Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Бишкек аз афзоиши созмонҳои тундрав


Мақомоти Қирғизистон аз афзоиши пайравони созмонҳои тундрави исломӣ дар ин кишвар ибрози ташвиш кардаанд.

Қонибек Осмоналиев, мудири оҷонси давлатӣ дар умури дини Қирғизистон гуфтааст, ки дар ҳамин ҳол дар қаламрави Қирғизистон беш аз ду ҳазор созмонҳои динӣ фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи оқои Осмоналиев, ҳамаи ин созмонҳо тибқи амри раиси ҷумҳур аз 14 ноябри соли 1996 сабти ном шудаанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро дар бораи озодии виҷдон ва дин муқаррар кардааст.

Ин манбаъ афзудааст, ки дар Қирғизистон 9 қозиёт, ҳашт донишгоҳи олии динӣ, 50 мадраса, 47 бунёду марокиз ва иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи Қонибек Осмоналиев, вале афзоиши теъдоди пайравони созмони тундрави «Ҳизб-ут-таҳрир» ва пахши адабиёти мӯҳтавои бунёдгароёна дар ин авохир боиси ташвиши зиёд гаштааст.

Юсур Лома, мушовири Оҷонси давлатӣ дар умури дини Қирғизистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ иброз дошт, ки тарҳи нави Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ», ки мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст, вазъиятро дар кишвар ба эътидол хоҳад овард. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи нави Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ» сабти номи мубаллиғони хориҷиро дар кишвараш шадидтар хоҳад сохт.

Мушовири оҷонси давлатӣ дар умури дини Қирғизистон гуфт, ки теъдоди мубаллиғони дин дар манотиқи кишвараш хеле афзудааст. Мавсуф гуфт, аксарияти онҳоро касе назорат намекунад. Ба гуфтаи Юсур Лома, аз ин лиҳоз зарурат пеш омадааст, ки кормандони умури интизомӣ назорати фаъолияти мубаллиғони дин, ҳамчунин созмонҳои дигари мазҳабиро бояд пурзӯр намоянд. Мавсуф таъкид кард, ки дар акси ҳол вазъияти динӣ дар Қирғизистон ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Юсур Лома мегӯяд, дар ҳоле ки тарҳи нави Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ» тартиби сабти номи созмонҳои диниро дар кишвараш ба танзим хоҳад овард, вале баъзе намояндагони созмонҳои динӣ ин тарҳи қонунро мавриди интиқод қарор додаанд.

Ба гуфтаи мушовири оҷонси давлатӣ дар умури дини Қирғизистон, гӯё тарҳи нави Қонун ҳуқуқи онҳоро поймол хоҳад кард. Ҳамсӯҳбатам ба дунболи ин тазаккур дод, ки дар аксари мадориси динии кишвараш омӯзгорони маҳаллӣ аз Покистон ва мамолики арабӣ омадаанд. Гуфта шуд, ки онҳо аз барномаи таълимии мухталиф истифода мекунанд.

Аммо як намояндаи мазҳаби протестантӣ, ки аз зикри ном ва сабти овозаш худдорӣ кард, мегӯяд, мақомоти Қирғизистон қонунҳоеро ҷорӣ мекунанд, ки фақат аз манфиатҳои ҳукумат ҳимоят менамояд. Ба гуфтаи ин манбаъ тарҳи нави Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ» фаъолияти созмонҳои динии кишварашро маҳдуд хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG