Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки аврупоӣ партобҳои Душанберо тоза мекунад


Пол Ковенден
Пол Ковенден

Бонки аврупоии бозсозиву рушд тасмим гирифтааст, бо тақдими 4 миллион доллар қарз барои ҷамъу коркарди партобҳои пойтахти Тоҷикистон дар беҳбуди муҳити зисти сокинони шаҳри Душанбе саҳм гирад. Бар иловаи қарзи Бонки аврупоӣ, Ҳукумати Ҳолланд низ эълон кардааст, ки барои татбиқи ин тарҳ 4 миллион доллар ба ҳайси кумаки билоиваз ё худ грант тахсис медиҳад.

Ҳамоҳангсози барномаи бозсозии низоми ҷамъу коркарди партобҳо дар пойтахти Тоҷикистон Пол Ковенден, ки феълан дар Гурҷистон ба сар мебарад, гуфт:

"Муддатест, мо бо мақомоти шаҳри Душанбе сармоягузорӣ дар муҳимтарин лоиҳаҳоро баҳс мекунем. Ҳукумати Душанбе то ин вақт барои беҳбуди низоми таъмини об талош варзида, ҳамчунон саъй дорад, низоми нақлиёти мусофирбарро такмил намояд. Вале мо ба мувофиқат расидем, ки мавзуъи асосӣ ҷамъу поккории партобҳои пойтахт аст ва мо ҳамроҳ дар паи ҳалли он хоҳем шуд. Тибқи ин лоиҳа партобгоҳҳои мавҷуда, тармиму таҷдид меёбанду бар илова майдонҳои санитарии нав бунёд хоҳанд шуд. Мо дар канори майдонҳо девор бунёд намуда, пойгоҳи ҷамъи партоб, низоми заҳкашӣ ва ё дренаж ва мошин барои ҷамъи партобҳо харидорӣ хоҳем кард."

Радиои Озодӣ: Хуб аст, ки Бонки аврупоиву ҳукумати пойтахт дар фикри ҷамъи партобҳо ва поккории шаҳри Душанбе ҳастанд. Вале инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки тозагии ҳар шаҳр дар навбати аввал ба фарҳанги сокинони он, яъне партофтани ахлот дар ҷойҳои муқарраршуда вобастааст.

Пол Ковенден: "Мутлақо дуруст аст. Бахши аввалину асосӣ бахши техникист: тармими майдонҳои ҷамъи партобҳо, танзиму фаъол намудани пойгоҳҳои ҷамъи партобҳо, таъмин намудани пойгоҳҳо бо қуттиҳои партоб аст. Аммо бахши дигари масъала тағйир афкори мардум ва огаҳии онҳо аз ниёзҳои низоми ҷамъи партобҳо мебошад. Фикр мекунам, ин масъала дар ҳамаи шаҳрҳо матраҳ аст. Агар мардум дар фикри поку тоза нигаҳ доштани муҳити зист бошанд, хуб аст. Метавон мардумро ба коҳиши партобҳо ташвиқ намуд. Албатта ин мушкили сокинони шаҳрҳои сердаромад аст. Сониян, хуб аст, ки мардум дар фикри коркарду истифодаи дубораи партобҳо бошанд. Содда гӯем, агар мардум партобро дар ҷои муқаррраршуда партоянд, хароҷот ба маротиб камтар мешавад."

Радиои Озодӣ: Яъне бахше аз барнома ба ташвиқи эҳтироми заҳмати мардуми поккунандаи шаҳрҳо ва фарҳанги ҳифзи муҳити зист хоҳад буд?

Пол Ковенден: "Бале, як унсури барнома ба ташвиқу тарғиб тахсис дода мешавад, то мардум ахлотро дар ҷои муқарраршуда партоянд."

Радиои Озодӣ: Дар саросари олам муассисаҳои коркарди дубораи партоб фаъол мебошанд ва метавон садҳо намуд маҳсулотро хотирнишон кард, ки аз ҳисоби коркарди партоб тавлид шудаанд. Дар Душанбе ҳам ҳамин гуна барномаро дар мадди назар гирифтаед?

Пол Ковенден: "Бале. Аслан дар инсоҳа се принсип ҷой дорад: Аввалан, миқдори партобро кам кунед; Сониян, партбоҳои қобили истифодаро напартоед; ва сеюм, коркарди партобҳо.

Албатта, дар кишвари камдаромади шабеҳи Тоҷикистон бахши аввал зиёд ба кор намеравад, яъне дар миёни партобҳо чизе, ки қобили истифода бошад, зиёд нест. Ба ҳар ҳол, табақаҳои сарватманду миёна баъзан мебел, косаву табақ ва сару либоси қобили истифодаро партофта, ба ҷои нав ашёи наву замонавӣ мехаранд. Аз ин рӯ хуб аст, ки ҳамин ашё на партобгоҳ, балки ба дасти мардуми ниёзманд расад.

Дар мавриди коркарди партобҳо низ дар Тоҷикистон барномае мадди назар гирифтаем. Мо дар назди майдони партобҳо, ки онро свалка меноманд, як муассисаи соддатари коркарди партобҳоро ташкил хоҳем кард. Дар ин муассиса партобҳоро гурӯҳ ба гурӯҳ: партобҳои қобили истифода, партобҳои сохтмонӣ, партобҳои органикӣ ва шабеҳи он тақсим хоҳанд кард."

Радиои Озодӣ: Шумо аз Душанбе бо чӣ эҳсосе баргаштед?

Пол Ковенден: "Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Душанбе барои ходимони бонк таҷрибаи хуб буд. Мо дарёфтем, ки сокинони Душанбе шаҳри худро дӯст медоранду бо он ифтихор доранд. Онҳо мехоҳанд, ки шаҳри зебои худро боз ҳам зеботар кунанд. Мо ҳамчунон дарёфтем, ки раҳбарони сиёсии шаҳру кишвар, бахши ҳифзи муҳити зисти ҳукумати пойтахт ва сокинони Душанбе саъй доранд барномаи беҳбуди низоми ҷамъу коркарди партобҳо бо муваффақият иҷро шавад. Иҷрои барнома бо чунин дастгирӣ барои мо низ хушоянд аст."

XS
SM
MD
LG