Ба иттилоъи сармураббии даста Пӯлод Қодиров, ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то рӯзи 26-уми июл идома хоҳад кард, 26 нафар футболбозон даъват шудаанд. Бар асоси нақша, ду бозии санҷишии тими миллии кишвар бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва дастаи мунтахаби вилояти Хатлон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, сабқати ниҳоии Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё аз 30-вуми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «A» 30-вуми июл бо мунтахаби Туркманистон, 1-уми август бо тими Ҳиндустон ва 3-вуми август бо дастаи Афғонистон бозӣ хоҳад кард.
Ба гурӯҳи «B» дастаҳои миллии Куриёи шимолӣ, Мянмар, Непал ва Шри-Ланка шомиланд.
Аз ҳарду гурӯҳ 2-дастаӣ ба бозиҳои ниманиҳоӣ, ки 7-уми август барпо мешаванд, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 10-уми август доир мегардад.
Барандаи Ҷоми даъвати AFC-2008 ба даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2011, ки дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегирад.