Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Foreign Policy”: феҳристи 10 раҳбари ҷавони ҷаҳон


Маҷаллаи “ForeignPolicy” (“Сиёсати хориҷӣ”) феҳристи 10 раҳбари ҷавони кишварҳои мухталифи дунёро нашр кардааст.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, Михаил Саакашвили, раисҷумҳурии Гурҷистон, ва Николя Груевский, сарвазири Мақдуния, аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.
Маҷалла менависад, ки, агар дар моҳи ноябри соли равон Барак Обама, номзад ба мақоми президентии Амрико аз Ҳизби демократ, пирӯз шавад яке аз ҷавонтарин президентони ин кишвар (дар синни 47-солагӣ) хоҳад буд. Аммо исми ӯ вориди ин феҳрист нахоҳад шуд. Зеро ҷавонтарин раҳбар дар ин феҳрист Йигме Хесар, шоҳи Бутан, аст, ки ҳамагӣ 28 сол дорад. Ӯ бахши сиёсати донишгоҳи Оксфордро хатм кардааст ва аз 2 сол пеш то кунун салтанати Бутанро ба уҳда дорад. Ба навиштаи ForeignPolicy, моҳи декабри соли 2006 шоҳи пешини Бутан риштаи ҳукуматдориро ба дасти “Шоҳзода Йигме” супурд.
Дар радифи дувуми ин феҳрист Рузевелт Скеррит, нахуствазири Ҷумҳурии Доминика, омадааст. Р. Скеррит аз соли 2004 бад-ин сӯ сарвазири кишвар аст ва фақат 36 сол дорад.
Ҷозеф Кабила, раисҷумҳури Конго бо 37 сол дар ҷои севум қарор гирифтааст, ки пас аз кушта шудани падараш дар соли 2001 ба ин мақом баргузида шуд.
Николя Груевскийи 38-сола, ки сарвазири Мақдуния буда, дар ҷои чоруми ин феҳоист аст ва танҳо соли 2006 ба сари қудрат омад. Қабл аз нахуствазирӣ, Груевский дар солҳои гуногун вазири бозаргонӣ ва дороии Мақдуния будааст. Вай соли 2003 як ҳизби сиёсиро бунёд гузошт, ки дар интихоботи порлумонии соли 2006 баранда шуд.
Дар ин феҳрист ҳамчунин аз раисҷумҳурии Того ва сарвазири Булғористон ном бурда шудаанд. Аммо Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, бо чиҳилу як сол синн дар ҷои ҳафтум қарор дорад ва аз чаҳор сол пеш бад-ин сӯ раҳбарии Гурҷистонро бар уҳда дорад. Саакашвилӣ дар натиҷаи рӯйдодҳои маъруф ба инқилоби «лолаӣ» ба ин мақом расид. М. Саакашвилӣ, ки бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Колумбиё ва Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтонро хатм кардааст, соли 1995 ба узвияти порлумони Гурҷистон пазируфта шуда ва соли 2000 вай вазири додгустарӣ таъйин шуда буд. Моҳи ноябри соли 2003, замоне ки даҳҳо ҳазор сокини Гурҷистон ба хиёбонҳо рехтанд ва интихоботи порлумониро ғайри қобили қабул хонданд, Саакашвилӣ ва ҳаводоронаш бинои порлумонро “ишғол карданд”. Эдуард Шеварднадзе, раисиҷумҳурии пешини Гурҷистон, аз мақоми худ барканор ва Саакашвилӣ дар моҳи январи соли 2004 дар синни 37-солагӣ раисҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам, ки номаш дар ин феҳрист нест ва синнаш ҳам ба 56 расидааст, дар синни чиҳилсолагияш ба сари қудрат омада буд. Ҳоло беш аз 16 сол мешавад, ки раҳбарии ин кишварро дар даст дорад ва се дафъа дар интихоботи президентии кишвар бидуни рақобати хос ба ин мақом баргузида шуд.
Дмитрий Медведев, ки се моҳ пеш ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия интихоб шуд, бо 43 сол синн дар поёни ин феҳрист қарор дорад. Маҷаллаи ForeignPolicy” мегӯяд, Д. Медведев ҷойнишини В. Путин дар ин мақом гардид. Путин ва Медведев, ки аз оғоз бо ҳам наздик буданд, соли 2000 раҳбари дастгоҳи ҳукумати Путин, баъдан раиси ширкати “Газпром”-и Русия, соли 2005 муовини аввали нахуствазири ҳукумати Путин ва саранҷом ба макоми раёсати ҷумҳурии Русия баргузида шуд.
XS
SM
MD
LG