Тақрибан даҳ сол қабл кишварҳои аврупоӣ дар баробари таҳримҳои иқтисодии ИМА алайҳи Эрон бетафовут буданд. Аз ҷумла, Аврупо таҳримҳои Амрико болои Эрону Либия дар соли 1996 ва идомаи онҳо баъд аз панҷ соли дигарро нодида гирифт. Ба назар мерасид, ки ширкатҳои бузурги энержии аврупоӣ, аз ҷумла, “Тотал”-и Фаронса аз таҳдиди таҳрим болои ширкатҳои амрикоӣ барои ҳамкорӣ бо Эрон хуш истиқбол мекарданд. Ва “Тотал” ҳамасола ба бахши энержии Эрон беш аз 40 миллион доллар сармоя ворид менамуд. Ва шояд аз ин рӯ изҳороти ин ширкати бузурги фаронсавӣ дар мавриди “аз ҷиҳати сиёсӣ хатарбор” будани сармоягузорӣ дар Эрон барои коршиносону мутахассисон ғайриинтизор буд. Раиси кулли “Тотал” Кристоф де Марҷерӣ гуфт, ки “феълан сармоягузорӣ ба Эрон бо хатари бузурги сиёсӣ ҳамроҳ аст” ва аз ин рӯ онҳо тарҳҳои энержии худ дар Эронро мутаваққиф месозаданд.
Моҳи гузашта ширкати маъруфи ҳоландии “Шелл” низ эълом дошт, ки барои имзои қарордодаи 10 миллиард долларии ширкат дар истихроҷи нафт дар Форси ҷанубӣ омода нест. Ҷерон Ван Дер Вир, раиси “Шелл” гуфт, ки “таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон ба онҳо барои истифода аз текнолоҷӣ ва таҷҳизоти амрикоӣ имкон намедиҳад ва аз ин рӯ барои таҳияи тарҳ ба онҳо вақти бештар зарур аст”.
Коршиносон мегӯянд, ки сарпечии ширкатҳои бузургии энержии Аврупо барои сармоягузорӣ дар Эрон бо чандин омил ва ё дақиқтараш, чандин фишор бастагӣ дорад. Барои бархе маҳдудиятҳои муқарраркардаи Конгресси ИМА дар посух ба сарпечии Теҳрон аз қатъи барномаи ҳастаияш садди роҳ мешавад – тибқи ин қарор, ҳар ширкати хориҷие, ки ба бахши энерҷии Эрон беш аз 20 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад, мавриди таҳримҳои иқтисодии Амрико қарор хоҳад гирифт. Ин маҳдудият ба вижа ширкатҳои на он қадар бузургро нигарон кардааст, ки дар қиёс аз ширкатҳои бузург, побанди бозори Амрикоянд. Намунаи ин ширкатҳо, Статойли Норвегия аст, ки дар Форси ҷанубӣ се тарҳро рӯи даст дорад.
Кэй Нилсен, як тан аз масъулини ширкат мегӯяд, Статойл зимни фаъолият дар Эрон ҳамаи чораҳоро меандешад, то ки берун аз дастурҳои амрикоӣ пой наниҳад: «Мо аз оғози кор дар соли 2002 ҳам маълумот дар бораи тарҳро дар ихтиёри мақомоти амрикоӣ мегузорем. Ва агар мақомоти Амрико хостори баррасии минбаъда ва иттилоъи бештар дар бораи фаъолияти мо шаванд, мо омодаем ин корро ҳам анҷом диҳем».
Аз сӯи дигар, ширкатҳои бузурги нафту гази аврупоӣ дар робита ба тарҳҳо дар Эрон таҳти фишори ҳукуматҳои худ қарор доранд. Канслери Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ баъди сари қудрат омадан дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон аз мавқеъи шадид кор гирифтанд. Ангела Меркел баъд аз мулоқот бо Николя Саркозӣ дар моҳи ноябри соли гузашта эълом дошт, Олмону Фаронса ҳамроҳ бо дигар кишварҳои аврупоӣ хостори коҳиши тиҷорат бо Эрон шудаанд. Аз ин тасмим сарвазири Бритониё Гордон Браун низ пуштибонӣ кард.
Аз нигоҳи коршиносон, ин ва дигар сабабҳо ба коҳиши фаъолияти ширкатҳои аврупоӣ дар тарҳҳои энержии Эрон мусоидат кардаанд ва бархеи онҳо татбиқи барномаҳояшон дар ин кишварро мутаваққиф месозанд. Ва ин ҳама, табиист, ки ба иқтисоди Эрон низ таъсири манфӣ мегузорад. Зимнан, Теҳрон ин мавзӯъро таҳти назорати ҷиддӣ дорад ва ба хотири коҳиш додани зиён ҳарчӣ бештар рӯ ба кишварҳои осиёӣ меоварад.
Ба иттилоъи Пажуҳишгоҳи ибтикороти амрикоӣ, мақараш дар Вошингтон, тайи ҳафт соли ахир ширкатҳои олмонӣ ба тарҳҳои энерҷӣ дар Эрон ба маблағи беш аз 25 милиард доллар сармоягузорӣ кардаанд. Дар ин давра ба иқтисоди Эрон беш аз 30 миллиард сармояи Фаронса ҳам ворид шудааст.