марианнаи Шомбурсӣ” – рамзи шаҳри Шомбурсии канори Порис аст. Аз ин қабл пайкарасози тоҷик бо чанд ҷоизаи байнулмилалӣ, аз ҷумла, бо ҷоизаи “Требия”-и Ҷумҳурии Чех сарфароз шуда буд.

Баъд аз анҷоми маросими эҳтои унвони “Ҳунарманди сулҳ”-и ЮНЕСКО Амрӣ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки “айни ҳол ифтихори азиме аз худу аз миллати худ эҳсос мекунад”. Ӯ афзуд, ки “фарҳанг беҳтарин василаи расидан ба сулҳу оштист ва аз рӯ ба он арҷ бояд гузошт”.

Дар робита ба нақшаҳои худ пайкарасози тоҷик гуфт, ки айни ҳол мехоҳад барои Порис муҷассамаи яке аз нобиғаҳои шеъри форсӣ Ҷалолиддини Румиро биофарад, ки, тибқи маъхазҳои таърихӣ, зодаи Тоҷикистон аст ва дар дигар кишварҳои ҳамсоя бузург шуда дар Туркия макони охират пайдо кардааст.

Қаблан ба унвони “Ҳунарманди сулҳ”- ЮНЕСКО муғаннӣ аз Камерун Ману Дибанго, раққоси ҷопонӣ Мияко Ёшида, дирижери маъруфи рус Валерий Гергиев, актриса аз Венесуэла Патрисиа Веласкес, машшоқи бразилиягӣ Ҷилберто Ҷил, овозхон Сомӣ Ҷо аз Кореяи Ҷанубӣ ва муассиси гурӯҳи ҳунарии Gipsy Kings Чико Боучихӣ аз Фаронса лоиқ дониста шудаанд.

XS
SM
MD
LG